Бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуктаҳои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷамоатҳои деҳоти Чилдара ва Ваҳдат бо роҳбарии Абдулло Олимзода, муовини раиси ноҳия ва иштироки дигар масъулон, бо сокинони ҷамоатҳо, фаъолон ва омӯзгорон ҷамъомад баргузор гардид.

Зимни баромади худ Абдулло Олимзода таъкид намуд, ки дар шароити ҷаҳони пуртазоди имрӯза муҳимтарин василаи ҳифзи давлату миллат ин худшиносӣ, ваҳдати миллӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Ӯ иброз дошт, ки маҳз ин арзишҳо метавонанд ҷомеаро аз ҳар гуна таҳдидҳо эмин нигоҳ доранд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва густариши имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳамаи соҳаҳо самаранок истифода бурда шуда, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасониҳо табдил дода шаванд. Ин нуктаҳо тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат дар Паёми навбатӣ таъкид шудаанд.

Дар ҷараёни ҷамъомад инчунин масъалаҳои марбут ба низоми андоз, таъмини барқ, рушди соҳаи кишоварзӣ, таҳкими иттиҳоду ҳамбастагии мардум ва саҳми онҳо дар пешрафти Тоҷикистони азиз мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки сокинони ҷамоатҳо ҳамасола Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо самимият ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ истиқбол намуда, онро ҳамчун роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар арзёбӣ мекунанд.