Инак, Соли нави мелодии 2020 фаро расида истодааст. Соли 2019 бо ҳама бурду бохт моро падруд мегӯяд. Акнун соли нави меомадаистодаро мо бо хурсандиву дилгармӣ ва неруи тоза истиқбол мегирем. Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо ба муносибати фаро расидани Соли нави мелодии 2020 самимона табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатию хонаободӣ, рӯзгори осудаву зиндагии пурфайз ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунам. Соли кӯҳан дар бисёр соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд.

   Иқтидори истеҳсолии мамлакат нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфта, самараи иқтисодиёти миллӣ зиёд гардид ва нишондиҳандаи сифатии он беҳтар шуданд. Дар давоми ин сол мардуми тоҷик зери парчами Ваҳдати миллӣ дар аксари соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешравиҳои тоза ноил гашта, аз ҷумла кушодашавии чархи дуюми НБО-и «Роғун» дар замири мардуми эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва рӯҳияи созандагию хушбинӣ ба ояндаи нек густариши бештар пайдо кард.

 

Соле, ки сипарӣ шуд, барои сокинони ноҳияи мо соли бобарору пур аз комёбиҳо буд ва хушиҳои зиёде ба бор овард. Дар соли 2019 сафари кори Пешвои муаззами миллат ба ноҳия ва кушодашавии якчанд иншоотҳои замонавӣ ҳусни ноҳияро зиннат бахшиданд.

 

 

 

 

   Аз ғамхориҳо ва дастуру ҳидоятҳои доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми ноҳия рӯҳу илҳоми тоза    гирифта, барои рушду нумӯи диёри хеш ва Тоҷикистони соҳибистиқлол азму талошҳои зиёде намуда, ба бисёр комёбиҳои назаррас муваффақ гардиданд.[....]

 

 

 

 

 

 

   Дар ҳудуди ноҳия корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифта, сокинони ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ободу зебо гардонидани маҳалли зисти худ ва баланд бардоштани дараҷаи некуаҳволии хеш машғуланд. Дар давоми ин сол мардуми ноҳия дар қатори сокинони дигар минтақаҳои ҷумҳурии азизамон зери парчами Ваҳдати миллӣ 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22-солагии ҷашни Ваҳдати миллӣ, кушодашавии агрегати дуюми НБО-и “Роғун”, 25 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои миллиро таҷлил намуда, дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт. Муҳимтар аз ҳама мардум аҳамият ва зарурати ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ, ҳисси худогоҳиву худшиносӣ, эҳсоси гарми ватанпарастӣ ва ифтихори миллиро ба хубӣ дарк намуданд. Моро зарур аст, ки барои гулгулшукуфии Ватан нақши арзанда гузошта, баҳри ободиву зебоии фардои кишвар ҳамеша ҷаҳду талош намоем.

 

    

   Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо, пеш аз ҳама устувор намудани пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, бонангу номус, эҷодкор, инчунин номбардорони миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон бошанд. Мо шукронаи он мекунем, ки соли навро дар фазои сулҳу суботи комил, Ваҳдати миллӣ, рӯҳияи созандагӣ ва шодмонию руҳбаландӣ, бо орзуву ниятҳои нек пешвоз мегирем. Ба нерӯи созандагӣ, фарҳангу хиради азалӣ, қудрати тамаддунофарӣ ва азму иродаи миллати куҳанбунёдамон такя карда, бо роҳи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи фаъоли шаҳрвандӣ, пайваста пеш меравем. Дар ин лаҳзаҳои пурнишот орзу дорем, ки Соли нав барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мардуми бонангу номуси он соли пурфайзу баракат, осудагӣ ва иқболи баланд гардад. Бори дигар фарорасии соли навро барои ҳар кадоми Шумо, ҳамдиёрони азиз, муборакбод гуфта, ба ҳамаатон саломатӣ, хушбахтӣ, кушоиши кор ва саодати рӯзгор орзумандам. Бигузор Соли нав барои ҳамаи мо соли фатҳу кушоишҳои тоза, соли бофайзу баракат ва соли қадамҳои устувор ба сӯйи рушди ҳарчи бештари кишвари соҳибистиқлоламон гардад! Соли нави мелодӣ муборак!