Имрӯз, 23-юми феврал, дар толори барҳавои Қасри фарҳанги ноҳияи Сангвор чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоқикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш сокинон, фаъолон, роҳбарони мақомоти қудратӣ ва намояндагони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок намуданд. Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, раиси ноҳияи Сангвор зимни баромади хеш ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда сидқан табрик гуфта, зикр намуд, ки таъсис ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун рукни муҳими давлатдорӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо талошу ҷоннисориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид.
Таъкид шуд, ки Артиши миллӣ имрӯз ба нерӯи пурқудрат ва сипари боэътимоди давлат табдил ёфта, дар ҳифзи суботу оромӣ ва таъмини амнияти кишвар нақши калидӣ мебозад. Раиси ноҳия иброз дошт, ки Ватан муқаддасоти олӣ буда, ҳимояи он қарзи шаҳрвандӣ ва вазифаи ҳар як фарди бонангу номус мебошад.
Ҳамзамон, дар фазои тантанавӣ ба шахсони ватандӯсту хизматнишондода барои саҳми арзандаашон дар таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон ва рушди ҷомеа сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиён гардида, фазои идонаро шукуҳу шаҳомати хоса бахшид.
Н. Алиева



