Ҷиҳати амали намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2020, №АП-1332 «Дар бораи баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», амри раиси ноҳияи Сангвор аз 20 январи соли 2021, №5 ба тасвиб расонида шуд. Ин озмун рӯзи 28 январи соли 2021 дар ноҳияи Сангвор бо иштироки кадбонуҳои беҳтарин баргузор гардид. Ҳакамон аз рӯи шартҳои озмун;

-бо истифода аз сарфакории моҳирона (ҳунармандона) оростани дастархон;
-зебо, хушоянд ва дилписанд будани дастархони оросташуда;
-риояи анъанаҳои миллӣ дар дастархони оросташуда;
-мавҷудияти таомҳои миллӣ дар дастархони оросташуда;
-ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда;
аз ҳунари кадбонуҳо дидан намуда, онҳоро барои иштироки фаъолона ба сипосномаву ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардонидаанд.