Ё чаро ҷавонон наворҳои ифротгароёнро, ки ҳамчун доми фиреб пеши роҳи онҳо меистанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба саҳифаҳои худ интиқол медиҳанд?
Дар ҷаҳони муосир яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ ва сиёсӣ паҳншавии андешаҳои ифротӣ ба ҳисоб меравад. Ин падида метавонад дар шаклҳои гуногун зоҳир гардад.
Вале бояд қайд намуд, ки ифротгароӣ, пеш аз ҳама, аз набудани мувозинат дар тафаккур сарчашма мегирад. Шахсе, ки ба андешаҳои ифротӣ майл дорад, одатан ҷаҳонро танҳо аз як нуқтаи назар мебинад ва омода нест, ки мавқеи дигаронро қабул ё ҳатто баррасӣ намояд.
Яке аз омилҳои асосии паҳншавии андешаҳои ифротӣ норасоии маърифати сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Вақте ки шахс имконияти таҳлили амиқи иттилоотро надорад, ӯ метавонад ба осонӣ зери таъсири таблиғоти якҷониба қарор гирад. Дар чунин ҳолат, маълумоти нодуруст ё таҳрифшуда метавонад ҳамчун ҳақиқат қабул карда шавад ва ба ташаккули ҷаҳонбинии нодуруст мусоидат намояд. Дар ҳолатҳои муайян, чунин андешаҳо метавонанд ба амалҳои зиддиқонунӣ ё нооромсозии вазъият оварда расонанд. Аз ин рӯ, пешгирии паҳншавии ифротгароӣ яке аз вазифаҳои муҳими ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.
Нақши фазои иттилоотӣ дар ин раванд хеле муҳим аст. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма метавонанд ҳам воситаи паҳншавии дониш ва ҳам манбаи таблиғоти ифротӣ бошанд. Дар баъзе ҳолатҳо, гурӯҳҳои манфиатдор аз ин платформаҳо истифода бурда, идеяҳои худро ба таври васеъ паҳн мекунанд. Ин раванд махсусан барои ҷавонон хатарнок аст, зеро онҳо бештар ба таъсири иттилооти беруна осебпазиранд.
Шахсе, ки қобилияти таҳлил ва муқоисаи иттилоотро дораду маърифати баланд ва андешаи миллӣ дар ӯ рушд ёфтааст, ба таъсири идеяҳои ифротӣ дучор намегардад.
Нақши оила ва муассисаҳои таълимӣ низ дар ин раванд хеле муҳим аст. Маҳз дар ҳамин муҳитҳо асосҳои ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои инсонӣ шакл мегиранд. Агар ҷавонон дар фазои солим ва дастгиркунанда ба воя расанд, эҳтимоли гаравидани онҳо ба андешаҳои ифротӣ камтар мешавад.
Дар баробари ин, ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма метавонад ба мубориза бо ифротгароӣ таъсири мусбат расонад. Ин ҳамкорӣ бояд ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ, пешгирии паҳншавии маълумоти бардурӯғ ва ташаккули муҳити солими иттилоотӣ равона гардад.
Миллионҳо нафар ҳар рӯз тавассути интернет фикру андешаҳои худро баён намуда, ба афкори умум таъсир расонидан мехоҳанд. Аммо дар баробари ин имкониятҳои васеъ, паҳншавии андешаҳои ифротӣ низ зиёданд.
Дар ин фазо метавон мушоҳида кард, ки бархе аз афрод худро ҳамчун донишу фаҳмиши баланд дошта муаррифӣ намуда, бо истифода аз суханҳои таъсирбахш ва баъзан эҳсосотӣ кӯшиш мекунанд, ки дигаронро ба ақидаҳои худ ҷалб намоянд. Баъзеҳо худро ҳамчун шахсони огоҳ аз масоили динӣ нишон дода, тавассути наворҳо ва баромадҳои гуногун ба мардум “насиҳат” мекунанд.
Мушкилии асосӣ дар он аст, ки чунин баромадҳо аксаран якҷониба буда, ба ҷойи таҳкими арзишҳои аслии ахлоқӣ ва маънавӣ, бештар ба шиддат бахшидани тафриқа ва нофаҳмӣ мусоидат мекунанд. Дар баъзе ҳолатҳо, шахсоне, ки худро таблиғгари арзишҳо нишон медиҳанд, дар амал рафтор ва гуфтори мутобиқ ба он арзишҳоро нишон намедиҳанд. Ин номувофиқӣ метавонад боиси гумроҳ шудани қисми муайяни ҷомеа гардад.
Аз тарафи дигар, бархе аз истифодабарандагон бо тафсири нодурусти матнҳои динӣ ва фарҳангӣ ба интиқоди шадид ва ҳатто маломат кардани дигарон, аз ҷумла наздикони худ, рӯ меоранд. Паҳншавии чунин андешаҳо бештар ба он вобаста аст, ки на ҳама истифодабарандагон қобилияти фарқ кардани иттилооти дуруст аз нодурустро доранд. Норасоии тафаккури танқидӣ ва маърифати иттилоотӣ боис мегардад, ки баъзе афрод ба осонӣ зери таъсири чунин мавод қарор гиранд. Ин махсусан дар байни ҷавонон бештар мушоҳида мешавад, зеро онҳо бештар вақти худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд.
Омили дигаре, ки ба густариши андешаҳои ифротӣ мусоидат мекунад, ин ҷустуҷӯи маъно ва ҳувият мебошад. Баъзе ҷавонон, ки дар ҷустуҷӯи роҳи дурусти зиндагӣ қарор доранд, метавонанд ба осонӣ ба чунин гурӯҳҳо ё шахсиятҳо пайравӣ намоянд.
Дар баробари ин, бояд қайд кард, ки фазои маҷозӣ худ аз худ манфӣ нест. Баръакс, он метавонад ҳамчун воситаи пурқуввати омӯзиш, рушди шахсӣ ва таҳкими робитаҳои иҷтимоӣ хизмат намояд. Масъала дар тарзи истифодаи он мебошад. Агар истифодабарандагон ба манбаъҳои боэътимод такя намуда, ҳар як иттилоотро бо диққат ва таҳлил қабул кунанд, имкони коҳиши таъсири андешаҳои ифротӣ зиёд мегардад.
Коршиносон мегӯянд, бо сабаби синну сол, таҷрибаи маҳдуд ва ҷустуҷӯи ҳувият, ҷавонон метавонанд ба осонӣ ба ҳар гуна ақидаҳо, аз ҷумла андешаҳои ифротӣ, гараванд. Ин раванд бештар тавассути наворҳо ва маводҳое сурат мегирад, ки бо забони сода, вале таъсирбахш таҳия шудаанд.
Бархе аз гурӯҳҳо ва шахсон бо истифода аз ҳамин хусусиятҳои равонии ҷавонон, кӯшиш мекунанд, ки онҳоро ба доираи таъсири худ ворид намоянд. Онҳо наворҳои гуногуни дорои мазмуни динӣ - ифротиро паҳн намуда, таваҷҷуҳи ҷавононро ҷалб мекунанд.
Яке аз усулҳои маъмул ин аст, ки ҷавононро ташвиқ мекунанд, то чунин наворҳоро ба саҳифаҳои худ интиқол диҳанд ва бо ин роҳ доираи паҳншавии онро васеъ намоянд. Дар натиҷа, худи ҷавонон ноогоҳона ба як воситаи таблиғи андешаҳои номутавозин табдил меёбанд. Онҳо фикр мекунанд, ки кори хуб анҷом дода истодаанд, дар ҳоле ки дар асл метавонанд ба паҳншавии андешаҳои ифротӣ мусоидат намоянд.
Дар баробари ин, як андешаи муҳим вуҷуд дорад, ҷавонон бояд на танҳо истеъмолкунандагони иттилоот, балки эҷодкунандагони навори ҳуввиятсоз бошанд. Ин гуна раванд метавонад ба ташаккули муҳити мусбати иттилоотӣ мусоидат намояд.
Барои пешгирӣ аз ин, нақши омӯзгорон, падару модарон ва ҷомеа дар ин самт хеле муҳим аст. Зеро, дар шароити рушди босуръати технология ва густариши фазои маҷозӣ, масъулияти ҷавонон, ки бештар мегардад, онҳо бояд дарк намоянд, ки ҳар як амали онҳо дар интернет аҳамият дорад. Ба ҷои паҳн кардани маводи номуайян ва шубҳанок, онҳо метавонанд худ сарчашмаи дониш, маърифат ва фикрҳои созанда бошанд.
Танҳо дар ҳамин сурат метавон фазои солими иттилоотиро нигоҳ дошта, ҷомеаро аз таъсири манфии андешаҳои ифротӣ ҳифз намуд.
Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ,
муовини аввали раиси ноҳияи Сангвор









