Ҳамдиёрони азиз!

        Ҳар сол 27-уми июн дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон яке аз ҷашнҳои бузург ва таърихии миллатамон  Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. 24 сол қабл аз ин Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки миллатамонро аз вартаи парокандагӣ, Ватанамонро аз хатари нобудӣ раҳо дода, дар таърихи мо тоҷикон санади тақдирсоз гардид. Тамоми  мардуми  ноҳия  ва  ҳамаи Шумо ҳозирини арҷмандро  ба ифтихори  ҷашни 24 солагии Ваҳдати миллӣ, самимона табрик мегӯям.

    Ҳаёт нишон дод, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон мебошад, ки дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид.  Дар баробари  ба даст овардани Сулҳ  кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ эътибору нуфузи бештар пайдо намуда, ҳамчун давлати сулҳхоҳу ваҳдатофар эътироф гардид.

         Иди Ваҳдати миллӣ барои ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номус муқаддастарин ҷашн ба ҳисоб меравад.  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Чун гавҳараки чашм эҳтиёт намудани сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ вазифаи ҷониву имонии ҳар шаҳрванди равшандилу солимфикри Тоҷикистон мебошад, зеро роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии Ватан суботу оромӣ мебошад».      

         Агар ҳамин рӯзи саид намебуд, шояд номи миллати кӯҳанбунёди тоҷик аз саҳифаи таърих бурда мешуд. Хушбахтона, Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон қадамҳои худро дар роҳи сулҳ ва Ваҳдати миллӣ гузошт ва ин боиси хушнудиву сарбаландист, ки аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон тамоми давлатҳо истифода мебаранд.

     Ҳозирини    гиромӣ!

   Бо саъю кӯшиши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 24          сол боз дар зери офтоби сулҳ ва якдигарфаҳмӣ зиндагии осоишта дорем.                                                                               

     Дар давоми 24 соли Ваҳдати миллӣ ноҳияи Сангвор рӯ ба тараққӣ ниҳода, ба дастовардҳои бузург  ноил гашт. Ҳоло маркази ноҳия  симои худро тамоман дигар кардааст. Биноҳои зебову замонавӣ диққати мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Рӯз то рӯз кӯчаву маҳаллаҳо зеботару дилкаштар гардида истодаанд.

     Дар охир ба ҳамаи Шумо  Ваҳдат,     тинҷию осудагӣ, осмони соф ва барору комёбиҳо таманно менамоям.

 

Иди Ваҳдати миллӣ  муборак, ҳамдиёрони азиз!