Кумакҳо дар арафаи соли нави мелодии 2021
Дар арафаи соли нави мелодии 2021 ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, ба афсарону аскарони қисми низомии дар ҳудуди ноҳия буда, оилаҳои шахсони дар барқароркунии сохти констутитсионї ҳалокшуда, иштирокчиёни ҶБВ, модарони собиқадор, тарбиягиранданони муассисаҳои томактабии ноҳия, кудакони маркази буду боши кудакони маъюб ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорону шахсони саховатпеша маводҳои ѓизої, туҳфаҳои солинавӣ ва кумакҳои молиявӣ расонида шуд.
Дар соли 2020 ба оилаҳои ниёзманд, ятимон, маъюбон, хонандагони мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, ба афсарону аскарони қисми низомии дар ҳудуди ноҳия буда,оилаҳои шахсони дар барқароркунии сохти констутитсионї ҳалокшуда, иштирокчиёни ҶБВ, модарони собиқадор, оилаҳое, ки фарзандонашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар карда шуданд, ба маблағи беш аз 500 ҳазор сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маводҳои ѓизої ва кумакҳои молиявӣ расонида шудаааст. Ғайр аз ин дар ҷашни “Рӯзи Модар” 450 нафар занону бонувони коргар, занони фаъол, модарони наваскарон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд. Дар арафаи иди Ғалаба ба ду нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6 ҳазор сомонӣ, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маблағи пулӣ ва маводи ғизоӣ, инчунин аз тарафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор 500 сомонӣ кумак расонида шуд.
Дар доираи имконоти мавҷуда тадбирҳои амалӣ андешида, корҳои созандагиву ободонӣ, бунёдкорӣ, таъмиру тармими роҳҳо, пулҳо, иншоотҳо, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва иҷрои ҳамаҷонибаи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия роҳандозӣ гардидааст. Дар байни аҳолии ноҳия мунтазам корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ҷиҳати инъикоси нақшу арзишҳои Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, созандагию ободкорӣ дар байни аҳолии ноҳия ба сомон расонида шуданд.