Иҷрои андозҳо ва буҷети ноҳия
Қисми даромади буҷети ноҳия дар панҷ моҳи соли 2021 ба ҷои 1 миллиону 791 ҳазору 794 сомонии дар нақша пешбинишуда 3 миллиону 355 ҳазору 846 сомонӣ иҷро гардидааст, ки он ба 187 дарсади нақша баробар мебошад.
Нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоӣ дар давраи ҳисоботӣ 3 миллиону 645 ҳазору 169 сомониро ташкил намуд, ки иҷрои он ба 5 миллиону 74 ҳазору 992 сомонӣ таъмин гардид, ё ин ки 139 дарсад ва сифатан иҷро шудааст.
Бонк
Интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 тариқи бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” дар ноҳияи Сангвор 509 ҳазору 241 доллари ИМА ё баробар ба 5 миллиону 754 ҳзору 423 сомонӣ ворид гардидааст
Дар давраи ҳисоботӣ ба аҳолӣ аз ҳисоби бонки давлатии амонатгузории ҶТ “Амонатбонк” ба 93 нафар шањрвандон 1 миллиону 40 ҳазор сомонӣ ҷиҳати рушди соҳаҳои кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сохтмон қарзҳои кўтоҳмуддат дода шудааст.
Соҳаи кишоварзӣ
Кишоварзони ноҳия тирамоњи соли 2020 барои њосили соли 2021 дар майдони 1076 гектар кишти зироатњои ѓалладонагї гузаронидаанд, ки сад фисади наќшаи кишти тирамоњиро ташкил медињад. Тибқи нақшаи дурнамо соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия бояд дар майдони 1540 га ѓалладонагї, 890 га картошка, 214 га сабзавот, 4 га полезї, 50 га заѓир ва 52 га хўроки чорво кишт гузаронида шавад. Ба њолати 25 апрели соли љорї кишти ѓалладонагињо 85%, картошка 24%, сабзавот 23%, заѓир 70% ва хўроки чорво 98 % иљро гардидаанд. Бояд тазаккур дод, ки шуъбаи кишоварзии ноњия соли љорї 3 тонна тухмии хушсифати гандум ва 50 тонна тухмии навъи элитаро ба ноњия ворид намудааст.