Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ягон давлати мусулмоннишин набояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд дошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби “хилофати ягонаи исломӣ” дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи “хилофат” бе чуну чаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. Ҳамин тавр, ифротгароён ҳеҷ гуна давлати мустақил ва истиқлолияти давлатҳои мусулмониро эътироф накарда, ҳамаи онҳоро дар таркиби “хилофат”-и худ маҳв менамоянд.
Имрӯз шаҳрвандоне, ки ба сафи гурӯҳ ва ҳизбу ҳаркатҳои ифротгарои динӣ ҳамроҳ мешаванд, илова бар ҷинояткор будан, хоинони ватан ва миллат ҳисобида мешаванд. Аз ҷумла, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии худ аз 26-уми июли соли 2015 дар бораи ин гуна шахсон чунин мегӯянд: “Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо аз ин амали нангини фарзандонашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзандони онҳо ҳам ба Ватан – модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан – модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад.”
Шояд дар зеҳни касе ин савол ба вуҷуд ояд, ки чӣ гуна онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ пайвастаанд, хоинони ватану миллат номидан мумкин аст? Таркиби ҷинояти онҳо чун хоини ватану миллат дар чист?
Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои гурӯҳҳои ифротӣ аз байн бурдани давлатҳои мустақил дар минтақаи мо, аз ҷумла, аз байн бурдани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Онҳо ин нияти худро расман эълон карда, сарзамини кишвари моро ҳамчун як ноҳияи хурду гумноми “хилофат”-и худ пешбинӣ мекунанд. Дар харитаи сиёсии “хилофат”, ки онҳо таҳия карда, дар расонаҳо расман паҳн кардаанд, давлате бо номи Тоҷикистон умуман, вуҷуд надорад. Илова бар ин, онҳо ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил буда, нисбати онҳо нафрати беандоза доранд. Хулоса, омадани онҳо ба маънои аз байн рафтани давлати мустақили мо, нобудии таъриху фарҳанги мо ва нобудии миллати мо мебошад! Пас, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ҳамроҳ мешавад, бевосита дар мақсадҳои шуми онҳо ва дар фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик мегардад. Яъне, ин шаҳрванд барои аз байн бурдани давлати худ ва барои нобуд сохтани миллати худ ҳамроҳ бо ифротиён меҷангад, барои амалӣ шудани ин мақсади онҳо ба онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамин тавр, ӯ дар муқобили давлати худ, бар зидди ватани худ ва дар душманӣ бо миллати худ қарор мегирад. Ҳамин тавр, ӯ хоини ватан ва хоини миллат мешавад!
Имрӯзҳо аз шабакаҳои хабарӣ метавон дид, ки миллионҳо мардуми мусулмони кишварҳои Ироқ, Сурия, Яман, Либия ва ғайра, ки шаҳру деҳоташон аз тарафи гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ишғол шудааст, чун пеш-пеши сели оташ ва ё бемории марговари вабо гурӯҳ-гурӯҳ молу мулк ва хонаву кишварҳои худро тарк карда, худро ба баҳру дарёҳо мезананд ва ба сӯи Аврупо мегурезанд, то ба зери ҳокимияти золимона ва даҳшатбори ифротгароёни нави динӣ намонанд.
Ифротгароёни навпайдои динӣ худи мазҳабро ҳамчун чорчӯби пайравӣ аз ислом эътироф накарда, пайравӣ аз мазҳабро “бидъат” меҳисобанд. Онҳо фақат худашонро пайравони воқеии ислом дониста, тамоми ибодатҳоеро, ки мусулмонон дар доираи мазҳабҳо анҷом медиҳанд, қабул нашуморида, танҳо эътиқод ба тарзи салафигию такфирии диндориро дуруст медонанд.
Онҳо фақат фаҳмиши худро “исломи ноб” дониста, ҳамаи фаҳмишҳои дигарро инкор мекунанд. Пайравони мавҷи нави ифротгароён, яъне пайравони гурӯҳи ифротии “Давлати исломӣ” бошад, ғайр аз худашон тамоми мусулмонони ҷаҳон, ҳатто уламои исломии маъруфи оламро “кофир” эълон карда, қатли онҳоро барои худ раво медонанд ва ғорат карда гирифтани моликият ва зану фарзанди онҳоро барои худ дуруст мешуморанд.
Ин ҷо низ бояд пурсид, ки чунин фаҳмиш ва ақидаи ифротгароёни навбаромади динӣ аз назари амалӣ барои мо, барои Тоҷикистони мо ва барои мардуми мо чӣ маъно ва чӣ хатар дорад? Дар ин маврид бояд ба нуктаҳои зерин таваҷҷуҳ намоем:
Нуктаи якум: Даъвои “исломи ҳақиқӣ” кардан ва мазҳабҳои исломиро рад кардани ифротгароён ягон асос надорад.
Яъне, пеш аз ҳама, бояд диққат кард, ки худро “пайравони ҳақиқии ислом” ва намояндагони “исломи ноб” номидани ифротгароёни динии навбаромад як дом ё фиреби навбатии онҳо мебошад, ки мехоҳанд ба ин восита мусулмонони зудбоварро ба тарафи худ ҷалб намоянд. Зеро таълимоти исломӣ дар тӯли таърихи худ аз тарафи олимони бузурги исломӣ ҳамаҷониба омӯхта шуда, тарзи фаҳмиш ва иҷрои дурусти он аз замони Паёмбар (с) то имрӯз насл ба насл омада расидааст. Хусусан, имомони мазҳабҳои чоргонаи исломӣ ҳар як меъёри таълимоти мазҳабии худро бо меъёрҳои Қуръон ва Суннат ва иҷмои уламо асоснок намудаанд. Сатҳи баланди илмӣ, имону парҳезгорӣ ва заҳмати фидокоронаи онҳо, аз ҷумла Имоми Аъзам – Абӯҳанифаро тамоми таърих ва башарият хуб медонад.
Илова бар ин, аз сабабе, ки дар тӯли беш аз ҳазор соли мавҷудияти ин мазҳабҳо, асосҳои таълимоти онҳо аз тарафи донишмандони бисёр ҷиддию мӯътабари исломӣ борҳо мавриди таҳқиқу бозомӯзӣ қарор гирифтаанд, имрӯз аз назари Қуръону Суннат зери савол бурдани ин мазҳабҳо номумкин буда, хусусан, дар сатҳи ҷомеа ва мардуми оддӣ матраҳ намудани ин масъала як фитнаангезӣ мебошад.
Аз ин рӯ, имрӯз даъвои “исломи ноб” ё ҳақиқӣ кардан ва мазҳабҳои исломиро нодуруст хондани чанд шахси беному беунвон барои ҳеҷ ақли солиме қобили қабул намебошад. Касе, ки андаке саводи динӣ дорад, медонад, ки ин гурӯҳҳои навпайдо дар бораи мазҳабҳои исломӣ ҳатто ҳуқуқи гап задан надоранд. Ин аст, ки мубориза бо ин “вабои аср” натанҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар қишри ҷомеа, вазифаи ҳар шаҳру деҳа, вазифаи ҳар оила ва вазифаи ҳар шаҳрванд мебошад. Ин офат мисли оташи фарогир ва ё сели харобиовар аст, ки агар бо талоши ҳамагонӣ пешаш гирифта нашавад, ҳамаи мо, бе истисно қурбонии он хоҳем шуд. Аз ин рӯ, мубориза бо экстремизму терроризм ба манфиати шахсии ҳар яки мо, ифодагар ва ҳимоягари манфиати ҳар яки мо мебошад.
Ин аст, ки бояд тамоми мардум дар ин мубориза муттаҳид шаванд ва натанҳо наҷоти давлату миллат, балки наҷоти худ, оилаи худ ва зану фарзанди худро таъмин намоянд. Мубориза бо ифротгароӣ ва гурӯҳҳои ифротӣ бояд ба кори ҳамаи мардум, ба як муборизаи бузурги умумимиллӣ табдил ёбад. Ва бояд ҳар як шаҳрванд, новобаста аз касбу кор, новобаста аз синну сол ва новобаста аз мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин муборизаи ҳаёту мамот саҳм гузорад.