Ҳамдиёрони азиз! Ҳамаи Шуморо ба муносибати иди мубораки Қурбон табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ, файзу баракат ва рӯзгори обод орзумандам. Иди Қурбон аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросимҳои суннатии мусулмонон ба шумор меравад. Дар ин рӯз мардуми мусулмон ба хонаҳои якдигар бо дуогӯӣ ва табрикот мераванд, вобаста ба дороии худ қурбонӣ мекунанд.
Исрофкорӣ дар дини мубини Ислом маҳкум гардидааст. Аз ин рӯ, дар масъалаи қурбонӣ кардан дар рӯзи иди Қурбон ҳар кас бояд имкониятҳои худро ба назар гирад, ба тақлиди бемаънӣ ва исрофкорӣ роҳ надиҳад. Аз тарафи шахсони саховатманд ба оилаҳои камбизоат, ба ятимону барҷомондагон, бепарасторон ва маъюбон кумаки хайрия расонида мешавад. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки саховатмандони ноҳия ин амали некро дар рӯзи саид фаромӯш накарда, кумакҳои хайриявии худро ба ниёзмандон, аз ҷумла ба ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоати ноҳия мерасонанд. Қайд кардан ба маврид аст,ки дар арафаи иди Қурбон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманд зиёда аз сад оилаҳои ниёзманд кумакҳои моддӣ расонида шуданд.
Моро зарур аст, ки суннатҳои гузаштагони худро ба ҷо оварда, даст ба хайр кушоем ва таълиму тарбияи фарҳанги миллии худро дуруст ба роҳ монда, фарзандони худро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Чунон ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон бо аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ қайд намуданд, дини мубини ислом мардумро ба ваҳдату иттифоқ даъват карда, тафриқаву низоъро мазаммат менамояд. Худованди муттаъол дар Қуръони карим шахсони тафриқаандозро маҳкум намуда, Паёмбари худ ва уммати исломро барои дурӣ ҷустан аз онҳо ҳидоят менамояд.
Дар ҳақиқат, бузургтарин дастоварди миллату давлати мо, ки албатта, сазовору арзандаи ҳама гуна шукргузорӣ ва қадршиносист, истиқлолияту соҳибихтиёрӣ мебошад. Зеро маҳз ба туфайли он халқи Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки Ватани хешро бо дасти худ ва бо заҳмати софдилонаи хеш обод гардонад ва мо аллакай 28- солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамонро сазовор ҷашн гирифтаистодаем. Таърихан давлати Тоҷикистон ба маросими Ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом эҳтиром мегузорад ва ба ин масъала эҳтироми хоса медиҳад, вале риояи талабот ва ҳикмати он, ки тавассути меъёрҳои шаръӣ муқаррар ва муайян шудаанд, шарт ва зарур аст.
Ин амал ба касоне воҷиб аст, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро доранд, гуфта мешавад дар ояти 97 сураи Оли Имрон. Барои анҷом додани фаризаи ҳаҷ имсол дар арафаи иди Қурбон аз ноҳия 13 нафар, ҳамдиёрони мо, аз ҷумла 6 нафар зан бо нияти адои маросими ҳаҷ ба Маккаи Мукаррамаю Мадинаи Мунаввара рафтанд. Дар давоми 6 соли охир аз ноҳия 107 нафар ин аркони исломиро адо намудаанд. Агар шахсони сарватманд ба ҷои худнамоиву зоҳирпарастӣ ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва шахсони муҳтоҷу дармонда дасти ёрӣ дароз кунанд, ба деҳа ё кӯчае об баранд, бинои мактаб ё синфхона созанд ва роҳеро обод кунанд, савобу аҷри бештар хоҳанд гирифт. Аз ин рӯ, ҳар яки мо ҳамчун пайравони дину мубини ислом бояд дар ин рӯзи саид бо андешаву нияти нек барои Ватани маҳбубамон- Тоҷикистон, сулҳу суббот, амнияту ободӣ, рушди устувор ва барои мардуми он хушҳоливу хушбахтӣ ва зиндагии орому осударо сидқан орзу намоем. Бори дигар иди Қурбонро ба ҳамаатон табрик гуфта , ба Шумо ва дар шахси Шумо ба аҳли оилаатон тандурустиву комёбиҳо ва иқболи баландро таманно дорам. Идатон муборак,ҳамдиёрони азиз!