Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини точикон ва муаррифгари асили миллати точик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.
Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замири ҷавонони кишвар ҳамчун асосгузори давлати навини точикон ва муаррифгари асили миллати точик дар арсаи байналмилалӣ нақши воло доранд.
Сарвари давлат барои миллат ва Ватани мо, барои нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, таъмини шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ барои тамоми сокинони ҷумҳурӣ, насли ояндасози ҷомеа ҷидду ҷаҳд, заҳмату талошҳо ва хизмати басо бузурге кардаанд.
Саҳифаҳои таърих шоҳид аст, ки дар даврони бесарусомониҳо, рӯзгори нобасомон ва шикастарӯҳии мардуми мо тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик ато кард ва ҷараёни ин анҷумани саодати халқ ҳодиву раҳкушову раҳнамо ва мубашшири ин наҷотро ҳамчун туҳфаи олитарини тақдиру сарнавишти миллати тоҷик дар симои фарзанди сарсупурдаву меҳанпарасти хеш – Эмомалӣ Раҳмон насиб гардонид.
Ҳамасола дар кишвари мо 23 юми май ҳамчун рӯзи ҷавонон қайд карда шуда, ҳамоишу роҳпаймоиҳои ҷавонон ва садҳо маҳфилу гирдиҳамоиҳо баргузор карда мешавад. Кишвари моро, ки зиёда аз ҳафтод фисадашро ҷавонон ташкил медиҳанд, аз тамоми ҷиҳат ояндаи пурнуру рахшони он ба ҷавонони зираку бонангу номуси он вобаста мебошад. Алоқамандии инҳо ба ҳадде аст, ки агар давлатро ба машинаи бузурге ташбеҳ кунем, муҳаррики онро ҷавонон ташкил медиҳанд.
Ҳамаи ин дастгириҳо ва ғамхориҳо нисбати ин қишри ҷомеа аз ташаббуси ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳанд. Сар карда аз соли 1998 дар заминаи қонунгузории Ҷаноби Олӣ ҳамчун нишони эътибори хос ва арҷгузорӣ нисбати корнамоиҳои қишри ҷавони кишвар дар роҳи истиқрор ва пойдори сулҳу субот ва нақши бевоситаи онҳо дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба тақвими ҷашни давлатӣ ҷавонони кишвар дар партави сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат қарор доданд.
Маҳз таъсиси стипендияи президентӣ ва квотаӣ президентӣ, бунёди китобхонаҳо ва марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳо, эълони «Соли ҷавонон», таъсиси маркази «дурахшандагон», бунёди литсею гимназия, мактабу дабистонҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ, таҳия шартнома бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои олии бурунмарзӣ, ташкили озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва як қатор чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ аз дастгириҳои ин абармард ва фарзонафарзанди миллат ва баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар як қатор сандҳои давлатиро таҳия гардида, дар амал татбиқ шуда истодааст.
Яке аз он сандҳои муҳими давлатӣ ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» мебошад, ки қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад.
Дигар санади муҳим «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон то соли 2020» мебошад, ки дурнамои рушди сиёси давлатии ҷавононро дар бар мегирад.
Ҳамаи ин кӯшишу талошҳо баҳри ватандӯсту меҳанпараст ва хештаншиносу фарҳангсолор гардидани мо ҷавонон равона шудаанд. Барои мо насли ояндасоз мактабе ҷуз мактаби давлатдории Пешвои миллатамон беҳтар нест. Дар ин мактаби ҷавонмардию ғурур,футуввату адолат, инсондӯстиву фатонат, аз ҷон гузаштанҳо, худсӯзию ватансозиҳо, ки онҳоро танҳо ва танҳо саҳифаҳои таърих авроқи худ мунъакис сохтаанд мавҷуд буда, баҳри мо сабақ ва дарси ибрату ватандорӣ мегардад.
Мо насли ҷавон, мекӯшем то ба ҳамаи ин дастгириҳои давлату Ҳукумат ҷавобан ватандӯсту фарҳанг шиор ва хештаншинос гардида, чун ахтарони як осмон, фарзандони як модар, парвонаҳои як шамъ ва гулҳои як боғ якдилу якмаром Рустамона устувору мубориз буда, Гурдофаридона баҳри расидани нӯшдоруи ноамнию разолат ҳамеша омода бошем.
Зиҳӣ Пешвои ҷавонпарваронаи мо! Зиҳӣ! Зиҳӣ!
ПАЙРАВИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ
Мо ҷавонон бар ватан дил додаем,
Роҳи дилро бар Ватан бикшодаем .
Баҳри ҳифзи марзу буми ин Ватан,
Доимо ҳамчун сипар истодаем.
Мо ҷавонон аз табори Ориё,
Аз замину хоки поки Осиё.
Рӯдакию Бӯалӣ бошад мудом,
Қуллаи номус дар ашъори мо
Мо ҷавонон бар Ватан дил додаем,
Дустдори миллати озодаем.
Ҳамчун Рустам ҷадди Темурмалик
Баҳри ҳифзи халқи худ омодаем,
Мо ҷавонон дӯстдори миллатем.
Ҳомии ин давлату ин ваҳдатем,
Дар ҳама пасту баланди ин Ватан
Пайравони Пешвои миллатем.