Омӯзгорони муҳтарам! Ҳозирини гиромӣ! Мо дар арафаи соли таҳсили 2019-2020, ки ба ҷашни бузурги таърихии миллати тоҷик, 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст, қарор дорем. Бинобар ин Шуморо бо фарорасии соли нави таҳсил ва ҷашни миллӣ табрик гуфта, ба ҳамаатон тансиҳатӣ, бурдборӣ ва дар роҳи расидан ба қуллаҳои баланди дониш комёбиҳои беназир орзу менамоям. Дар сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон соҳаи маориф яке аз соҳаҳои асосӣ боқӣ мемонад ва Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон барои пешравии он аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад.
Таваҷҷӯҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва хусусан омўзгорон сол то сол зиёд шуда истодааст. Сарвари давлат дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо таъқид менамояд, ки: «Омўзгор дар меҳвари соҳаи маориф қарор дорад ва сатҳу сифати дониши шогирдон ва тарбияи шоистаи онҳо маҳз ба донишу таҷриба, малакаву маҳорати касбӣ, усули таълим ва дигар паҳлуҳои фаъолияти шахсии омўзгор вобастагии зич дорад».
Бинобар ин омӯзгоронро лозим аст, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ҷиддӣ машғул шуда, дар тарбияи дурусти хонандагон, баҳравар гардонидани онҳо аз илмҳои муосир ва технологияи навин саҳми худро гузоранд. Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифи ноҳия ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Бо мақсади ба таҳсил пурра фаро гирифтани хонандагон ҳамасола вобаста ба имкониятҳо муассисаҳои таҳсилоти асосиро ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиро ба муассисаҳои таҳсилоти асосӣ табдил дода истодаем. Соли ҷорӣ барои таъмири муассисаҳои таълимӣ 950 ҳазору 115 сомонӣ ҷудо гардида дар доираи ин маблағҳо муассисаҳои таълимӣ таъмир карда шудаанд.
Имсол дар назди муассисаҳои таълимии №№12, 13, 16, 18, 20, 26, 56 понздаҳ синфхонаҳои иловагӣ ва хобгоҳ барои духтарон дар интернати наздимактабии деҳаи Лоҷург сохта то саршавии соли нави хониш ба истифода дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 312 адад компютер, 111 принтер, 76 нотбук 16 тахтаи электронӣ, 21 проектор мавҷуд аст. Бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2010, №223 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия кабинетҳои таълимии компютерӣ ва кабинетҳои фаннии география ташкил карда шуданд. Барои таъмини иҷрои қарори мазкур дар буҷаи муассисаҳои таълимӣ имсол 461 ҳазору 160 сомонӣ ҷудо гардидааст ва бо истифода аз ин маблағҳо то охири соли ҷорӣ дар як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия кабинетҳои фаннии химия, суруду мусиқӣ ва математика ташкил карда мешаванд. Барномаи бо квотаи Президентӣ сафарбар намудани ҷавондухтарон ва ҷавонписарони лаёқатманд ба донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таҳсилоти ҷавонон, хусусан ҷавонони лаёқатманд диққати махсус медиҳанд.
Соли 2019 10 нафар духтарон ва 10 нафар писарон тариқи квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии ҷумҳурӣ дохил шуданд. Ғайр аз ин ҳангоми сафари корӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия боз 32 ҷои иловагӣ тариқи квотаи Президенти ба донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ҷудо гардидааст. Омӯзгорони муҳтарам! Фармону супоришҳои Сарвари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар як омӯзгор талаб мекунад, ки насли наврасро, ки ояндасози ватану миллатанд, барои расидан ба қуллаҳои баланди илмҳои муосир ҳидоят намоянд. Ҳозирини гиромӣ! Омӯзгорони муҳтарам Бори дигар фарорасии соли нави таҳсили 2019-2020-ро ба ҳамаи Шумо муборакбод гуфта, ба Шумо дар таълиму тарбияи насли наврас комёбиҳои беназир таманно менамоям. Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам. - масъалаи баланд бардоштани сатҳи сифати хонандагон бо роҳи ташкили дарсҳои иловагӣ; - истифодаи самараноки маблағҳо дар муассисаҳои таълимӣ; - назорати дохилимактабиро хуб ба роҳ мондан; - ҷалби омӯзгорон ба курсҳои такмили ихтисос ва таҷрибаивазкунӣ; - ба тартиб даровардани атроф ва биноҳои муассисаҳои таълимӣ;