Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид менамоянд: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккулу тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.» Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст.

Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ тамоми мардуми шарифи ноҳияро самимона табрик ва муборакбод намуда, ба ҳар як хонадон саломативу сарбаландӣ, сулҳу сафо, хушбахтӣ ва осоишу рӯзгори обод орзу менамоям. Истиқлолият барои мардуми кӯҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту нуҳ соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафи стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд. Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёди рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор мераванд.

Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карда ва онро хеле ободу пешрафта гардонданд. Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

   Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон, аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. 29 сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди Истиқлол медурахшад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад. Боиси шодмонӣ ва ифтихор аст, ки сохтмони НБО «Роғун» ва дигар иншоотҳои бузург бо иқдоми шоиста ва ташаббусу ибтикорҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома ёфт, имкон фароҳам меоварад, ки Тоҷикистон на танҳо соҳиби истиқлолияти энергетикӣ мегардад, балки бо бузургтарин тавлидкунанда ва истеҳсолкунандаи нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин гуфтааст: «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст». Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳар гаҳе дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ-забони модариамонро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем.

    Забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Баробари ба даст омадани Истиқлолият ноҳияи Сангвор низ аз нав ташкил ёфта, ҳамқадами замони Истиқлолият мебошад. Дар давоми 29 соли истиқлолият мо тавонистем ба бисёр пешравиҳо ноил гардем. Ҳоло ноҳия симои худро тамоман дигар кардааст. Биноҳои зебову замонавӣ диққати мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Рӯз то рӯз кӯчаву маҳаллаҳо зеботару дилкаштар гардида истодаанд. Дар арафаи ҷашни истиқлолият ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия ду майдончаи варзишӣ, се маркази савдо, сехи коркарди чуб, ҳамом ва ду маркази савдо дар ҷамоати деҳоти Сангвор ифтитоҳ ёфтаанд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия зиёда аз 100 адад иншоотҳои хурду миёна давра ба давра сохта ба истифода дода мешаванд. Сангвор ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти он аст. Самтҳои асосии хоҷагидории ноҳия боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва занбӯриасалпарварӣ мебошанд, ки дар ин самт зиёда аз 600 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи маорифи ноҳияи мо ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Ҳоло дар ноҳия 20 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 интернати ҷумҳурявӣ барои кӯдакони ятим ва 1 интернати наздимактабӣ, 3 кудакистон, 20 маркази инкишофи кудакон, литсей-касби техникӣ, филиали маркази таълимии калонсолон, гуруҳи мақсадноки колеҷи тиббӣ, маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази рушди истеъдодҳо, маркази технологияи компютерӣ, маркази буду боши кудакони маъюб фаъолият доранд. Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст. Дар зарфи 29 соли истиқлолият дар соҳаи тандурустӣ низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад.

    Ба аҳолии ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи минтақавӣ, як маркази саломатии ноҳиявӣ чор маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази эмтаъминкунӣ, маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оила, ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Дар ноҳия ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва умуман беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Зиёда аз 70 ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ ба мардуми ноҳия хизматрасонӣ доранд. Дар охир бори дигар мардуми ноҳияро ба ҷашни 29–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба ҳар як оила саломатӣ, хонаи обод, осмони соф ва барору комёбиҳо таманно дорам.

Пояндаву ҷовид бод Истиқлолияти миллати куҳанбунёди тоҷик!

Ҷашни фархундаи истиқлолу озодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!