Ҳамдиёрони азиз! Меҳмонони гиромӣ! Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид менамоянд: «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсиву сарнавиштсоз мебошад. Ин рӯз, барҳақ, оғози давраи комилан нав дар таърихи давлатдории тоҷикон, марҳалаи тоза дар ташаккулу тафаккур ва фалсафаи давлатдорӣ маҳсуб мешавад.» Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳилаи нави рушд ворид шудааст.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ Шумо ва тамоми мардуми шарифи ноҳияро самимона табрик ва муборакбод намуда, ба Шумо ва ба ҳар як хонадон саломативу сарбаландӣ, сулҳу сафо, хушбахтӣ ва осоишу рӯзгори обод орзу менамоям. Истиқлолият барои мардуми кӯҳанбунёди тоҷик арзиши муқаддасу сарнавиштсоз буда, таҳти парчами он хурду бузурги кишвар барои тақвияти пояҳои давлатдории навини худ бо азму талоши ватандӯстона заҳмат мекашанд ва дар зарфи бисту ҳашт соли истиқлолият дар ҷодаи расидан ба ҳадафи стратегии кишварамон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардиданд. Зеро ин ҳадафҳои стратегии миллӣ заминаҳои бунёди рушди устувору босуботи кишвар ва шарти муҳимтарини болоравии сатҳи некуаҳволии сокинон ба шумор мераванд. Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар ибтидои истиқлолият аз имтиҳони сангини таърих сарбаландона гузашта, ба шукронаи соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ ва бо заҳмати содиқона сарзамини аҷдодии худро соҳибӣ карда ва онро хеле ободу пешрафта гардонданд. Ҳоло давлати озоду соҳибихтиёри мо дар назди арсаи байналмилалӣ соҳиби мақому манзалати шоиста буда, ҷаҳониён иқдому ташаббусҳои сулҳҷӯёнаву созандаи онро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Таърихи башар собит намудааст, ки ҳифзи истиқлолияту озодӣ кори бисёр сангину душвор мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар фарди бонангу номуси кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо расад ва барои ҳимояи ин дастоварди бузурги таърихӣ ҳамеша омода бошад. Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус наврасону ҷавонон, аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. 28 сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол ва мардуми шарифи кишвар соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани азизамон хуршеди Истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад. Боиси шодмонӣ ва ифтихор аст, ки сохтмони НБО «Роғун» бо иқдоми шоиста ва ташаббусу ибтикорҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома ёфт, имкон фароҳам меоварад, ки Тоҷикистон на танҳо соҳиби истиқлолияти энергетикӣ мегардад, балки бо бузургтарин тавлидкунанда ва истеҳсолкунандаи нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ табдил меёбад. Дар рӯзи ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии агрегати дуюми НБО «Роғун» дастоварди бузурги миллати тоҷик аст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин гуфтааст: «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва шахсияти таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият ва шарти бақои таърихии миллат ва давлат мебошанд. Истиқлолият мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва замонати ҳастии воқеӣ ва бошарофати миллат аст». Тоҷикон дар фосилаи дарози таърих бо ҳусни тадбир, ақлу дониш ва хиради азалии худ дар корҳои давлатдорӣ нақши барҷаста бозида, бо фарҳанги оламшумул ва забони шево дар рушду густариши тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳар гаҳе дар бораи арзишҳои миллӣ сухан меронем, бузургтарин сарвати бебаҳои халқи худ-забони модариамонро бояд ҳамеша дар ёд дошта бошем. Забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст. Баробари ба даст омадани Истиқлолият ноҳияи Сангвор низ аз нав ташкил ёфта, ҳамқадами замони Истиқлолият мебошад. Дар давоми 28 соли истиқлолият мо тавонистем ба бисёр пешравиҳо ноил гардем. Ҳоло ноҳия симои худро тамоман дигар кардааст. Биноҳои зебову замонавӣ диққати мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Рӯз то рӯз кӯчаву маҳаллаҳо зеботару дилкаштар гардида истодаанд. Соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон майдончаи варзишӣ, се маркази савдо ва хизматрасонӣ ифтитоҳ ёфтаанд. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия зиёда аз 100 адад иншоотҳои хурду миёна давра ба давра сохта ба истифода дода мешаванд. Сангвор ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёти он аст. Самтҳои асосии хоҷагидории ноҳия боғдорӣ, картошкапарварӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва занбӯриасалпарварӣ мебошанд, ки дар ин самт зиёда аз 600 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат дар соҳаи маорифи ноҳияи мо ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омад. Ҳоло дар ноҳия 20 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 10 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 28 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 интернати ҷумҳурявӣ барои кӯдакони ятим ва 1 интернати наздимактабӣ, 3 кудакистон, 20 маркази инкишофи кудакон, литсей-касби техникӣ, филиали маркази таълимии калонсолон, гуруҳи мақсадноки колеҷи тиббӣ, маркази таҳсилоти иловагӣ, маркази рушди истеъдодҳо, маркази технологияи компютерӣ, маркази буду боши кудакони маъюб фаъолият доранд. Соҳаи тандурустӣ яке аз бахшҳои муҳим ба ҳисоб рафта, ҳамчун самти асосӣ ва афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ нигаронида шудааст. Дар зарфи 28 соли истиқлолият дар соҳаи тандурустӣ низ дигаргуниҳои куллӣ ба амал омад. Ба аҳолии ноҳия 1 беморхонаи марказӣ, ду беморхонаи минтақавӣ, як маркази саломатии ноҳиявӣ чор маркази саломатии деҳот, 22 бунгоҳи тиббӣ, маркази эмтаъминкунӣ, маркази мубориза бар зидди бемориҳои сил, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оила, ҳуҷраи ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона хизмати тиббӣ расонида истодаанд. Дар ноҳия ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масъалаҳои дастгирии иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва умуман беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Зиёда аз 60 ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ ба мардуми ноҳия хизматрасонӣ доранд. Ҳозирини гиромӣ! Дар охир бори дигар Шуморо ба ҷашни 28–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатӣ, хонаи обод, осмони соф ва барору комёбиҳо таманно дорам.Пояндаву ҷовид бод Истиқлолияти миллати куҳанбунёди тоҷик! Ҷашни фархундаи истиқлолу озодӣ муборак, ҳамдиёрони азиз! Аз фурсати муносиб истифода бурда, табрикоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуровро, ки тариқи телефон иброз доштааст, ба Шумо мерасонам. Шукурҷон Зуҳуров тамоми сокинони ноҳияи Сангворро ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди Қурбон табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи Шумо умри дарози бобаракат, саломатии бардавом ва барори кору комёбиҳо таманно менамояд. Паёми табрикии раиси ноҳияи Сангвор Ҳиммати Ғайрат ба муносибати тӯйи суннатии кӯдакон аз оилаҳои камбизоат Ҳозирини гиромӣ! Меҳмонони олиқадр! Соҳибҷашнҳои азиз! Хатнасур ҳамчун тӯйи суннатӣ дар қатори дигар ҷашну маъракаҳои мардуми мо ба ҳукми анъана даромадааст. Имрӯзҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин амал ба шаклҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Падару модарон метавонанд хатнасури фарзандонро дар шакли алоҳидагӣ ё якҷоя бо тӯйи домодию арӯсӣ камхарҷу пурмазмун баргузор номоянд. Чунон ки ба ҳамаи мо маълум аст, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир аз тарафи шахсони алоҳидаи саховатпеша ба оилаҳои камбизоат кӯмак расонида мешавад. Шахсони саховатманду хайрхоҳ бо мақсади кӯмак ва дастгирии оилаҳои камбизоат ва бесарпараст хатнасури дастаҷамъонаи кӯдакони онҳоро ташкил мекунанд. Ин тарзи гузаронидани хатнасур ба ҳукми анъана даромадааст ва иқдоми пешгирифтаи онҳо боиси дастгирӣ мебошад. Ҳозирини муҳтарам! Имрӯз бо ташаббуси соҳибкорони саховатпеша хатнасури 40 нафар кӯдакон дар ин ҷашни бошукӯҳи 25-солагии Истиқлолият гузаронида мешавад. Мавриди зикр аст, ки кӯдакон аз ҳамаи қаламрави ноҳия интихоб шудаанд. Барои доир намудани ин чорабинии воқеан ҳам муҳим ба соҳибкорон изҳори сипос намуда, барояшон тансиҳатию барори кор таманно дорам. Ман аз фурсат истифода бурда, ҳамаи Шумо – соҳибҷашнҳои азизро ба муносибати тӯйи суннатиатон табрику муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ, барои падару модаронатон барори кору тамоми бурдбориҳои зиндагиро таманно менамоям. Орзу дорам, ки бо шарофати тӯйи Шумо фазои Тоҷикистони азизамон ҳамеша софу беғубор бошад ва Шумо дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ ба камол расед. Ҷашни хатнасур муборак бошад, дӯстрӯякони азиз!