Модарону хоҳарони азиз!     

    Иди фархундаю фараҳбахши Модарон ба оғози фасли зебои баҳор, яъне фасли шукуфоии табиат, ба оғози фасли умеду орзуҳои неки инсоният рост меояд.

    Зан ҳам монанди баҳор сарчашмаи зиндагист ва оташи меҳри зан дидаҳоро нуру дилҳоро сурур ва манзилҳоро равшанӣ мебахшад. Бо камоли эҳтирому самимият ҳамаи Шумо – модарону хоҳарони азизро ба ифтихори Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон тансиҳативу бахту иқболи нек, саодату сарбаландӣ ва барори кору баракати рӯзгорро таманно дорам.

         Модарону хоҳарони азиз!Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон     баён     намудаанд: «Мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату   эҳтироми модар то   ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии тоҷикон ба шумор меравад». Сарвари давлат фаъолияти гунонгунҷабҳаи бонувонро   бисёрбарҷаста зикр намуданд:   «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, олими   нуқтасанҷ, сарвари муваффақ, соҳибкори   саховатпеша, табиби ҳозиқ, донишманди асил, ҳимоягари ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, деҳқони асил   бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

       

 

 

    

    Ин гувоҳи таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат ба зан ва баланд бардоштани мақоми ӯ дар ҷомеа мебошад. Зани тоҷик дар ҳама давру замон ҳамқадами мардон буда, дар кулли бурду бохтҳо, муборизаҳо баҳри озодию Истиқлоли Ватан ҳамнафаси мардон буд ва мебошад. Зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфон буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз рост омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст.

     Модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Беҳтарин орзу ва таманниёте, ки инсонҳо дар замирашон мепарваранд, ин арзи эҳтиром ба шахсияти Зан - Модар аст. Зан тавлидгару мураббии инсон ва устоди беназири фарзанд аст. Нахустин мактаби инсон-мактаби модар мебошад, ки ҳамаи мо таҳти парасторӣ ва навозиши ӯ ба камол расида, сабақи одамият омӯхтаем. Аввалин шеъри олам низ аллаи модар аст. Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат, панду ахлоқ ва ҳидоятгари роҳи дурусти зиндагӣ буда, барои ҳар шахси дилогоҳ як рукни имон аст. Аз ин рӯ, дар тамоми давру замонҳо Зан-Модар офаранда, тарбиятдиҳанда ва нодиртарин гавҳари ҳастӣ буда, қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозиши гарми модар моро ба оламу одам ошно сохтааст. Заҳмати шабонарӯзӣ, бедорхобӣ, пурбардории ӯ танҳо ба худаш хос аст.

      Модарону хоҳарони гиромӣ! Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба   мақоми зан дар ҷомеа аҳамияти хоса дода қайд намудаанд: «Таҷрибаи таърихӣ собит намудааст, ки дар хонадони солим фарзандони солим ба воя   мерасанд. Маърифати фарзандон, рафтору одоб ва ахлоқи ҳамида пеш аз ҳама аз оила, аз падару модар вобаста аст. Мо вақте ба ҷомеаи шаҳрвандӣ ва   таҳаввулоти маънавӣ расида метавонем, ки асоси ҷомеаро шахсиятҳои соҳибназар ва дорои нерӯи ақлонӣ фаро гиранд. Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ   наметавонем муҳаббати беҳтар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронтарин   сарвати ҳар як халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад».

     Ҳоло занони ноҳия барои рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти халқ баробари мардон кору фаъолият менамоянд. Онҳо душвориҳои давраи гузаришро     пасисар карда, аз дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ифтихор доранд. Мавриди зикр аст, ки ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 12 нафар   бонувон аз ҷониби мардум пазируфта шудаанд. Вакилони ҷамоатҳои деҳот бошанд, аз ҳисоби бонувон 18 нафарро ташкил медиҳанд.

   Дар ноҳия 154 нафар занон ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия 117 нафар бонувон баҳри ҳифзи саломатии мардум камари ҳиммат баста, ки аз ин шумора 8 нафари онҳо дорои таҳсилоти олӣ мебошанд. Шумораи роҳбарони хочагиҳои дехқонӣ аз ҳисоби занон 29 нафарро ташкил дода, 79 нафар бонувон ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна машғуланд. Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Рӯзи модар» 30 нафар модарони серфарзанд ва собиқадор, бо маводи ғизоӣ, 25 нафар модароне, ки фарзандонашон ихтиёран ба даъвати баҳории имсола номнавис гардидаанд, 4 нафар модароне, ки зиёда аз се фарзандашон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳури адои хизмат карданд, 30 нафар духтарони мактаб-интернати ҷумҳурявӣ, зиёда аз 400 нафар модарону хоҳарон бо туҳфаҳои идона аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонида шудаанд.

 

    Бонувон ва хоҳарони меҳрубон! Шумо, ки мураббии ҳаёт ва шоҳсутуни зиндагӣ ҳастед, бо панду насиҳат ва меҳри модарона метавонед фарзандонро бо роҳи росту дуруст ҳидоят намоед. Модарон баробари рисолати бузурги инсонӣ боз вазифаи муқаддаси тарбияи фарзанди солим, соҳибмаърифат, боодобу некахлоқ ва дорои маънавиёти баландро бар дӯш доранд. Шумо, модарону занон, пайвандгари наслҳову замонҳо, имрӯзу фардои ҷамъият ва ҳусни зеботарин саҳифаи китоби зиндагӣ ҳастед. Боварии комил дорем, ки занони ноҳия барои пойдории хонадон, тарбияи фарзандони соҳибмаърифат, бонангу номус ва ободии диёр нерӯю ғайрати худро дареғ намедоранд.

    Аз фурсати муносиб истифода бурда, занону духтарони ноҳияро даъват мекунам, ки пайваста маърифати шаҳрвандиву ҳуқуқии хешро боло бардошта, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок намоянд. Бо умеди ояндаи зебо пойдории оила ва зиндагии осудаҳолонаи ҳамаи сокинони ноҳия, Шуморо, модарону хоҳарони азиз, ки воқеан сарчашмаи тамоми фазилатҳои инсонӣ ва хуррамиҳои ҳаёт ҳастед, бори дигар бо иди фархунда – Рӯзи Модар муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, хонаободиву некрӯзӣ, саодату сарбаландӣ ва тамоми хушиҳои рӯзгорро орзумандам.

Идатон, муборак, модарону хоҳарони

гиромиқадр!