Дар ноҳияи Сангвор ба фарорасии Наврӯзи оламафрӯз омодагиҳои ҳамаҷониба ҷараён доранд. Мардуми сарбаланди ноҳия бо эҳтироми анъанаҳои қадима ва расму ойинҳои роиҷбуда ба истиқболи ҷашни баҳорӣ омода мешаванд.

Ҳамасола сокинон хонаҳои худро тоза ва оро медиҳанд, дастархонҳои идона меороянд ва бо пӯхтани таомҳои миллӣ ба мисли суманак, палав ва оши бурида, дангича, шакароб ва дигар хӯрокҳои хуштаъм фазои идона эҷод менамоянд. Ҳамчунин барномаҳои фарҳангӣ, намоиши либосҳои миллӣ, рақсҳои халқӣ ва бозиҳои мардумӣ бо иштироки ҷавонону кӯдакон баргузор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, маросимҳои эҳёи табиат ва истиқболи фасли нав, ки аз қадим дар фарҳанги миллӣ ҷои хос доштаанд, бо эҳтироми махсус баргузор мегарданд.