Ҳозирини гиромӣ!

                 Ҳамдиёрони азиз!

         Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дар радифи ҷашнҳои Меҳргон ва Сада Наврӯз таърихи чандҳазорсола дорад. Наврӯз дарвоқеъ яке аз   куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ мебошад. Таҷлили Наврӯз аз қадимтарин замонҳо то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳувияти қавмҳои ориёӣ, аз ҷумла   тоҷикон ба ҳисоб меравад. Далели асосии умри тӯлонӣ доштани Наврӯз табиӣ будани он аст. Зеро маҳз дар арафаи Наврӯз табиат эҳё шуда, замин   қабои сабз ба бар менамояд, марди деҳқон ба кишти баҳорӣ оғоз мекунад ва бо умеду нияти ба даст овардани ҳосили фаровон ба замин дона кишт   мекунад.

    Дигар ин ки, Наврӯз айёми тавозуни байни табиат ва инсон буда, баробари дигаргунии куллӣ дар табиат рӯҳи инсонро низ ба куллӣ тағйир медиҳад   ва ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод раҳнамун месозад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба шахсоне, ки дар корҳои ободонӣ ва баргузории   чорабинии Наврӯзӣ саҳм гузоштаанд изҳори сипосу минатдории худро баён менамоям. Хурду бузурги мардуми заҳматкашу сарбаланди ноҳия ва ҳамаи   шумо ҳозирини арҷмандро ба ифтихори Наврӯзи фархундаву оламафрӯз – ҷашни бедории табиат ва инсон самимона табрик мегӯям, ба Шумо   саодатмандӣ, иқболи нек, ҳаёти пур аз муҳаббати бепоёну илҳомбахш ва тамоми хушиҳои дунёро таманно дорам.

   

       Ҳозирини гиромӣ! Наврӯз иди бостонӣ ва анъанавии тоҷикон ва тамоми халқҳои ориёӣ ба ҳисоб меравад, ки таърихи беш аз 6-ҳазор сол дорад. Он ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ, яъне 1-уми фарвардин ё худ 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ҷойҳо «Иди сари сол» ва «Иди соли нав» низ меноманд. Баъдтар Наврӯз дар байни дигар халқҳои ғайриэронӣ, аз он ҷумла мардуми туркнажод низ Наврӯз ҳамчун «Иди соли нав» қабул гардидааст. Мардум аз қадимулайём ба пешвози Наврӯз тайёрӣ медиданд, хонаҳоро рӯбучин карда, тоза нигоҳ медоштанд ва оро медоданд. 25 рӯз пеш аз Наврӯз дар зарфҳои махсус гандум сабзонда, дар рӯи дастурхон мегузоштанд ва омади кишти деҳқониро аз рӯи ҳолату, сабзиши онҳо пешбинӣ менамуданд.

    Мардуми тоҷик Наврӯзро на фақат бо хондани шеър ва сароидани таронаи идона ҷашн мегиранд, балки бо гузоштани анвои гуногуни мева, сабза, тасвири ҷонварон ва ашёҳои рангоранг, ки ҳар кадом рамзе аз ойини наврӯзӣ ҳаст, хонаю дастархон ва маҳалли ҷашни худро ороста мекунанд. Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардида, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 аз тарафи СММ ба Иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ дода шуд. Аз ин рӯ, таҷлили ин ид дар сатҳи байналмилалӣ миллатҳои ҷаҳонро бо ҳам қарин мегардонад.

          

    Дар фазои софу беғубор ва сулҳпарвари сарзамини кӯҳанбунёд ва муҳити созандаю бунёдгари мо накҳати яке аз қадимтарин ва зеботарин ҷашни аҷдодонамон – Наврӯзи хуҷастапай танинандоз асту ба машом мерасад. Аз шарофати Наврӯз қалби пиру барноро эҳсоси гуворою фараҳбахши наврӯзӣ фаро мегирад. Ба истиқболи Наврӯзи оламафрӯз дар гӯшаву канори Тоҷикистон чун арзи эҳтиром ба анъанаҳои миллии ниёгон дастархони идонаи наврӯзӣ меороянд ва мардум аз файзу баракати рӯзгор шукргузорӣ менамоянд. Акнун ин ҷашни фархундаро дар тамоми ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мекунанд. Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат аст. Ин иди бузург аз давраи Ҷамшеду Каюмарс то ин замон чандин марҳилаҳои вазнини таърихиро тай намуда, аз чанги душманону бадхоҳон раҳо ёфта, то ба замони имрӯзи мо расидааст. Наврӯз ин оғози рӯзу моҳу соли нав аст. Наврӯзе, ки ободӣ мехоҳад, Наврӯзе, ки дӯстӣ мехоҳад, Наврӯзе, ки сарсабзӣ меорад имрӯзҳо ҷаҳонӣ шудааст. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон ҳамасола дар таърихи 21-24-уми март дар саросари кишвар ин ҷашни бошукўҳ бо тамоми расму оинҳояш таҷлил карда мешавад.{....}

    Боиси ифтихору сарфарозист, ки Ватани аслии Наврӯз сарзамини тоҷикон буда, номи ширин ва гуворояш низ лафзи тоҷикист ва бо ҳамин ном, яъне Наврӯз ба иди бисёр халқҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Наврӯз идест, ки бо олами ҳастӣ, бо табиат ва обу хоки он пайвастагии зич дорад. Мардум барои гиромидошти ин муқаддасот асрҳо Наврӯзро бо тантана ҷашн мегиранд. Идҳои мардумию умумихалқӣ, ки барои ҳар як фарди худогоҳу соҳибфарҳанг ва ватанпарвару миллатдӯст азизанд, иди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иди Наврӯз мебошанд. Дар Наврӯз одамон ба ободкориҳо ва сафедсозии деворҳои хонаaшон даст мезананд, аз ҳолу аҳволи беморон хабар мегиранд, дар гузашта агар нисбат ба якдигар ягон кинаю ҳасад доштанд, бахшоиш мекунанд, зарфҳои шикастаро мепартоянд ва дигар маросимҳои Наврӯзиро тантанавор мегузаронанд. Ҳамаи ин суннатҳои Наврӯзӣ аз ниёгон ба мо омада расидааст. Дастархони Наврӯзӣ асосан аз «Ҳафтсин»-у «Ҳафтшин» иборат буда, инчунин бо хӯрокҳои хубу дилнишини Наврӯзӣ оро дода мешавад. Дар ин рӯз бисёре аз мардумон ба тамошои дашту саҳрои гулпӯши Ватани азизамон мебароянд ва аз ҳавои софу беғубор нафас мегиранд. Воқеан Наврӯз ва баҳор ин айёми шукуфоист, ба куҷое нанигарем, ҳама гулпӯшу гулрез аст.

       Дар арафаи Наврӯз шахси калонсоли деҳа ва мӯйсафеди рӯзгордида ба деҳқонон дуои нек дода, ба кишту кори баҳорӣ оғоз мебахшад. Аз зебоиҳои баҳор ва Наврӯзи Аҷам шоирон, нависандагон, эҷодкорон ба илҳом омада, баҳору Наврӯзро дар шеъру сухан тасвир мекунанд. Ҳозирини гиромӣ! Бори дигар ҳамаи Шуморо ба муносибати Наврӯзи дилафрӯз аз самими қалб табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ, бахту саодат, хонаи ободу дастархони пурфайз ва сари баланду барори кор орзумандам. Бигузор ҳар рӯзи Шумо мисли Иди Наврӯзи байналмилалӣ саршори шодию нишот ва орзуҳои наҷиб бошад.

Иди Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!