Рӯзи даъватшаванд!
Ҳар сол дар саросари ҷумҳурии азизамон рӯзи 1-уми апрел даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мегардад.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд шудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Ҳифзи Ватан ба хотири эҳтироми хотира, меҳнату фаъолияти наслҳои пештара, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси таърихӣ, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он зарур аст. Манфиат, истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат бо Ватан, ватандорӣ ва ватаншиносӣ алоқаманданд.
Азбаски таҳкими амнияти давлат вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, шаҳрвандон вазифадоранд, ки дар қатори давлат, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту идораҳо дар таъмини амнияти Ватан саҳми худро гузоранд.
Шаҳрвандон ҳамчунин дар ҳифзи сарҳади давлатӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои террористӣ, пешгирии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои коррупсионӣ иштирок мекунанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», хизмати ҳарбӣ навъи махсус ва афзалиятноки хизмати давлатӣ буда, иҷрои бевоситаи уҳдадории конститутсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қушунҳо ва сохторҳои ҳарбӣ дар бар мегирад.
Артише, ки ҳайати он дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия ёфта, дорои низоми қавӣ аст, такягоҳи боэътимоди давлат ва миллат мебошад. Ҳушёриву зиракии сиёсӣ шарти муҳимтарини мустаҳкамии артиши миллист.
Манфиати давлат аз манфиати ҷомеа ва халқ сарчашма мегирад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиатҳои миллии давлат аз ҷумлаи вазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Барои ҳамин, таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Зиндагии осоиштаи мардум маҳз натиҷаи заҳмати содиқонаи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.
Волотарин меъёри ватандорию ватандӯстӣ расидан ба қадри Ватан, миллат ва давлати соҳибистиқлол, ба ҷо овардани хизмати Ватан ва ҳифзи марзу буми он аст.
Боиси хурсандӣ ва сарфарозист, ки ҳар сол сафи даъватшавандагони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд. Хушбахтона, имсол дар даъвати баҳорӣ 12 нафар ҷавонони ноҳияи Сангвор барои хизмати ҳарбии Ватанро иҷро намудан ихтиёрӣ ба комисариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуданд.
Бо боварӣ гуфта метавонам, ки Шумо бо ҷасорат ва мардонагии хеш дар таҳкими сулҳу суботи саросарии Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузоред.