“Дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд.”
Эмомалӣ Раҳмон
Масъалаи хурофотпарастӣ ва тақлидкорӣ дар ҳар як Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Пешвои миллат ҳамеша аз зуҳуроти нангини бегонапарастӣ, тақлиду таассуб ва зоҳирпарастӣ изҳори нигаронӣ менамоянд ва борҳо таъкид доштанд, ки:
«Сиёсатмадорону сиёсатшиносон, фарҳангиён ва зиёиёни моро зарур аст, ки дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд».
Имрўз дар ҷомеаи мо раванди бегонапарастии кўр-кўрона ба назар мерасад, ки хоси мардуми шарифи тоҷик нест. Дар ибтидо одамон ба тарзи намозхонии баъзе равияҳо тақлид мекарданд, имрўз бошад занон ба тарзи либоспўшии бемантиқи аҷнабиён тақлид мекунанд.
Мардуми шарифи тоҷик, алалхусус занону модарони мо тайи садсолаҳо либосҳое мепўшиданд, ки ба талаботи шариат ҷавобгў буда, урфу одати маҳаллӣ ва хусусиятҳои ҷуғрофиро ба инобат гирифта буданд. Чунин тарзи либоспўшӣ ҳоло ҳам дар деҳоти Тоҷикистон ба назар мерасад: куртаҳои гиребондор, остиндароз, дар сар рўймол ё дока, гардӣ, ғиҷим ва ғайра ба бар мекарданд. Ҳамаи ин, барои модари тоҷик ҳикмате дар худ ниҳон дошт.
Зани тоҷик, пеш аз ҳама модар аст, аксар ваќт нигоҳубини кўдак, омода намудани таъом, тозагии хонадон ва дигар вазифаҳои хоҷагидорӣ ба дўшаш бор аст. Модарони мову шумо, ки имрӯз синнашон боло рафтааст, онҳо таърихи зиндаи фарҳанги либоспӯшӣ доранду ҳанӯз онро дар худ нигоҳ доштаанд. Вале, бо вуҷуди ин духтарону бонувони мо баъзан либосҳое ба бар мекунанд, ки ҳайрати касро меоварад. Дар замоне, ки гирудорҳову бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо идома дорад, чаро зани тоҷик аз амали худшиносӣ кор намегирад. Ё чаро зуд бо фарҳанги ғайр фарҳангашро иваз мекунад? Ин саволҳоест, ки мо борҳо ба занон пешниҳод мекунем, аммо онҳо бо шеваи ғайритоҷикӣ ба фарҳанги хеш муносибат мекунанд.
Либоси модари ману шумо, рӯймоли гардиву доштани куртаи гиребондори атласу шоҳиву гулбаст, ҳазорон аврупоиву арабу дигарҳоро мафтун кардааст. Бо дидани чунин либоси зебои тоҷикона ҳар инсони худшиносе руҳия мегирад. Аммо, касе, ки фарҳанги худро аз бемаърифатӣ намешиносад ба фарҳанги бегона арҷ мегузораду бо тарғиби он худро ба қавле “завмонавӣ” нишон додан мехоҳад.
Кӣ гуфта метавонад, ки либоси модарони мо хилофи талаботи шариат буд? Ҳеч кас! Зеро, мо тоҷикон дар муҳити хуби деҳот, ки ҳанӯз он самимяти гумгашта дар деҳот пойдор мондааст, сар то по саршори меҳру муҳаббату самимиятем, он либоси модаронро бояд гиромӣ дорем. Бигзор ороиши дигар диҳем, вале онро гум накунем. Мо халќи дорои тамаддуни ќадимем, бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ хоси мо нест.
Чанд аср пеш ҳамин тақлидкориро Мавлонои бузург мазаммат карда, гуфта буданд, ки:
Халқро тақлидашон барбод дод,
Эй дусад лаънат бар ин тақлид бод!
Пас чаро мо бояд дар либоспўшӣ ва фарҳанг ба дигар миллатҳо тақлид кунем, дар ҳоле ки онҳо либоси атласу куртаи чаканро намепўшанд?!
Эё оне, ки дар сар сатру ҳиҷоб дорӣ, боре модаратро пурсидаӣ, ки ин гуна либос дошт?! Надошт! Воқеан, ин гуна либос надошт. Пас, чаро по рӯйи фарҳанги хеш мегузорӣ?!
Ин ҷо камбуд аз оила сарчашма мегирад, ки баъзе бонувоне, ки ин тавр либоспӯширо ба худ раво мбинанд, на дониши кофии динӣ доранду на дониши дунявӣ. Бидуни маърифат аминем, ки онҳо саводи гӯшӣ доранд. Яъне, гаперо савсатаеро аз даҳони кадом як бенамозе шунидаву тақлид бар фарҳанги аҷнабӣ карда.
Эй хоҳари ман, гӯш фаро бидеҳ, мо мардуми тамадундорему саргаҳи тамадуни баланд ҷойгоҳи мост, паст нафароем, зеро ғурури мо баландтар аз осмон асту сахттар аз оҳану фулод...
Ба иттилоъ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми наҷиберо роҳандозӣ намуда, китоби мусаввареро ба табъ расонидааст, ки дар он намунаи либосҳои тавсиявӣ барои занон дарҷ гардидаанд. Агар кас бо ин тавсияҳо назар кунад, ҳатман ин либосҳо писандаш меоянд. Зеро либосҳои тавсияшуда замонавӣ ва зебо буда, барои кору фаъолият лоиқ мебошанд.
Зери партави ин гуфтаҳо мо занон бояд ба сару лисоби миллии худ арҷ гузорем, чунки либоси миллиро ниёгонамон баҳри мо мерос гузоштаанд. Тароҳонамонро мебояд ба таърихи гузашта назар афканда мувофиқи фарҳанги зист ва урфу одатамон аз дидгоҳи замона либосҳои хушдӯхт омода намоянд. Либолси бегонаро бояд аз зеҳну тафакурҳо дур намуда, анъанаи либоспӯшии аҷдодонамонро риоя намоем. Ва вобаста ба раванди инкишофи ҷомеа либоспӯшиамонро такмил диҳем.
Назокат Исомонова,
мудири бахши кор бо занон
ва оилаи МИҲД-и н.Сангвор









