Дар доираи нақша – чорабиниҳо бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар асоси сисила -чорабиниҳои “Моҳвораи ҷавонон” дар таърихи 17-уми майи соли ҷорӣ дар боғи фарҳангӣ –фароғатии ноҳия бо иштироки ҷавонон – наврасон - муҳассилини МТМУ №1 маҳфили рассомӣ ва китобхонӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ хонандагони синфҳои 10 -11 ширкат варзида ҳунару истеъдоди рассомӣ ва китобхонии хешро нишон доданд.
Аз ҷумла лавҳаҳои рассомии ҷавонон –наврасон, ки дар мавзӯъҳои ватандорию ватандӯстӣ нигошта шуда, буданд, пешкаши тамошобинон –ҳамсолонашон гардонида шуданд. Ҳамчунин китобдӯстони ҷавон байни худ мусобиқаи “Байтбарак” ва ғазалхонию нақли асарҳои бадеиро ба роҳ монда буданд, ки ин аз донишу маърифати бою ғании ҷавонони замони муосир гувоҳӣ медод. Аксарияти эшон иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!” мебошанд. Эшон пайрави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буда, баҳри мукаммал гаштани донишҳои сиёсию маърифатии пайваста саъю талош менамоянд.