Дар доираи ”Моҳвораи ҷавонон” бахши кор бо ҷавонон ва варзишӣ ноҳия тибқи нақша – чорабини бахш, яъне баргузории хониши сиёсӣ аз рӯйи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони ҷамоатҳои деҳот, бахши кор бо занон ва оила, бахши Хадамоти муҳоҷират, муассисаи давлатии мактаби варзишӣ, шуъбаи маориф, суди ноҳия, прокуратураи ноҳия ва ШВКД дар ноҳия   дар давраи ”Моҳвораи ҷавонон”  дар  ҷамоатҳои деҳот бо ин қишри пешбарандаи ҷомеа –ҷавонон ва волидайни эшон аз наздик вохӯрда, оиди мавзӯъҳои рӯзмара ва мубраму доғи рӯз  сӯҳбату вохӯриҳо гузарониданд. Аз ҷумла оиди ғамхориҳою дастгирии шабонарӯзи сарвари кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ин қишри ҷомеа ва муҳайё намудани шароити зисту зиндагонӣ ва таҳсил дар кишвар ва берун аз он, ҳифзи якпорчагии ин Ватани маҳбуб, муқаддасоти миллӣ ва фирефта нагаштани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва дарк намудани сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар ва аз даст надодани зиракии сиёсӣ дар замони ҷаҳонишавӣ  ва таҳлили бандҳои Паёми сарвари кишвар буданд мавзӯъҳое, ки ҳангоми ингуна вохӯриҳо гӯшраси иштирокчиён гардиданд. 

        Дар ин гуна чорабиниҳо зиёда 600 нафар ҷавонону наврасон волидон ва ихтиёриён ширкат варзида, ғизои маънавӣ гирифтанд. Дар ин суҳбату вохӯриҳо муовини раиси ноҳия Олимов Абдулло, мудири бахши кор бо занон ва оила Исмонова Назокат, мудири шуъбаи маориф Солиҳзода Рухшона, мудири бахши Хадамоти муҳоҷират Резвонов Салоҳиддин, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ Хошоков Иброҳим, раиси суди ноҳия Салимзода Муҳаммад, прокурори ноҳия Халилов Абдураҳмон, сардори шуъбаи амният Досов Хуршед ва сардори ШВКД Раҳимзода Файзулло иштирок намуда, дар мавзӯъҳои дар самти худашон вобаста бо ҷавонон ва волидайни эшон суҳбат намуданд. Ингуна суҳбату вохӯриҳо ба баланд бардоштани дарки маърифати сиёсию фарҳангӣ ва маърифатию варзишии ҷавон мусоидат хоҳанд намуд. Ҳамзамон ин суҳбату вохӯриҳо дар як сатҳи хуб гузаронида шуданд.