Тибқи нақша – чорабинии Ҳукумати Ҷумњурии Тоҷикистон ва Кумити дин ва танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон баҳри расонидани нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагирӣ кардан аз натиҷаи солонаи рушди  иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Сангвор  рўзи 11-уми январи соли 2022 раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сулаймон Пирхон ба ноҳияи Сангвор ташриф овард.

     Вохўрӣ дар толори барҳавои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, ки дар ин вохўрӣ тамоми сардорони ташкилоту муассисаҳо, аҳли ҷамоатчигию аҳли зиё иштирок намуданд.

     Сараввал муовини аввали раиси ноҳия меҳмони олиқадрро ба аҳли толор шинос намуда, ўро ба ноҳия хайрамақдам гуфт ва баъдан риштаи суханро ба ў дод.

     Мавсуф баромад намуда, оиди  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳадафҳои созандаи он муфассалан ба самъи аҳли нишаст расонд. Инчунин аз натиҷаи рушди иҷтимоиёти иқтисодиёти ин ноҳия натиҷагирӣ намуда, натиҷаи яксоли сипаришударо  мусбат арзёбӣ намуд.  

     Вохўрӣ дар фазои сулҳу ваҳдат ва пешрафту тарақкиёт ва рушди босуръати соҳаи саноати Тоҷикистон ба анҷом  расид.