Ҳар сол рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳанӯз 62 сол муқаддам бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар даҳҳо кишвари дунё таҷлил гардида буд. Ин сана ба мо - калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост.
Нашр шуд: 01 Феврали 2019
Диданд: 828
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ҷиҳати иҷрои банди 20 ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 чораандешӣ намуда истодааст.
Қайд менамоем, ки даври ноҳиявии “Озмуни дастархонороӣ” рӯзи 25 январи соли 2019 дар маркази ноҳия бо иштироки фаъолон, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳалла, имомхатибон баргузор гардид.
Дар озмун 15 нафар кадбонуҳои моҳир аз ҷамоатҳои деҳот иштирок доштанд, ки ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор баҳри амалӣ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 минбаъд низ чораҳои мушаххас меандешад.
муовини якуми раиси ноҳияи Сангвор - Муҳамадизода Муҳамадсолеҳ Муҳамадали
муовини раиси ноҳияи Сангвор - Саторбекзода Умеда Сатторбек
Олимзода Абдулло Назрӣ - муовини раиси
ноҳияи Сангвор
Исмонов Маҳмадулло Нуруллоевич
1USD
11,3999 TJS
1EUR
11,7282 TJS
1RUB
0,2025 TJS