Имрӯз мушоҳида мешавад, ки қисме аз ҷавонони мо на саводи кофӣ доранду на дониши  ҳақиқӣ,  онҳоро зуд ба дом меандозанд. Зеро саводи гӯшӣ доранд,  яъне маълумотро мешунаванд, бе таҳлил қабул мекунанд ва дар зеҳнашон ҷой медиҳанд. Онҳо одат кардаанд, ки ахбору маълумотро аз шабакаҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳои гуногун, видеову подкастҳо шунаванд, вале  андак вақт барои тафаккур, таҳлил ва муқоисаи мантиқӣ ҷудо намекунанд. Ин гӯна амалу рафтору ба қавле  "савод", сабаб мегардад, ки ҷавонон зуд ба доми таблиғот, ваъдаҳои пуч ё суханони ба назари онҳо “ҷолиб”- у таъсирбахши гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ афтанд.

Боиси таассуф аст, ки миллате, ки тамаддундор асту таъриху фарҳангаш оламшумул, ба номаш  доғ меоранд.

Намедонанд, андеша низ ба сар надоранд, вале аз худу дигарон суол намекунанд, ки манбаи хабарҳо аз куҷост? Оё воқеан дуруст аст? Магар ин иттилоъ бар асоси далелҳо аст ё  дар пояи манфиатҷӯиҳо? Ва аз ҳама муҳим, чӣ оқибат метавонад дошта бошад?

На танҳо ҷавонон, ҳатто калонсолон низ баъзан саводи воқеӣ надоранд. Онҳое, ки маърифати баланду худшиносӣ доранд, маводи ҳар сомонаву шабакаеро ҳам хонанд,  таҳлил мекунанд, муқоиса месозанд ва баъдан хулосабарорӣ намуда,  ба осонӣ фирефтаи ҳар гуна андеша намешаванд. Аммо, вақте  мағз холӣ асту кор намекунад ва чашм миллатро намешиносад,  бе таҳлил ва бе баррасии танқидӣ,  онҳое, ки дар ниқоби дин баромад мекунанд, аммо дар дилу ният, миллатҳоро аз байн бурдан мехоҳанд ва идеологияи пурзӯрро барои “ҷавоншикор” роҳандозӣ кардаанд, онро пайравӣ мекунанд. Ва наздикони хешро ба гирдоби ғаму андӯҳ парт мекунанд.

 Пас, роҳ чӣ аст? Ё ҷавонон  чӣ гӯна бояд саводи расонаиро аз худ кунанд?

Дар замони мо, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба як бахши ҷудонашавандаи зиндагии ҳаррӯзаи ҷавонон табдил ёфтаанд, доштани саводи расонаӣ  муҳим арзёбӣ мегардад.  Ҷавонон ҳар рӯз бо садҳо хабару иттилоот, наворҳо ва навиштаҳо рӯбарӯ мешаванд, ки на ҳамеша дуруст ва боэътимоданд.

Бисёр вақт, хабарҳои бардурӯғ (фейк), маълумоти таҳрифшуда ё таблиғоти зиддиманфиатӣ ба таври васеъ дар шабакаҳо паҳн мешаванд. Агар шахс саводи расонаӣ надошта бошад, метавонад зуд ба чунин иттилооти нодуруст бовар кунад ва ҳатто онро паҳн намояд. Ин бошад, метавонад ба фикру андешаи ӯ таъсир расонад, рафторашро тағйир диҳад ва дар баъзе ҳолатҳо, ба амалу қарорҳои хатарнок оварда расонад.

Агар ҷавоне ин лаҳза ин сатрҳоро мехонад, бояд ба худ савол гузорад, ки саводи расонаӣ чист?

Саводи расонаӣ қобилиятест, ба шахс имкон медиҳад, ки  манбаъи хабарро муайян кунад, ҳақиқати иттилоотро санҷад, хабару маълумоти дурустро аз бардурӯғ фарқ намояд, мазмуни таблиғот ва пропагандаро дарк кунад, мустақилона фикр намояд ва ба таҳлил қодир бошад.

 Ё  ҷавоне ҳаст, ки мепурсад, чаро маҳз ҷавонон ба он ниёз доранд?

Ҷавонон нерӯи фаъоли ҷомеаанд. Онҳо дар раванди қабул ва паҳнкунии иттилоот нақши калидӣ мебозанд. Агар ин қишри ҷомеа аз саводи расонаӣ бебаҳра бошад, метавонанд ба осонӣ ба доми таблиғот, иттилооти иғвогарона ва ҳаракатҳои манфӣ афтанд. Аммо, агар онҳо омӯзанд, ки чӣ гуна иттилоотро дуруст таҳлил кунанд, метавонанд ҳамчун муҳофизони ҳақиқат ва паҳнкунандагони дониш дар ҷомеа баромад кунанд. Ва анна бо ҳамин  силоҳ, яъне дониши расонаиву худшиносӣ  дар ин пойгоҳҳои иттилоотӣ баромад намоянд.

Бояд бо таъкид гуфт, ки ҳар чизе, ки дар интернет мебинӣ, наметавонад ҳақиқат бошад. Набояд ба ҳар хабар бидуни таҳқиқ бовар кард. Донистани манбаъ ва мақсади иттилоот, қисми муҳими шуурнокӣ ва худшиносӣ аст.

Миллате ки ҷавононаш худшиносӣ надоранд, дар роҳи гум кардани ҳувият, арзишҳо ва истиқлоли фикриву фарҳангӣ қарор дорад.

Зумрае аз ҷавонон имрӯз  майдони гаштугузорашон танҳо майдони сомонаву шабакаҳои иҷтимоист, на тамошои филмҳои таърихӣ ва мустанадҳои миллӣ. Вохӯриҳо бо олимон, равшанфикрон ва шахсиятҳои миллӣ кайҳо аз ёдгӯшаи ҳамаи мо рафтааст.

Саволи матраҳ низ ҳамин аст, ки: оё иддае аз ҷавонони гумроҳ эҳсос мекунанд,  ки таърихи ниёгонаш таърих ва  ифтихори онҳост, ва онҳо низ масъуланд,  ки онро идома диҳанд...???

Абдулло Олимзода, муовини раиси ноҳияи Сангвор