Ё НУҚСОНҲОИ ҶОРӢ ДАР ТАРБИЯ

Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳонён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир меандешад. Таъсири манфии ин зуҳуроти номалуб бахусус пеш аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Осиёи Марказӣ бештар зоҳир шуд, ки  сабаби асосии он ноустувории давлатҳои тозаистиқлол ва дуруст дарк карда натавонистани моҳияти демократия ва шакли нави давлатдорӣ маҳсуб меёбад.

Новобаста аз он, ки халқи тоҷик дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оид ба хатарҳои мудҳиши терроризм ва экстремизм сабақи таърихӣ гирифта, ин падидаҳои манфии ҷомеаро ҳамчун амалҳои номатлуб  маҳкум менамояд.

Экстремист– шахсиятест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои тундравию якравӣ аст. Экстремизм шахсро ба сӯи содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм мебарад. Ба акидаи аксари муҳақиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар  аз ҳама  дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд. Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқарраротҳои дини ислом сӯистифода намуда, тибқу дастуру нақшаҳои хоҷагони худ, ки душманони ин дин ҳастанд, амал менамоянд.  Ба саволи “сабабу решаҳои  пайдоиш ва пайравӣ  ба ақидаҳои террористию экстремистӣ дар чист ва омилу ангезаҳои асосии он кадомҳоянд?» ҷавоби дақиқу мукаммал додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосию умумии онро номбар кардан мумкин аст:

Якум, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо ( ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ) .

Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ, олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои  анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад.

Сеюм, густариши хариду фурӯши маводи нашъаовар, яроқу аслиҳа бархе аз гурӯҳҳои экстремистию террористӣ аз ҳамин ҳисоб маблағҳои калони пулӣ ба даст меоранд ва ба ин мақсад амал мекунанд.

Чорум,  шароити  вазнин ва сатҳи пасти зиндагӣ, мавҷуд набудани ҷои кор, манзил, камбизоатӣ, нодорӣ боиси норозигӣ ва гаравидани баъзе гурӯҳҳо ба экстремизм ва терроризм мегардад.

Панҷум,  қасдгирӣ, ғараз,  хусумат.

Шашум, ба хотири обрӯ, нуфуз, соҳиби мансаб, сарвату боигарӣ шудан, баъзан ашхос равия ва ҷараёнҳои гуногуни динӣ, ифротию тундравиро таъсис медиҳанд.

Ҳамин тариқ, новобаста аз он, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистидошта пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳкумгардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гиранд. Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ в шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб  барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.

Раванди таълимоти ғайриқонунии динӣ, сарчашмаи таблиғкунандаи идеологияи ифротӣ ва қадами нахустин ба ҷониби ячейкаҳои ибтидоии террористӣ буда, мутаассифона, имрӯз волидоне ёфт мешаванд, ки фарзандҳои худро назди ҳамин гуна афроде, ки аз аркони дини мубини Ислом бехабаранд, барои гирифтани таълимоти ғайрирасмии динӣ мемонанд. Ин табақа аз оқибатҳои манфии он ноогаҳ буда, ҳатто дарк наменамоянд, ки дар аксар мавридҳо фарзандашон ба кӣ ва чӣ табдил медиҳанд. Аз ин лиҳоз , таълимоти ғайриқонунии динӣ барои ҷомеаи мо аз он нуктаи назар хатарзо ва боиси нигаронӣ аст, мо бояд як чизро амиқ дарк намоем, ки дар тарбияи инсон пеш аз ҳама ва беш аз ҳама оила нақш мегузорад ва ҷараёни ташаккули ҳамаи хислатҳои неку бади инсон асосан дар оила ибтидо мегирад. Ба дарки ин масъала падару модарон бояд масъулияти бузургро, ки дар тарбияи фарзандони худ ба дӯш доранд, бояд пурра эҳсос кунанд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар кишварамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” амал мекунад. Мақсад аз қабули қонуни мазкур пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад. Баробари ин, хулосабарорӣ намуда, метавон қайд кард, ки имрӯз дар кишвари соҳибистиқлоламон тамоми замина ва имконот барои таълимоти расмии динӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ фароҳам шудааст. Бинобар ин ҷавононе, ки мехоҳанд таълимоти дуруст ва мукаммали динӣ бигиранд, метавонанд бе мамониат вориди ин таълимгоҳҳои расмии динӣ гардида, аз роҳи қонунӣ соҳиби маълумот ва таҳсилоти олии динӣ шаванд.

Аббос Маҳмадзода
мудири бахши дин ва танзими
ҷашну маросими мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлаттии н. Сангвор