Ҳозирини гиромӣ! Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Наврӯз ва Сада иди Меҳргон таърихи чандҳазорсола дорад. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дўстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Аз ҷумла, муаллифи «Шоҳнома»-и безавол Абулқосим Фирдавсӣ пайдоиши ин ҷашнвораҳоро ба замони салтанати Ҷамшеду Фаридун мансуб медонад. Вале ба таври мушаххас таҷлили иди Меҳргон аз давраи ҳукмронии Сосониён ба ҳукми анъана даромада, бисёр бошукӯҳ ва ботантана мегузашт.
Ин ҷашн дар замони салтанати Сомониён ба авҷи баланд расид. Баргузории Меҳргон ба иди Наврӯз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро пӯшида, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ҳамин рўзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд.
Мувофиқи достонҳои қадима гўё Фаридун дар ин рўз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ўро дар кўҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рўз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, тўҳфаҳо тақдим мена¬муданд. Панҷ рўзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кўчак меномиданд, рўзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки Меҳргони бузург меномиданд. Гузаштагони бофарҳангамон санаи 15-уми Меҳрмоҳро Рӯзи Меҳр меномиданд ва одатан ҷашни Меҳргон дар ҳамин рӯз таҷлил мешуд. Меҳргон иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Дар мавсими ҷамъоварии ҳосили меҳнати марди деҳқон фаро расидани иди Меҳргон басо рамзӣ буда, ҳамчун иди касбии кишоварзон ба ҳукми анъана даромадани таҷлили расмии ҷашнвораи мазкур далели он аст, ки миллати куҳанбунёди мо дар партави сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арзишҳои гузаштаи фарҳангии хеш рӯ овардааст ва эҳёи онҳоро вазифаи бошарафи худ медонад. Ҷашнгирии иди касбии коркунони соҳаи кишоварзӣ ва Меҳргон, ки бо шарофати Истиқлолият умри дубора пайдо намудааст, тибқи Қарори ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 таҳти № 538 дар тамоми гӯшаю канори кишварамон якшанбеи сеюии моҳи октябр ҷашн гирифта мешавад. Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати тоза таҷлил мегардад. Боиси хурсандист, ки кишоварзони ноҳия имсол низ ҷашни расмии Меҳргонро бо дастовардҳои ҷолиби меҳнатӣ пешвоз мегиранд. Кишоварзони ноҳия дар соли ҷорӣ 5 ҳазору 571 тонна ѓалладонагї, 1 ҳазору 654 тонна сабзавот ва 18 ҳазору 606 тонна картошка истењсол намудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2018 мутаносибан 374 тонна ғалладонагӣ, 141 тонна сабзавот ва 991 тонна картошка зиёд мебошад.
Хоҷагидорони ноҳия соли 2019 аз ҳар гектар кишти картошка 231,4 сентнерӣ ҳосил ба даст овардаанд. Ҳозирини гиромӣ! Шумо ва кулли сокинони ноҳияро ба иди Меҳргон табрику муборакбод гуфта, бароятон барору комёбиҳо таманно дорам. Саломату сарбаланд бошед! Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда,гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишуниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварииҳосили рўёндаи деҳқон, иди фаровонӣ,шодию нишот, дўстию рафоқат,ваҳдатуягонагӣ ва меҳру садоқат аст. Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маълумотномаи «Меҳргон» аз сарчашмаҳои гуногуни дохилию хориҷӣ ҷамъоварӣ шуда, роҳи тайи ҳазорҳо сол паймудаи халқи мо дар арсаи таърих, тамаддун бо омехтаи ривоятҳо, афсонаҳо ва эҷодиёти шифоҳии мардум аст. Бисёр маълумот ва номҳое, ки бо онҳо рў ба рў мешавед, ҳанўз дар забони падару бобоёни мо зинда аст. Вале санги маҳак ва назму тартиби ин суннату анъанаҳои ойини куҳани мардуми Эронзаминро Маздаясно ба вуҷуд меоварад. «Авасто» – китоби ойини Маздаясно дар баробари Ведоҳои ҳиндуён – осори қадимтарини таърихӣ ва мадании на танҳо ҳамаи халқҳои ҳиндуаврупоӣ, балки саросари ҷаҳон мебошад.
Мардуми бостонии тоҷик ифтихор мекунад, ки гузаштагони мутамаддини он ҳамчун қабилаҳои ориёӣ – дар тадвини чунин мероси гаронбаҳо ҳиссаи барозандае гузоштаанд. Таҳқиқ ва омўзиши ин мероси гаронбаҳои даврони куҳан, ки пешиниёни халқи мо ба вуҷуд овардаанд, на танҳо ба саҳифаҳои норавшани таъриху тамаддуни гузашта равшанӣ меандозад, балки халқҳои муосирро, ки дар Осиё ва Урупои кунунӣ зиндагӣ мекунанд, наздик ва хешовандии онҳоро эҳё месозад. Забони тоҷикӣ сарфи назар аз дигаргуниҳои фаровон то кунун иртиботи худро аз забони авастоӣ ва паҳлавӣ нагусастааст. Имрўз мо дар забони худ ба бисёр калимаҳо бармехўрем, ки дар асли хеш боқӣ монда ё тафовути ночизе пайдо кардаанд.
Халқи тоҷик яке аз ворисони бевоситаи тамаддуни пурҷилои авастоӣ ва паҳлавӣ мебошад. Омўзиш, таҳқиқ ва тадриси мероси пурбаҳои ниёгон дарёи тамаддуни пурарзишу овозадори даврони гузаштаро бо тамаддуни муосир сарозер менамояд. Бо чопи ин маълумотнома сифатҳо ва ахлоқҳое, ки ниёгони моро бузург ва хоки ононро обод медошт, бори дигар пешорўи мо қарор мегиранд. Ин ҷашнҳо шаҳодат аз он медиҳанд, ки мардуми форсинажод қавми далеру ҷавонмард ва соҳиби ҷоҳу ҷалол аст, дар ниҳоди эшон барои аҷзу лоба, гиряву зорӣ, заъф, фақру беэътиноӣ ба дунё ҷое вуҷуд надорад. Эҳёи ифтихороти миллӣ ва ба вуҷуд овардани шароити мусоид ҷиҳати ташаккули он вазифаи муҳими имрўзиён аст. Ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дўстию рафоқати одамон ба якдигар, наккорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёкони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд. Ин ҷашн рўзи 16- и меҳр, ки онро рўзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад. Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст.
Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар оғози фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ҳамин рўзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мувофиқи достонҳои қадима гўё Фаридун дар ин рўз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ўро дар кўҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рўз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, тўҳфаҳо тақдим мена-муданд. Панҷ рўзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кўчак меномиданд, рўзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки Меҳргони бузург меномиданд. Дар давраи Сосониён ҷашни Меҳргон бисёр бошукўҳ ва ботантана мегузашт. Ҷашнгирии Меҳргон ба иди Наврўз хеле монандӣ дорад. Мардум хонаю дарашонро тоза мекарданд, беҳтарин либосашонро мепўшиданд, худро зебо намуда, ба идгоҳҳо мерафтанд. Умуман, дар ин рўз ҳама ба якдигар меҳрубониҳои зиёд мекарданд. Баъди Инқилоби Октябр дар байни деҳқонони Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, анъанаҳои нав, ба мисли иди ҳосилот пайдо шуда буданд. Ба ҷашни Меҳргон истиқлолият умри дубора бахшид. Таҷлили иди Меҳргон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон аз 5-уми августи соли2009 таҳти рақами 538, дар тамоми гўшаю канори кишварамон бо шукўҳу шаҳомат ба роҳ монда шудааст. Ба истиқболи ин рўзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои сегонаи машҳуру маъруфи мардуми тоҷику форс мебошад ва пайдоишу такомул ва таҳаввули минбаъдааш асосан бо шуғли кишоварзӣ ва рўзгори аҳли фарҳангу гоҳшуморӣ марбут аст, бо дастури Асосугзори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ин иди бостонӣ ҳар сол рўзи 8 октябр чун иди миллии давлатӣ бо шукўҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рўзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рўзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд. Мувофиқи ойини гузашта¬гонамон, дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рӣ, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст, Абуабдуллоҳи Рўдакӣ дар мавриди ҷашни Меҳргон гуфтааст: Малико, ҷашни Меҳргон омад, Ҷашни шоҳону хусравон омад. Манучеҳри Домғонӣ бошад, мефармояд: Омад хуҷаста Меҳргон, ҷашни бузурги хусравон, Пурфайз бод хони Шумо, аз нуру нору арғавон… Аз нигоришу тасифҳои аҳли илму адаб ва ривоятҳои бостонӣ бармеояд, ки Меҳргон ҷашнест табиӣ. Айёмест, ки ба табиат, ба салтанат ва рўзгори мардум иртибот дорад. Ба истиқболи ин рўзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти давлати тоҷикон саҳми арзанда мегузоранд.