Оид ба татбиқи Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  03  августи соли 2021, №222  «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  барои марҳилаи якуми солҳои 2021-2025»

        Имрӯзҳо яке аз проблемаҳои  замони  муосир  ин мубориза  бо коррупсия   мебошад.  Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Точикистон ва берун аз он бисёр фикру ақидаҳо пешкаш  шудаанд.   Аз  нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия»  аз калимаи лотинӣ «corruption», ки  бо маъноҳои  «харидан, вайронкунӣ  ва  ришвадиҳӣ»  фаҳмида мешавад.

     Барои  пешгирӣ аз ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ ва муборизаи беамон  бо   коррупсия  соли 2003  Конвенсияи  Созмони   Миллали  Муттаҳид  зидди коррупсия  қабул  карда  шуд.  Бо назардошти аҳамиятнокии  масъалаи мазкур соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи Кулли Созмони  Миллали   Муттаҳид  9  декабр ҳамчун рӯзи мубориза бо коррупсия  дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳуҷҷати мазкур 25 сентябрисоли 2006  имзо гузошт ва он аз ҷониби  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии кишвар 16  апрели соли 2008 тасдик гардид.  Аз ин рӯ, тибқи муқаррароти моддаи 10  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конвенсияи мазкур, ки аз  тарафи Ҷумҳурии  Тоҷикистон  эътироф гардидааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии  кишвар буда, конунҳои амалкунанда  бояд  мутобиқи талаботи он мувофиқ  гардонида  шаванд.

             Баъд  аз соҳибистиқлол гаштани Ҷ умҳурии Тоҷикистон дар  қатори дигар душвориҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию  фарҳангӣ ба проблемаҳои коррупсия рӯ ба рӯ гардид. Сабаюҳо ва омили  асосии густариши корупсия дар ҷомеаи мо аз як тараф паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва сатҳи зиндагии мардум, аз тарафи  дигар омода набудани мардум ба иқтисодиёти бозоргонӣ ва дарк накардани  қоидаҳои он буд.  Албатта,  паҳн  гаштани  коррупсия дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  Ҳукумати  кишварро ба ташвиш оварда  буд,  зеро раванди демократикунонии ҷомеа дар  рӯ ба рӯи коррупсия дар ҳолати осебпазирӣ  қарор дошт.  Аз ин рӯ, бо ибтикори Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор ислоҳотҳои ҳуқуқӣ дар самти танзими сохтори қонунҳо рӯйи кор омад  ва барои мубориза  бо коррупсия чораҳои  зарурӣ  андешида  шуданд.

        Баъди бомуваффақият имзо  гардидани   Созишномаи   умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон,  8 сентябри соли 1997  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон амнияти иқтисодии миллиро ҳамчун  моҳият ва ҳадафи мубориза бар зидди коррупсия дарк намуда, акидаи муҳими сиёсати зиддикоррупсионии давлатро иброз намуд: «Барои мо муҳим аст,ки барои хотима ёфтан ба порахурӣ, талаву  тороҷ кардани  амволи давлатӣ, амвол ва   саҳмияҳои халқ ва дигар ҷиноятҳои вазнин ба ягон кас, ба ягон   мансабдор,  сарфи назар  аз обурӯй ва  заҳматҳои қаблӣ сустқавлӣ нанамоем. Дар   таҳкурсии   чунин иродаи устувори сиёсати  зиддикоррупсионии  роҳбарияти олии кишвар  як қатор қонунҳо  ва  санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд. Аз ҷумла, соли 2005 Қонуни нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон   «Дар  бораи мубориза бар зидди коррупсия» мутобиқ  ба стандартҳои байналмилалии  зиддикоррупсионӣ, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2020  ва дигар санадҳо ба тасвиб  расидаанд.

        Дар асоси Стратегияи  муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии   Тоҷикистон барои солҳои  2013-2020,  бояд  дар  тамоми  вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи хокимияти давлатӣ барномаҳои идоравии мубориза бо коррупсия боназардошти соҳаи фаъолияти худ таҳия ва мавриди татбиқ қарор дода шуда буд.

         Қобили зикр аст, ки вобаста ба татбиқи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2013-2020»  қарори раиси ноҳияи Сангвор таҳия гардида, нақшаи чорабиниҳои он барои солҳои 2013- 2014, 2015-2016, 2017, 2018, 2019 - 2020  тасдиқ карда шудаанд.  Ташкилоту  муассисаҳо  ва мақомоти худидоракунии  деҳоти ноҳия  дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур нақшаи чорабиниҳои худро таҳия карда, онҳоро бо  қарори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор мутобиқ   намудаанд.

       Доир ба иҷрои банди 36-и Нақшаи чорабиниҳо  мукаммалсозии қонунгузории танзимкунандаи ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ ва бойгонӣ,  гузориш  ба шаклҳои электронии нигоҳдории онҳо, ҷиҳати  амалисозии ин мақсадҳо ба роҳ мондани хариди техникаи махсуси нусхабардор, ки тавассути он  дар бойгониҳои  идоравӣ ва ҷумҳуриявӣ (маҳаллӣ)  ҳуҷҷатҳои барои нигоҳдорӣ супоридашуда нусхабардорӣ гардида,  ба феҳристи ягонаи электронӣ ворид кардашавандаро муқаррар намуда, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор  баҳри амалисозии масъалаҳои болозикр тадбирҳои заруриро амалӣ намуд.

      Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи  Сангвор ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии   Тоҷикистон  аз 03  августи соли 2021,  №222  «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи 2030»  аз  21 июли соли 2022,№4,1-2054  тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст.

     Вобаста ба иҷрои банди 4  Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 03.08.2021,  №222  дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор аз 1 октябри соли 2021,  №312  қарори  раиси ноҳияи Сангвор ба тасвиб расидааст,  ки дар  асоси он   нақшаи  чорабиниҳои маҳаллӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  барои марҳилаи якуми солҳои 2021-2025  таҳия  гардида,  муовини якуми раиси ноҳия ва шахсони масъул  аз ҳисоби роҳбарони   ташкилоту   муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳот  оид ба таъмини иҷрои бандҳои “Нақша - чорабиниҳои Стратегияи  давлатии муқовимат бо коррупсия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030” вобаста карда шудаанд.

        Боиси қайд аст, ки ҳамасола Нақша - чорабиниҳо  ва Нақшаи  Шӯрои маҳаллии муқовимат бо коррупсия дар ноҳия тасдиқ карда шуда,  роҳбарони ташкилоту   муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот вазифадор карда шудаанд, ки оид ба иҷрои бандҳои онҳо чораҳои саривақтӣ андешида, аз натиҷааш ба мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии ноҳия маълумот ирсол намоянд. Масъалаи мубориза бо коррупсия зери  таваҷҷӯҳи доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  қарор  дошта,  дар машғулятҳои идоравӣ, ки хизматчиёни давлатӣ  ва инчунин дар маҷлисҳои назоратии назди раиси ноҳия, ки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок менамоянд,   масъалагузорӣ  карда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.

     Бо мақсади аз байни бурдани омилҳои инсонӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолияти рақамӣ ба роҳ монда шуда, гардиши ҳуҷҷатҳо тавассути ҳукумати электронӣ анҷом дода мешаванд.  Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо  иштироки намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ  гузаронида мешавад,  ки шахсони арзанда  ба мансаб таъин карда мешаванд.

      Дар нозироти андоз ҷиҳати татбиқи Стратегия  ва пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла:

     - ҷиҳати баланд  бардоштани обурӯи кормандони мақомоти андоз  дар ҷомеа, мустаҳкам намудани боварии  аҳолӣ ва фаъолияти шаффофи кормандони андоз, пешгирӣ ва роҳ надодани ба ҳамагуна зуҳуроти номатлуби коррупсионӣ ва иҷро намудани уҳдадории мансабӣ, Кодекси одоби касбии кормандони  мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст.

      - барои самаранокии фаъолияи мақомоти  андоз ва беҳтар намудани маъмурикунонии андоз  кормандони нозироти андоз дониш ва маҳорати касбии худро такмил медиҳанд;

      - ҷиҳати роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ ва таъмини риояи тартиби хариди давлатии мол кор ва хизматрасонӣ ва таъмини мақсадноки хароҷоти маблағҳои буҷетӣ ва махсус комиссияи доимоамалкунанда  таъсис дода шудааст;

     -таъмини  саривақтии буҷети давлатӣ ва кам кардани  ҳаҷми  бақияпулиҳои  андозӣ;

      Раёсати  молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия  бо мақсади татбиқи   «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ»,  такмили низоми ғайринакдии  пардохтҳо дар муносибатҳои молиявӣ  ҷиҳати иҷрои Стратегияи  идоракунии  молиявии давлатӣ  бо ташкилоту муассисаҳо амалиётҳои молиявиро тавассути барномаи   SGB/net, ки барои  таҳияи сифатноки маблағҳои буҷетӣ равона гардидааст, амалӣ менамояд.

        Шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида,  ба мақсади татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2030  ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якуми соли 2021-2025»  дар муассисаҳои таълимӣ корбарӣ менамояд.  Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ барои  пардохти маблағи китобҳои дарсии иҷоравӣ бо хонандагон корбарӣ намуда,  волидайни хонандагон маблағи китобҳои дарсиро тариқи ғайринақдӣ ба суратҳисоби китобҳои иҷоравӣ дар КВД   Филиали №21 БДА  «Амонатбонк»  пардохт менамоянд.

       Дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ноҳия вобаста ба татбиқи Стратегия корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, то айни ҳол ягон ҳолати коррупсионӣ мушоҳида нагардидааст.

        Ба мақсади дарки аҳолӣ аз хавфҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дар моҳномаи ноҳиявӣ «Мавҷи хингоб» мақолаҳо ба нашр мерасанд.

          Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки минбаъд ҷиҳати татбиқи ҳамаҷонибаи «  Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва ислоҳи камбудиҳо  дар ташкилоту  муассисаҳои ноҳия чораҳои дахлдорро  амалӣ намояд.

                                                                                       Абдулҳаким САИДОВ,

                                                                                      мудири шуъбаи умумии

                                                                                      мақомоти иҷроияи

                                                                                       ҳокимияти давлатии ноҳия