3 октябр, дар толори Қасри фарҳанги ноҳия Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошукӯҳ таҷлил гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти қудратӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони ноҳия ширкат варзиданд.
Муовини якуми раиси ноҳия Муҳаммадзода Муҳамадсолеҳ барномаро бо сухани тарбрикотии Раиси ноҳия ифтитоҳ намуда, паём ва табрикоти ӯро ба самъи иштирокдорон расонда, ҳозиринро бо ин рӯзи фархундаи миллӣ табрик намуд. Ӯ зикр кард, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки омили бақои миллат, таҷассумгари таърихи ҳазорсолаи халқ ва пояи ҳувияти миллӣ мебошад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳар як шаҳрванд, бахусус ҷавонон, бояд барои ҳифз ва риояи забони давлатӣ масъулият ҳис кунанд ва онро бо забони поку шевои тоҷикӣ ба наслҳои оянда мерос гузоранд.
Дар идомаи чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ бо шеъру таронаҳо ва порчаҳои адабӣ дар васфи забони тоҷикӣ ба ҳозирин пешниҳод карда шуд. Иҷрои шеърҳои классикон ва муосирон, таронаҳои ватандӯстона симои маънавии ин рӯзи пурифтихорро боз ҳам шаҳомати хоса бахшид.
Нурзода Туйчӣ