ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛ

Бунёди корхонаи санг ва шағал дар ноҳияи Сангвор, то соли 2026 паёмест, ки мардумро руҳбаланд намуда ва бо имкониятҳои нави кору даромад ва рушди иқтисодӣ таъмин хоҳад кард.  Ҳамчунин корхонаи мазкур,  барои таъмини бозори маҳаллӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ мусоидат намуда, баҳри эҷоди ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ низ нақши муҳим хоҳад дошт.

Дар пайвастагӣ бо соҳибкорон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор кӯшиш мекунад, ки барои рушди соҳаҳои саноатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ шароити мусоид фароҳам оваранд. Маќомоти иљроияи њокимияти давлатии н. Сангвор бо соҳибкорон ҳамкорӣ намуда, барои рушди инфрасохтори дењот, дастрасӣ ба замин, пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва машваратҳои техникӣ мусоидат менамояд.

Дар зимн бояд таъкид кард, ки  дастгирињои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди саноати маҳаллӣ ва инфрасохтори деҳот нақши калидӣ доранд. Ин созандагиҳои соҳибкорон  ба сокинон имконият фароҳам меоранд, ки аз сарватҳои табиӣ ва имкониятҳои маҳаллӣ самаранок истифода бурда, шуғлҳои нави истеҳсолӣ ва соҳибкориро ташкил намоянд.

Ҳукумати мамлакат бо барномаҳои махсуси дастгирӣ, сармоягузорӣ ва таъмини инфрасохтор  кӯшиш мекунад, ки деҳот ва ноҳияҳои дурдаст бо технологияҳои замонавӣ таъмин шаванд ва ҷараёни истеҳсолот беҳтар  гардад.

Н. Алиева