Ноҳияи Сангвор 5984 км2 буда, дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ноҳия аз тарафи шимол бо ноҳияи Нуробод,шимолу шарқ бо ноҳияи Рашт, ҷанубу шарқ бо ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз ва указ тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Ховалинг ва балҷувон ҳасарҳад мебошад. Ноҳия ба ҳайати ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дохил мешавад.


Маркази ноҳия аз пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар масофаи 205 км дур воқеъ гаштааст. Ноҳияи Сангвор аз 5 ҷамоати деҳот ва 85 деҳа иборат мебошад. Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор: Тавилдара, Чилдара, Вахиё, Сангвор ва Ваҳдат.

Маълумоти таърихӣ ва фарҳангӣ. 22-24 декабри соли 1930 дар конференсияи якуми ҳизби округи Ғарм ноҳияи Сангвор (собиқ ноҳияи Тавилдара) дар ҳайати округи Ғарм ташкил карда шуд. Моҳи феврали соли 1931 деҳаи Тавилдара ҳамчун маркази маъмурии ноҳия таъсис ёфта, соли 1955 ноҳия барҳам дода шудааст.
Ноҳияи Тавилдара (ҳоло Сангвор) бори дуюм 23 феврали соли 1991 аз нав ташкил шудааст. Аз соли 2016 инҷониб ноҳияи Сангвор номгузори гардидааст. Дар ноҳия ёдгории таърихии мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ, ки таърихи зиёда аз 3-5 ҳазорсола дорад ва манзараи зебои фароғатии Ҳавзи Кабуд ва даҳҳо ё дгориҳои таърихию фарҳангӣ, ки симои ноҳияро дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ ва берун аз он номдор кардаанд, ҷойгир мебошанд.

Маълумоти ҷуғрофии ноҳия. Сангвор дар води руди Хингоб аз сарҳади ноҳияи Нуробод аз ғарб то қисмати шарқии (мазори Ҳазрати Бурхи Валӣ) ба масофаи 205 км тӯл кашидааст. Ноҳияро дар қисматҳои марказӣ ағбаҳои Полезаку Харсанг ва дар ҷанубу шарқӣ ағбаи Хобурубот аз ноҳияҳои Ховалингу Дарвоз ҷудо намудаанд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Хингоб мегузарад, ки он ба масофаи 250 км тӯл кашида, аз ин дарё дар мавсими тобистон дар як сония 750-800 м3 об ҷорӣ шуда, ба дарёи Вахш пайваст мешавад. Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1600 то 3000 метр ҷойгир буда, иқлимаш муътадил, тобистонаш салқин ва замистонаш хунук аст. Давомнокии давраи гармо дар ноҳия 125-215 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳарорати миёнаи шабонарӯзии ҳаво дар фасли тобистон +18 +25С0 ва зимистон аз +5 то -18С0 ташкил медиҳад. Дар баландиҳои бештар аз 3000 метр ҳаво то -30-35С0 хунук мешавад. Миқдори боришот солона ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад. Дар қаламрави ноҳия ҳайвонҳои ваҳшӣ: хирс, гург, хуки ёбоӣ, силовсин, рӯбоҳ, нахчир ва ғайра ба таври фаровон зиндагӣ доранд. Дар ноҳия қариб ҳамаи дарахтони зинатбахшу мевадор (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, бодом) растаниҳои даштӣ ва бешагӣ мерӯянд.
Табиат ва иқлими ноҳия барои занбуриасалпарварӣ, чорводорӣ, боғдорӣ, картошкапарварӣ ва сайёҳию куҳнавардӣ хеле мувофиқ мебошад. Ноҳия дорои захираҳои бои табиӣ ва гидроэнергетикӣ мебошад.

Сайёҳӣ. Ноҳияи Сангвор дорои шарпоити мусоиди рушди соҳаи сайёҳи ба шумор меравад. Иқлим, табиат, ҳайвонот ва наботот, ҳавои тозаи кӯҳсор, чашмаҳои шаффоф, мардуми ҳунарманду меҳмоннавоз, ки дар ноҳия мавҷуд мебошанд, барои ташкили осоишгоҳҳои табобатӣ, экотуризми сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мувофиқ мебошад. Мушкилоти пешгирандаи рушди соҳаи мазкур пеш аз ҳама дар ҳолати ногувор қарор доштани роҳи автомобилгарди Лабиҷар-Сангвор, суст будани инфрасохтори сайёҳӣ, маишӣ ва фарҳангию фароғатӣ(меҳмонхона, осоишгоҳҳо, мавзеъҳои сайёҳӣ, марказҳои фарҳангӣ, муассисаҳои хӯроки умумӣ, мағозаҳо ва бозорҳо), кам будани мутахассисони соҳавӣ ба шумор меравад. Лозим меояд, ки фаъолнокии соҳибкорон оиди ташкили муассисаҳои номбурда, агентиҳо оид ба ташкил ва истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии туристӣ вусъат дода шавад.Ояндаи ноҳияи Сангвор ва рушди он ба туризм вобастагии зич дорад. Ман бо камоли боварӣ изҳор менамоям, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, ноҳияро бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи хеле муҳими сайёҳи (туристӣ) табдил медиҳем.