Бо вуҷуди такомулоти азиме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ касб кард, бо назардошти ваҳдати сартосарӣ, рушди иқтисоди миллӣ, баланд гардидани сатҳи некуаҳволии мардум, воқеӣ шудани армонҳои миллию дину мазҳаб имрӯз масъалаҳои печидае рӯ ба рӯи раъияти кишвар шудаанд, ки басо хатарнок ва мушкилҳал низ мебошанд. Терроризм ва экстремизм аз зумраи ҳамин гуна хатарҳое ҳастанд, ки хӯю хислат ва мазмуну муҳтавои байналмилалӣ доранд, ин падидаҳо ҳатто ба кишварҳое таҳдид мекунанд, ки аз лиҳози рушд ва таъмини сифати баланди зиндагӣ пешрафта мебошанд. Ҳодисаҳои нангине, ки дар як қатор кишварҳои Аврупову Амрико, аз қабили Белгия, Франсия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон рух доданд ва зимни онҳо садҳо нафар шаҳрвандон ҷони хеш талаф доданд, намунаи исботи фикри болоист. Тундгароӣ ва терроризм махсусан дар давраи кунунӣ, вобаста ба амалиёти низомии ҳарбиёни Сурияву Русия дар Ҳалаби Сурия ва амалиёти густурдаи ҳарбиёни Ироқ бо дастгирии ҳавопаймоҳои Амрико ва кишварҳои ба он ҳамроҳ хеле тезутунд шудааст. Ин амалиётҳо азбаски ба сиёсатҳои давлатҳои абарқудрат гароиш ёфтааст, хавфи он аст, ки як қисмате аз ин террористон фирорӣ шуда, дар дигар мамолики бесубот, аз ҷумла дар Афғонистон макон бигиранд. Бе ин ҳам вазъи Афғонистон чандон хуб нест, аз иттилои васоити ахбор чунин манзара равшан мешавад, ки ба ном «Давлати исломӣ», ки аз тарафи душманони Ислом таъсис ёфтааст, дар ин кишвар низ нуфуз пайдо кардааст.

Вобаста ба ин бояд изҳор намоям, ки падидаҳои ба моҳияти дини мубини Ислом манфури терроризм ва экстремизмро бо дин сифати нисбӣ додан чандон дар мафкурапардозии муосир дуруст намеояд, зеро аслан ва дар худии худ ислом ҳеҷ равобите бо қатлу куштор ва даҳшатафкание, ки табиати терорризм дорад ва ҳамчунон нафрату бадбинӣ ва радду инкори ақоиди муътадили пешравро, ки экстремизм дар батн дорад, дини мубини Ислом дар ҳеҷ давру замон надошт ва надорад. Рехтани хуни ноҳақ дар пешгоҳи Парвардигор гуноҳи азим ва амали ҳаром аст, чунонки Қуръони карим ба таври возеҳ ва ошкор мефармояд:
«Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст». (Сураи Нисо, ояти 93).
Ҳадиси шарифи Пайғамбар (с) низ арзиши воло доштани инсонро эълом медорад ва чунин мефармояд:
«Хуни ҳар фарди мусулмоне, ки ба ваҳдоният ва ягонагии Худо ва нубуввати Паёмбари ислом гувоҳӣ медиҳад, ҳалол нест…» (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).
Пас, ин ҳама падидаҳои зиште, ки алъон ҷомеаи башариро ба дард овардааст, реша дар бехабарӣ аз ислом ва ноогоҳӣ аз асосҳои мазҳаб дорад, барои ҷумла бадкирдорон, агар ҷамъи террористон ва тундназаронро бо ҳамин сифат ифода кунем, ислом фақат ба ҳайси рӯйпӯши мафкуравӣ хидмат мекунаду халос.
Муҳаққиқон, албатта, оид ба роҳу усулҳои гароиши ҷавонон ба сафҳои гурӯҳҳои ифротӣ андешаҳо баён доштанд, вале банда мехостам се омили асосии ҷалби ҷавононро ба ин гурӯҳҳо дар мисоли ҷавонони тоҷик баён кунам, ки инҳо омилҳои равонӣ, идеологӣ ва стратегӣ ҳастанд. Ба ақидаи мо, он ҷавононе, ки ба экстремизму терроризм майл доранд, заъфи равонӣ доранд ва маҳз ҳолати равонии шуури онҳо, ки поя бар сабабҳои инфиродӣ дорад, сабаби интихоби сарнавишташон мегардад. Бадбинӣ, ташнаи қасос будан, наёфтани роҳи ҳалли проблемаҳои шахсӣ на фақат барои ҷавонони гумроҳи мо, балки барои аксарияти насли ҷавони хеле дур аз фазои дину диндорӣ низ хос аст.
Омили дуюм ва хеле муассир омили идеологист, ки аҳдофи сиёсии гурӯҳҳои муайянро мушаххас мекунад. Агар барои гурӯҳе фалсафаи сиёсӣ аҳамият пайдо кунад, барои гурӯҳи дуюм – таълимоти динист. Аммо ин на таълимоти асили динӣ, балки шакли таҳрифшудаи он аст, ки мояи онро гӯиё ҳақ будани зӯроварӣ ва куштор ташкил медиҳад. Ниҳоятан, омили сеюм – омили стратегӣ ба шумор меояд, ки маҷмӯи ҳама гуна омилҳои дигар буда, воситаҳои мусолиҳатомези ба даст овардани ҳадафҳои сиёсиро умуман қабул надорад. Аз ин омилҳо, фикр мекунам, барои воқеияти Тоҷикистон омили равонӣ асосӣ ба шумор меравад, зеро аксари ҷавононе, ки гумроҳ шудаанд, гумкардагони мазмуну моҳияти ҳаёт ё ба қавле дигар, хориҷ аз фазлу ҳунару дониш ҳастанд. Барои онҳо дин танҳо ҳамчун ниқоб ва рӯйпӯши мафкуравӣ хизмат мекунад. Модом ки ҷавонон ба ин гурӯҳҳои ифротиву қаттол ба воситаи мубаллиғони дохиливу хориҷӣ дар фурсатҳои кӯтоҳ ҷалб мешаванд, пас омили динии онро чӣ навъ метавон шарҳ дод?
Мубаллиғон махсусан тавассути воситаҳои электронии ахбор, сомонаҳои мухталифи иғвобарангез чунон ҷавононро мағзшӯӣ мекунанд, ки дар андак муддат онҳо тобеи ақидаи ғалат шуда, онҳоеро, ки муқобили афкорашон қарор доранд, дарҳол ба куфр муттаҳам месозанд. Баъди такфир барои онҳо рехтани хуни мусалмонони дигар, оташзании хонадони онҳо, ғулом кардану ба тороҷ бурдани амволи дигарон гӯиё дуруст шумурда мешавад. Таъмини идеологии ин ҷараёнҳои ифротӣ аз нигоҳи диншиносӣ, тафсири нодурусти шаш ояти аввали сураи «Тавба» аз Қуръони маҷид аст, ки ифротиёни исломӣ онҳоро ба нафъи худ шарҳ медиҳанд. Дар ду ояти аввали сураи “Тавба” ибораи “қатъи муомила” ба маънии надодани таъмини кафолати бехатарӣ аз ҷониби мусалмонон барои мушрикон аст, ки бутҳои чӯбини заминиро ба ҳадди Худои ягона боло мебардоштанд.
Намояндагони ин гурӯҳи тундгаро инсонҳои бегуноҳро ба қатл расонида, ба шахсони нотавону заъиф зулму ситам мекунанд. Ҳол он ки Худованди меҳрубон дар сураи “Исро” мефармояд: “Ва макушед нафсеро, ки Худо ҳаром сохтааст, магар ба ҳақ” (“Исро”, ояти 33). Ҳамчунин дар сураи “Шӯро” чунин омадааст: “Ҷуз ин нест, ки роҳи маломат бар он касоне аст, ки ба мардумон зулм мекунанд ва дар замин ноҳақ фасод металабанд; барои ин ҷамоа азоби дарднок аст”. (“Шӯро”, ояти 42).
Мо борҳо дар ин хусус изҳори назар карда будем, ки пӯшиши дигари идеологии гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ба ном давлати исломӣ эълони хилофат аст. Ба эътибори дини мубини Ислом, ҳеҷ шахсе ё ҷамъу гурӯҳе ҳақ надорад бидуни далелҳои шаръӣ ва баргузории Шӯрои мусалмонон хилофат созад ва худро халифа эълон намояд. Эълони хилофат бе иттифоқи аксари кулли мусулмонон ва ризоияти онҳо фитна ба ҳисоб меравад, зеро аксари мусалмонони дигарро, ки бар ин ақида мухолифанд, аз доираи хилофат берун мегузорад. Ин амр мантиқан сабаби ташкили чанд хилофати дигари ба ҳам муқобил мегардад, ки дар интиҳо ба барпо шудани исёну ошӯб ва тафриқаандозии мусалмонон оварда мерасонад. Ғайр аз ин, дар дини мубини Ислом баровардани ҳукми ҷазо бидуни далели шаръӣ ҷоиз нест. Албатта, ҷазо дар Қуръони карим ва аҳодиси набавӣ зикр шудааст ва аз ҷузъиёти воқеии шариати исломӣ ба шумор меравад, аммо ҷазоро бе фаҳму дарки асли масъала ва далелҳои равшану қатъии гунаҳкории муҷрим истифода бурдан ва амалӣ намудан ҳаром шумурда мешавад. Ҳамин тавр, аз нигоҳи меъёрҳои асили шариативу мазҳабӣ ҳама гуна амалҳои гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ даъват барои ҳиҷрат, ҷиҳод ва зулму қатли ошкорои он хилофи шариати Ислом буда, пайравӣ намудан ба ин гурӯҳ комилан ҳаром аст.
Дар ниҳояти калом, барои ҷилавгирӣ аз шомилшавии ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ баррасии чанд масъаларо зарур медонам:
Аввалан, маҷмӯи тадбирҳоеро бояд дар сатҳи давлатӣ амалӣ кард, ки ақидаву афкори нафратовари ин гурӯҳҳо, махсусан аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон ба ҷомеаи Тоҷикистон ворид нагарданд;
Дигар ин ки илму маорифи динӣ дар ин марҳила таҳаввулот металабад, бояд ҷавонон аз асосҳои мазҳаби ҳанафӣ ва меъёрҳои шаръӣ огоҳӣ ёбанд, то ки зуд ба доми мафкураи терорристиву экстремистӣ гирифтор нагарданд. Барои беҳтар ба роҳ мондани ин кор таъсиси як маркази таҳқиқотие зарур аст, ки ба он намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, Маркази исломшиносӣ, Маркази исломии Тоҷикистон, рӯҳониёни хайрхоҳи мамлакат шомил бошанд. Роҳандозӣ намудани фанҳои таълимӣ оид ба шинохти мазҳаби ҳанафӣ дар мактабҳои миёна ва олӣ дар мубориза ба идеологияи тундгароӣ беҳтарин васила хоҳад буд.
Инчунин бо назардошти он ки ниёз ба таҳсилоти динӣ дар хориҷи кишвар зиёд аст, бо ҳамдастиву ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар минтақа бояд Маркази омӯзишиву таҳқиқӣ таъсис ёбад ва фаъолияти он бояд иборат аз таҳсили илми ҷавонон аз олимони маъруфи минтақа сурат гирад ва ҳам оид ба таҳдиди хатарҳое чун терроризму экстремизми динӣ таҳқиқот бурда шавад.
Ниҳоят, падидаҳои хавфноке чун терроризму экстремизми динӣ муборизаи муттаҳидаро тақозо мекунанд ва ин корро дар маслиҳату машварат бо кишварҳои Осиёи Марказӣ метавон беҳтару муассиртар ба роҳ монд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саидмукаррам Абдуқодирзода