“Бузургӣ ва аҳамияти  Конститутсия-ин санади  муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки  бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи  майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст.”

Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсия дар баробари дигар  арзишҳо аз муқаддасоти  давлат ва миллат ба ҳисоб меравад, ки дар он заминаҳои бунёдёбии давлат мустаҳкам гардидаанд. Воқеан, барои ташаккул ва инкишоф ёфтани давлат нақши Конститутсия хеле муҳим ва ҳалкунанда мебошад.

Зеро конститусия муайянкунанда ва танзимкунандаи кулли муносибатҳои муҳими сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ буда, сарчашмаи асосии танзими идоракунии давлат мебошад.

Дар зери мафҳуми Конститутсия одатан Қонуни асосии давлат фаҳмида мешавад, ки дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, сохтори давлатӣ ва маъмурию ҳудудӣ, сохтори ҷамъиятӣ, вазъи ҳуқуқӣ-конститутсионии инсон ва шаҳрванд, тартиби таъсис, шаклҳои фаъолият ва салоҳияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ муқаррар ва танзим карда шудааст. Худи истилоҳи  “конститутсия” мазмуни асос, сохтор ва муайянкуниро дорад.

Конститутсия ҳамчун санади олӣ ва муҳимтарини сиёсӣ-ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии бунёди ҷомеа ва давлат мебошад. Ва мувофиқи хусусияти сиёсии худ ҳуҷҷати ҷозибаноки муттаҳид ва сафарбаркунандаи тамоми мардум аст. Ва чун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Одатан дар он шакли ҳуқуқии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёрии давлат, сохтори ҷамъиятӣ ва давлатӣ, шакли идораи фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, тарзи таъсис ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, таъсис ва фаъолияти мақомоти худидораи маҳаллӣ алоқаманд, муайян ва танзим карда мешаванд.

ТАЪРИХИ КОНСТИТУТСИЯ ВА МАРҲИЛЛАҲОИ ҚАБУЛ

Агар ба таърихи давлатдории тоҷикон аз замони ташкилёбии он ҳамчун давлати воҳид назар афканем, он дар ҳар  марҳила, чӣ дар замони Ҷумҳурии мухторӣ ва чӣ дар замони Ҷумҳурии иттифоқӣ дорои конститутсияи худ буд.

Дар баробари фаро расидани Истиқлоли давлатӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули конститутсияи нав ба миён омад, зеро ҳадафи пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моҳияту мазмуни конститутсияи қаблӣ мувофиқат намекард. Ҳамин буд, ки дар таърихи  давлатдории тоҷикон аввалин маротиба тарҳи лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раъйпурсии умумихалқӣ гузошта, қабул карда шуд..

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Конститутсияи соли 1994 қабулгардида ба моҳият ва мазмуни давлатдории замони муосир ҷавобгӯ буда, падидаҳои гуногуни сиёсию ҳуқуқиро  ба монанди асосҳои сохтори конститутсионӣ, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, ташкилёбии мақомоти олии  ҳокимияти давлатиро дар худ мустаҳкам намудааст. Конститутсияи соли 1994 қабулгардида, аз Конститутсияҳои қаблӣ пеш аз ҳама бо шакли қабул, сохтор, моҳият ва мазмун тафовут дорад. Аввалин маротиба конститутсияи соли 1994 усули таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ҷудо мешавад.

Албатта, конститутсия ҳам, ба мисли дигар санадҳои ҳуқуқӣ мавриди тағйиру иловаҳо қарор мегирад. Дар муддати 31 соли соли амал, ба он 3 маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудааст. (солҳои 1999, 2003, 2016).

Тағйироту иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид карда шудаанд, пеш аз ҳама меъёрҳои  Конститутсияро тақвият бахшида, амали бевоситаи онро боз ҳам, мустаҳкамтар намуданд. Конститутсия санади махсуси олии ҳуқуқиест, ки бо эътибори олии ҳуқуқии худ аз дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ фарқ мекунад. Ҳеҷ як қонуни дигар  бо эътибори ҳуқуқии худ ба он баробар шуда наметавонад. Конститутсияи Тоҷикистон дорои ҳамаи он хусусиятҳое мебошад, ки  умуман ба қонунҳо хосанд. Дар баробари ин Конститутсия хусусиятҳои ҳуқуқие дорад, ки қонуни махсус будан ва нисбат ба дигар қонунҳо  бартарӣ ва қувваи  махсуси олии ҳуқуқӣ доштани ӯро нишон медиҳанд.  Аз ин рӯ Конститутсия  ҳамчун санали олии ҳуқуқӣ, манбаи дигар санадҳои  ҳуқуқии дар миқёси давлат амалкунанда, ҳамчун қонуни қонунҳо дорои хусусиятхои фарқкунанда мебошад.

Мавқеъи конститутсия дар муайян кардани мазмуну таъиноти қонунҳои нави сершумор ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон, дар татбиқи асосҳо  ва заминаҳои нави давлатдорӣ хеле калон аст. Аз ин рӯ конститутсия ва ҳолату меъёрҳои он дар ташаккулёбии низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории ҷумҳурӣ, дар пойдор гардидан ва камолоти давлатдорӣ дар кишвари мо нақши назаррас дорад.

Моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ирода ва манфиати халқи ҷумҳурӣ буда, меъёрҳоеро муқаррар мекунад, ки таркиби сохторҳои ҷамъият, давлат, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, низом ва тартиби таъсису фаъолияти мақомоти давлатӣ, мақомоти худидораи маҳаллӣ, ҳолати ҳуқуқии шахсони мансабдор ва салоҳияти  онҳоро муайян менамояд.

НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ҲИФЗИ СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ЯГОНАГИИ ДАВЛАТ

Конститутсия рамзи давлатдории мустақил, озодӣ ва кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, баёнгар ва таъминкунандаи  соҳибихтиёрӣ ва ягонагии давлат мебошад.

Бори нахуст дар таҷрибаи пасошӯравӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардидани  Конститутсия дар ҷумҳурии тоза ба истиқлол расидаи Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон , воқеан, рӯйдоди басо муҳими таърихӣ ва тақдирсозу кафолати татбиқи  ормонҳои деринтизори  миллӣ гардид. Ин санади сарнавиштсоз барои халқ асрҳои зиёд аз ҷафоҳои таърих ва ниҳоят аз оташи ҷанги таҳмилии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ азияткашида, вале ҳамвора пурталошу сулҳҷӯ ва ваҳдатгарои тоҷик чун бахтномаи ояндаафруз ва шиносномаи давлатдории навини миллӣ, масири рушро  муайян намуд. Бо шарофати Конститутсияи навин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози ҳуқуқӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ гардида, бо роҳандозии сиёсати “Дарҳои боз” таваҷҷуҳи кишварҳои дуру наздикро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ҷалб намуд, ки натиҷаи онро мо дар сармоягузорӣ, таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои бонуфузи байнамиллалӣ ва ғ. дида истодаем.

Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Конститутсия ҳамчун дастоварди мардуми кишвар заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқи давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.”

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар пояи арзишҳои таърихии  ниёгони тоҷик, унсурҳои неки инсонпарваронаву башардӯстонаи ориёӣ ва бо назардошти  ормонҳои таърихии миллат, дарки манфиатҳои давлат, эҳтиром ба арзишҳои  эътирофшудаи умумибашарӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ҳифз ва таҳкими  Истиқлоли давлатӣ таҳия ва қабул шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон дошта, барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро кафолат додааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: “Бузургӣ ва аҳамияти ин санади  муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки  бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва ба роҳи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи  майлу иродаи шаҳрванони мамлакат қабул карда шудааст.”

КОНСТИТУТСИЯ ҲАМЧУН ДАСТОВАРДИ ТАЪРИХӢ  ВА ВАСИЛАИ ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Мардуми шарифи Тоҷикистон бо такя ба хиради азалии фарзанди вафодори миллат, дӯстдори пиру ҷавони кишвар, набзшиноси давру замон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Конститутсияи давлатдории навини хешро дар  айёми ниҳоят ҳасоси  таърихӣ таҳия ва қабул намуда, ба ҷомеаи мутамаддин бори дигар исбот намуд, ки халқи тоҷик воқеан,ворисони арзандаву посдорандаи  арзишҳои ниёгони хеш, хоса яке аз чеҳраҳои  барҷастаи арсаи сиёсат ва давлатдории сатҳи ҷаҳонии аҳди бостон Куруши Кабир мебошад.

Бо самимият, мардуми сарбаланди ноҳияи Сангворро  ба муносибати Рӯзи Конститутсия, ки рамзи соҳибихтиёрӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва таҳкими давлатдории миллӣ мебошад, табрик мегӯям.

Мо, кормандони мақомоти прокуратура, ҳамеша вазифадорем, ки амалишавии меъёрҳои конститутсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро таъмин намоем ва бо тамоми қувва дар таҳкими адолат, риояи қонун ва ҳимояи манфиатҳои давлат саҳмгузор бошем!

Собирзода Акобир, Ҳуқуқшиноси дараҷаи 2,

ёрдамчии калони прокурори н. Сангвор