Рӯзи 4 –уми апрел дар ҷамоати деҳоти Тавилдара, шаҳраки Сомондеҳ Наврӯзи байналмилалӣ бо шаҳомати зебо  таҷлил гардид. Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонони аз гӯшаву канори кишвар омада, бо ҳузури раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат ва ҳайати масъулин ба ҷашни миллӣ ҳамроҳ шуданд.

Наврӯз ҳамчун рамзи суннат ва фарҳанги қадимаи мардуми тоҷик бо маросимҳои хоси худ оғоз гардид. Сокинон бо эҳсоси баланди миллӣ ва шодмонӣ ба иҷрои маросимҳои суннатӣ шурӯъ карданд. Бо омодасозии хӯрокҳои миллии махсус, аз ҷумла суманак,  далда, дангича, ошу курутобу  шакароб ва оши буридаву дастархонороии диққатрабо Наврӯзро истиқбол карданд.

Меҳмонон аз гӯшаву канори кишвар, инчунин аз ноҳияҳои ҳамсоя, бо шавқу ҳавас аз навъҳои гуногуни таомҳо дидан намуданд ва бо сокинон ҳамроҳ шуданд.Барномаи фарҳангии Наврӯз бо иштироки ҳунармандон ба фазои шаҳрак танин андохт.

Дар идомаи ин тантанаҳо варзишҳои миллӣ, ки ҳамеша ҷузъи ҷашнҳои Наврӯз ба ҳисоб мераванд, баргузор гардиданд. Аз ҷумла тухмҷангу хурусҷанг, гуштини миллӣ, ки паҳлавонон аз гӯшаву  канори кишвар иштирок намуданд. Ҳамчунин бандкашӣ ва дигар варзишҳои суннатӣ диққати сокинону меҳмононро ҷалб намуд.

Наврӯз, ки китоби нохондаро мемонад, дар худ  суннатҳои миллиро нигоҳ дошта, ин анъанахо ба насли нав интиқол меёбанд.

Н. Алиева