Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар беморхонаи марказии ноҳияи сангвор бо фаро гирифтани шаҳрвандон ба ташхису муоина ва машварати ройгон гузаронида шуд.
Дар доираи таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Сангвор чорабинии муҳими тиббӣ баргузор гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ оид ба ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳо буд. Ин иқдоми хайриявӣ бо фарогирии васеи сокинони ноҳия ба роҳ монда шуда, шаҳрвандон имконият пайдо карданд, ки аз ташхису муоина ва машварати ройгони мутахассисони соҳа баҳравар гарданд.
Чорабинӣ аз субҳи барвақт оғоз гардида, садҳо нафар сокинони ҷамоатҳои гуногуни ноҳия ба беморхона муроҷиат намуданд. Барои қабули беморон ва хизматрасонии босифат табибони соҳибтаҷриба аз бахшҳои гуногун сафарбар карда шуданд. Аз ҷумла, мутахассисони соҳаҳои терапия, кардиология, педиатрия, эндокринология, ҷарроҳӣ ва дигар самтҳо ба шаҳрвандон хизмат расониданд.
Дар ҷараёни ташхис шаҳрвандон аз муоинаи умумии тиббӣ ройгон гузаронида шуданд. Аз ҷумла, ченкунии фишори хун, ташхиси фаъолияти дил тавассути ЭКГ, таҳлилҳои лабораторӣ – аз қабили таҳлили хун ва пешоб, муайян намудани сатҳи қанди хун ва дигар санҷишҳои зарурӣ ройгон анҷом дода шуданд. Инчунин, барои занон ташхисҳои гинекологӣ ва барои кӯдакон муоинаи педиатрӣ ташкил карда шуд.
Мутахассисони тиббӣ зимни машваратҳо ба шаҳрвандон оид ба пешгирии бемориҳои маъмул, тарзи ҳаёти солим, ғизои дуруст ва аҳамияти машқҳои ҷисмонӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Баъзе шаҳрвандоне, ки дар ташхис иштирок карданд, изҳор доштанд, ки чунин чорабиниҳо барои онҳо хеле муфид мебошанд.
Аъзам Шарифхоҷаев, сардухтури беморхона зикр намуд, ки ҳифзи саломатии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, чунин иқдомҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Онҳо ҳамчунин таъкид карданд, ки дар оянда бо ҷалби гурӯҳҳои сайёри тиббӣ хизматрасонӣ дар деҳаҳои дурдасти ноҳия боз ҳам тақвият дода мешавад.
Бояд гуфт, ки Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамасола бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ таҷлил мегардад. Имсол низ дар ноҳияи Сангвор ин сана бо баргузории чунин чорабинии муҳим ва судманд қайд карда шуд.
Н. Алиева



