Хиёнат ба давлату миллат бахшиданӣ нест. Хоинон ҳамеша бо дассисаву таблиғоти хатарнок роҳу воситаеро ҷустуҷӯ мекунанд, ки ба субботи ҷомеа халал ва хатар эҷод кунанд.  Аммо, як ибораи мардумӣ аст, ки «саг меҷакаду корвон бо роҳаш меравад».

     Оре, хонандаи азиз!  Медонед, ки гап дар бораи кӣ меравад? Гап дар бораи Шарофиддин Гадоев,  воқеан гадову гадоевҳои дайдуи нокому номурод. Бо аккоси ин сагон ҳеҷ ҳадафи нопокашон сомон наёфт, барор нагирифт. Дар кишварҳоидигар паноҳгоҳ наёфтанд, Онҳо агарчӣ аз худ паноҳандаи сиёсӣ  ном мебаранд, аммо  на танҳо ба Тоҷикистони тозаистиқлоли мо хатарноканд, балки ба дигар кишварҳо низ чун «ангушти зиёдатӣ» ҷойгоҳ намеёбанд.

     Ҳамин аст, ки Шарофиддин Гадоев барои макони зисташро иваз  кардан, сафари Афғонистон кардааст.

     Хонандаи азиз, ба худ савол медиҳед, ки чаро ба дигар ҷо неву ба Афғонистон?!

     Ба ҳамон Афғонистоне, ки дар он ҷо террорист омода мекунанд….

     Ба ҳамон Афғонистоне, ки дар он ҷо мардумаш овораву сарсонанду ташнаи сулҳ…

    Ба ҳамон Афғонистоне, ки мардумаш аз гуруснагӣ ҷон мефурӯшанду имон….

     Ҳамон Афғонистоне, ки садои зан-модаронро ҳаром донистаанд, Ҳамон модароне, ки ба гӯши наслҳо алла мегӯянду онҳоро дар домони муҳаббаташон ба воя мерасонанд…

    Ҳамон Афғонистоне, ки ғарқаи хун асту фарзанди  ӯ дар ба дар…

     Ин сифатҳо поён надорад, вале андешаи инҷониб бар он аст, ки хонандаи азиз, ҳадафи моро пай бурд, дарк кард ва кифоя донистем…

     Акнун Шарофиддин Гадоев, дар он кишвари хунин бо чи мақсад рафтааст? Медонед?

     Мувофиқи маълумотҳои ба дастомада, ӯ  роҳу усулҳои тозатаре барои иҷрои амалҳои хоинонааш пайдо карданист ва барои ҳамкориву ҳамоҳангии ҳадафҳои нопокаш  «хоҷа» ҷустуҷӯ дорад. ТоТоҷикистоне, ки дар сархати кишварҳои сулҳпарвари ҷаҳон қарор дорад,  дубора ба ҷангу хун кашад, чун, ин гунахо инон манфиати хешро ҳамеша аз бесарусамонии мардум пайдо кардаанд. 

     Мардуми тоҷик  аз таърихи талх омӯхтаанд, ки бори дигар ба чунин сагони дайду (Маъзарат мехоҳам, хонандаи гиромӣ!) , ки бо супориши хоҷагони хориҷӣ мехоҳанд сулҳу оромии Тоҷикистони пур аз гулу  пур аз сулҳлро барҳам зананд, ҲАҚ намедиҳанд.

     Бале, ҲАҚ намедиҳанд, ки дастони олудаи душманон ва гадозодаҳо дубора  ба хоки муқаддаси мо дароз шавад.

     ҲАҚ намедиҳанд, ки заҳматҳои мардуми сарбаланди тоҷикро пойгоҳи манфиатхоҳиҳои аҷнабӣ, хоҷагони хиёнаткорон гардонанд…

     Ҳарчанд душманону хоинон аз дур ба истилоҳ чун сагони гуруснаву носер меҷаканду бо ҳар роҳу найранг кӯшиши халалдор сохтани оромиву пешрафти Тоҷикистонро доранд, аммо шуҳрати Ватани мо зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, бо ташаббусҳои наҷиб ва корҳои созандаи ӯ, дар арсаи байналмиллал рӯз аз рӯз бештар мешукуфад. Тоҷикистон ба рамзи сулҳофар, ҳамзистии осоишта ва ташаббускори масъалаҳои глобалӣ табдил ёфтааст.

    Ҳар коре, кибо нияти нек ва ба нафъи мардум анҷом меёбад, ҳатман садо дорад. Натанҳо дар дохил, балки берун аз марзҳо низ….

     Хоинону гадозодаҳо бояд ин хаёли хомро, ки марзи Тоҷикистонро убур мекунанду миллати сарбаланди тоҷикро бесаранҷом мебинанд,  аз сар бадар созанд. Чунки Тоҷикистон дигар саҳнаи таҷрибаҳои хунини аҷнабиён намешавад.  Душманон ҳарчанд бо ҳасад мечаканду тавтеа мебофанду бо ифротиҳову террористон мепайванданд, миллат бедору муттаҳид аст…

Оре, миллат бедору муттаҳид аст!!!

 

Наҳтутӣ Алиева, рӯзноманигор