- Диданд: 471
DUSHANBE, 01.12.2023 (NIAT Khovar) – On December 1, Tajik city of Buston hosted a meeting between the co-chairs of the governmental delegations of Tajikistan and the Kyrgyz Republic on the border delimitation and demarcation Saimumin Yatimov and Kamchybek Tashiev.
The parties positively assessed the work of the governmental delegations on the border delimitation and demarcation.
They noted the need to intensify the process to complete the description of the passage of the project line of the Tajik-Kyrgyz state border in the remaining sections.
- Диданд: 479
Маркази назарсанҷии "Геллап" (Gallup) Тоҷикистонро дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой додааст, ки "сокинонаш ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона эҳсоси хатар намекунанд".
Натиҷаи ин назарпурсӣ дар ҳоле нашр мешавад, ки бар асари бераҳмӣ ва бадрафтории полис дар як соли охир дар Тоҷикистон дастикам ду нафар кушта ва даҳҳо тан шиканҷа дидаанд.
Гузориши нави "Геллап" охири моҳи октябр нашр шуд ва хулосаи сокинонро дар бораи боварӣ ба пулис ва эҳсоси хатар ва амнияташон дар 142 кишвари ҷаҳон дар бар мегирад.
Дар ин раддабандӣ ё рейтинг Тоҷикистон бо 96, Финландия ва Исландия бо 92-холӣ дар садри кишварҳои амни ҷаҳон ҷой гирифтаанд.
Муаллифони гузориш мегӯянд, аз ҳазор сокини Тоҷикистон рӯбарӯ пурсидаанд, ки ба пулиси маҳаллӣ эътимод доранд ва аз саёҳати шабона дар кишварашон метарсанд, ё не? Ба хулосаи "Геллап", аксари пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки ба пулис эътимод доранд ва ҳангоми гаштугузори шабона хатареро эҳсос намекунанд.
Назарпурсӣ дар 141 кишвар тариқи телефон ё рӯбарӯ сурат гирифтааст. Аз ҳар кишваре ҳудуди ҳазор нафар дар ин назарпурсӣ ширкат кардаанд.
Тақрибан аз 10 нафар 7 нафар ё 71 % дар саросари ҷаҳон гуфтаанд, дар соли 2022 ҳангоми шабона дар маҳалли зисти худ танҳо сайругашт кардан худро амн ҳис кардаанд. 72 дарсад гуфтаанд ба пулиси маҳаллӣ боварӣ доранд. Тақрибан аз ҳашт як нафар гуфтаанд, ки дар соли гузашта амволи онҳо ё аъзои дигари оилаашон дуздида шудааст. Аз 16 нафар як нафар гуфтааст, ки дар соли гузашта мавриди ҳамла ё дуздӣ қарор гирифтааст.
Бори аввал дар чунин як пурсише Тоҷикистон бо гирифтани 96 хол дар ҷои якум ва Либерия бо 49 хол дар зинаи охирин қарор гирифтаанд. Дар чанд соли гузашта ин ду зинаро мутаносибан Сингапур ва Афғонистон ишғол мекарданд.
- Диданд: 488
ДУШАНБЕ, 10.16.2023 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябри соли 2023 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар шаҳри Бӯстони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии навбатии роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар мулоқот роҳбарони ҳайатҳо аз ҷараёни иҷрои тавофуқҳои ду ҷониб оид ба аломатгузории гузариши хати лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ба гурӯҳи кории топографӣ ва гурӯҳи кории масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷиҳати ҷоннок намудани кор ва ҳалли тамоми масъалаҳои мавҷудаи наздисарҳадӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.
Роҳбарони ҳайатҳо бо натиҷагирӣ аз фаъолияти гурӯҳҳои корӣ бори дигар муҳиммияти имзои Протоколи №44 аз 2 октябри соли 2023-ро вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои ҷорӣ ва суръат бахшидани раванди делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон таъкид намуда, барои татбиқи таъхирнопазири бандҳои он изҳори омодагӣ намуданд.
Ҷаласа дар фазои дӯстона ва ҳусни ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.
Саҳифаи 29 аз 36



