Шуморо ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2019-2020 самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаатон саломатии бардавом, дар кори таълиму тарбия комёбиҳои беназир ва ба хонандагони азиз хониши хубу аъло орзу менамоям.        Оғози соли нави таҳсили имсола  ба ҷашни бошукӯҳи 28-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд.         Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромадҳои худ ба соҳаи маориф диққати махсус зоҳир менамоянд ва зикр менамоянд, ки баландравии тамаддуни мардум ба пешрафти соҳаи маориф вобаста аст.

Рушди соҳаи маориф кафолати боэътимоди пешрафт ва ояндаи дурахшони ҳар як давлат маҳсуб меёбад. Солҳои охир аксари муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ба миёна табдил дода шуданд, ки мақсад аз ин иқдом пурра ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакони деҳаҳои дурдаст мебошад.

           Баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар  муассисаҳои соҳаи маориф  тақозои замон  аст.  Мо вазифадорем, ки хонандагонро бо илмҳои замони муосир баҳравар гардонем. Барои ноил гардидан ба ин мақсад  омӯзгоронро зарур аст, ки баҳри таълиму тарбияи хонандагон масъулияти бештар ҳис  кунанд. Набояд фаромӯш кард, ки тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа  мебошад. Вазифаи имрӯзаи омӯзгорон таблиғи тарзи ҳаёти солим, беҳбудии таълиму тарбия, пешгирии нашъамандию  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона ва дорои хислатҳои хуби инсонӣ тарбия намудани хонандагон аст.     

     Шумо, хонандагони азизро, ки ояндаи миллатед, лозим аст, ки  аз гузаштаи пурарзиши миллати хеш  дарси ибрат бигиред ва Ватани худро самимона дӯст дошта, ҳар чи бештар ба омӯхтани илму дониш машғул шавед. Масъулияти Ватану ватандорӣ аз ҳар яки мову шумо меҳнати софдилона, садоқати фарзандӣ, заҳмати бунёдкоронаву талошҳои созанда, масъулияти бузургу азму иродаи қавӣ, ифтихори милливу маърифати баланд ва ниҳоят дасту дили тозаву нияти некро тақозо мекунад. Бояд зикр намуд, ки солҳои охир дар соҳаи маориф дигаргуниҳо ва пешравиҳои зиёд ба назар мерасанд. Ҳамаи дастовардҳое, ки мо дар ин самт ноил гардидем, аз файзу баракати Истиқлолияти кишвари азизамон мебошанд. Вале дар шароити ҳозираи пешрафти босуръати илму техника ва технологияи навин ин муваффақиятҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Мо бояд насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, худшиносӣ ва худогоҳии  миллӣ тарбия намуда, онҳоро бештар ба донишандӯзӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ, илму техникаи муосир ва дигар  касбу ҳунарҳо  раҳнамоӣ намоем.  

        Дар таълиму тарбияи фарзанд нақши падару модар басо бузург аст. Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»   волидонро вазифадор  менамояд, ки ба таълиму тарбияи фарзандон диққати доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоянд,  робитаро бо муассисаҳои таълимӣ мустаҳкам намуда, ба пешравии кори таълиму тарбия мусоидат намоянд.       Омӯзгорони муҳтарам!        Хонандагони азиз! Бори дигар ҳамаи Шуморо бо  соли таҳсили нав  муборакбод  гуфта, ба шумо тансиҳатӣ ва  барору муваффақиятҳо хоҳонам.    Соли нави таҳсил муборак, омӯзгорон ва   хонандагони азиз!