Дар фаъолияти давлатдорӣ нақш ва мавқеъи чунин истилоҳҳо ба монанди худшиносии миллӣ, худогоҳии миллӣ, ҳуввияти миллӣ, ватандӯстӣ басо баланду боло ҳастанд ва инҳо унсурҳои асосие мебошанд, ки асоси ҳар як давлати миллиро ташкил медиҳанд. Шахсиятҳои барҷаставу машҳури олам ному мавқеъ ва ҷойгоҳ аз худшиносиву худогоҳӣ ба баландтарин нуқтаи мақсуди хеш расидаанд.
Дар пасманзари ин андешаҳо мехоҳам ин нуктаро баён созам, ки давлат он вақт рушд мекунад ва пеш меравад, ки шаҳрвандону сокинон бо меҳру муҳаббату садоқат ба давлату ба миллат ба таъриху фарҳанги хеш рӯ меоранд ва меҳри ватандорӣ дар қалбашон ҷуш мезанад. Вақте, ки ҳиссиёти ватану ватандорӣ, дӯстдории давлат, меҳри миллат, арҷ гузоштан ба гузаштагони худ, ҳурмату иззати таъриху фарҳанги гузаштаи худ дар қалби ҳар шаҳрванд ҷойгир мешавад, ӯ намегузорад, дар марзи ватани хеш пойи бегона расад, ва андешаи миллиаш устувору пойбарҷо мемонад.
Бояд зикр кард, ки агар дар қалби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисси баланди ифтихор аз халқи тоҷик, меҳру муҳаббату садоқат ба ҳамин халқ ба ҳамин миллат, дуруст дарк кардани таърихи гузштаи мо ва эҳсоси баланди хизмат ба ҳамин халқ намебуд, ин давлати Тоҷикистон то ин дараҷа пеш намерафт. Яъне бубинед, ки бузургтарин хислатҳои асосии инсон, ки онҳо хусусиятҳои фардӣ мебошанд, асоси пешрафти давлатро ифода мекунанд. Барои ҳамин ҳар вақте, ки мо дар бораи фаъолияти Пешвои миллат гап мезанем, ҳамаи ин унсурҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ , ки сарчашмаи кору фаъолияти роҳбари моро ташкил медиҳанд, онро қайд мекунем. Ва бинед, ки роҳбари давлати мо дар давраи фаъолияти кориаш як мактаби бузурги ватандорӣ, ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ , ҳуввияти миллиро дар байни элитаи сиёсӣ, элитаи ҳуқуқӣ, элитаи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон ва дар дили ҳар як шаҳрванди мамлакат ҷо кард, ки ин намунаи барҷастаи давлатдорӣ ва намунаи олии меҳру муҳаббат, садоқат ба давлат ва миллат мебошад.
Инкишофи худшиносии миллӣ ба ҳар як миллат имкон медиҳад, ки миллат ҳамчун гурӯҳи устувори таърихан ба вуҷудомадаи одамон, ки дар заминаи забони умумӣ, ҳудуди зист, ҳаёти иқтисодӣ, фарҳанг ва хислати ба худ хос ташаккул меёбад, фарқкунанда пеш равад.
Хусусияти миллӣ, ҳамчун як шакли фаъолияти устувори ҳар миллат аст, ки имконияти пешравиро медиҳад. Ва миллат дар фаъолияти давлатдорӣ, дар сиёсати дохиливу хориҷӣ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд дар худ хислати асосӣ-худшиносии миллиро дошта бошад, ки пеш аз ҳама ҳамон унсурҳои асосӣ, элементҳои этникӣ, таърихию фарҳангии худро дарк ва муайян кунад, онҳоро ҳамчун арзиш эътироф намояд. Дар ҳамон вақте, ки арзишҳои худро мешиносад, худшиносии миллӣ дорад, ӯ метавонад, ки бо дигарон баробар ҳарф занад, ва манфиатҳои давлату миллати худро ҳимоя кунад.
Инчунин, мафҳуми худогоҳии миллӣ аст, ки худро чун миллат дарк кардани инсон аст. Яъне, вақте, ки мо дар бораи худогоҳии миллӣ сухан мегӯем, ин мазмуни онро дорад, ки ҳар як инсон худро ҳамчун миллат дарк мекунад. Яъне, агар мо ба таърих нигоҳ кунем, аввалин умумияти одамон авлод, қабила ва халқият, халқ ва миллат буд. Одамон дар эволютсияи таърихи дуру дарози инкишофи худ ба дараҷаи халқу миллат расиданд. Ва бинед, ки худогоҳиро ба миллат ҳам нисбат медиҳанд, ки инҳо элементҳои асосии миллат мебошанд.
Дар замони имрӯза дарк кардани манфиатҳои миллӣ, худшиносии миллӣ, худро дарк кардан ҳамчун миллат, андешаи миллӣ , мақсади рафтори миллӣ, манфиат ва мавқеи ҳар як шахс дар ҷомеа манфиатҳои миллии давлатро муайян мекунанд.
Дар замони имрӯза, ки замони бархурди абарқудратҳои ҷаҳон, яъне давраҳои хавфноктарини ҷаҳон аст, мо бояд дар навбати аввал худшиносиву худогоҳӣ, ҳуввияти миллӣ ва ватандӯстии худро инкишоф диҳем. Агар дар халқи мо ҳамин хислатҳо набошад, мо дар бораи ояндаи давлат ҳарф зада наметавонем.
Ин ҷо бояд тазаккур дод, ки элементҳои асосии худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ҳуввияти миллӣ ин пеш аз ҳама аз муҳити оила сар мешавад. Оила барои тарбияи фарзандон ин элементҳои муҳимро бояд аз синни хурдсолиашон дар замири онҳо ҷой кунад. Ва баъдан тамоми муассисаҳои таълимиву умумӣ дар таълими худшиносу худогоҳии миллӣ ва ватандӯстиву ҳуввияти миллӣ нақш ва мавқеи баландро дошта бошанд.
Ба шароити имрӯза назар карда, мо бояд хуб дарк кунем, ки манфиатҳои миллии мо рушду таҳкими давлати Тоҷикистон, рушди иқдисодиёти миллӣ, вазъи иҷтимоӣ, некуаҳволии мардум танҳо барои мо аст. Мо бояд тамоми кӯшишро сарф кунем, ки дар ҳудуди Тоҷикистон нисбати ҳамин масъалаҳо пешрафта бошем.
Дар замони имрӯза ба дигар давлатҳо такя доштану эътиқод кардан хуб нест, чунки ҳар давлату миллат бояд заминаи иқтисодӣ, иҷтимоиӣ, фарҳангӣ ва моддиро то ҳадди имкон ба миён оварад, ки дар шароити муборизаи геополитикии давлатҳо, онҳо мехоҳанд, ҷахони амалан тақсимшударо боз аз нав тақсим созанд ва зери нуфузи худ дароранд. Бо ҳамин роҳ ба дигар давлат ва ба дигар абарқудратҳо зарар расонанд, мо бояд дар ҳамин давра ба ҳамин масъалаҳо аҳамияти ҷиддӣ диҳем.
Мебояд шукри Истиқлолро кунем, ки Истиқлол ба мардуми Тоҷикистон пеш аз ҳама мафҳуми давлатдории миллӣ , худшиносӣ ва ҳуввияти миллиро дод. То ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ , мо имконияти фаҳмиши ҳамин масъалаҳоро надоштем...
Пас мебояд, бо ифтихори миллӣ, бо андешаи созандаи миллӣ, бо талошу заҳмати миллӣ, бо ҳуввияти баланди миллӣ ва садоқати ватандорӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат сарҷамъ бошему, дар роҳи мактаби бузурги ватандории ӯ қадамҳои усутвор бардорем...!
Муҳамадсолеҳ Муҳамадизода,
муовини аввали раиси ноҳияи Сангвор









