Ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку ва бо худ гирифта гаштани он боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудан ва ҷазо гирифтани падар гардид.
Баъзан бемасъулиятӣ ва ё каммасъулиятии баъзе волидон ба мушоҳида мерасад, ки аксар вақт хонандагон ё ноболиғон даст ба кирдорҳои номатлуб мезананд.
Ин ҳолат зери таъсири як қатор омилҳо ба амал меояд. Вақте ки падару модар ба фарзандони худ таваҷҷуҳи кофӣ намедиҳанд, рафтори онҳоро назорат намекунанд ва онҳоро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ намесозанд, ноболиғон метавонанд зери таъсири муҳити носолим қарор гирифта, ба амалҳои номатлуб, аз қабили дуздӣ, суистифода аз интернет, гапнописандӣ, беэҳтиромӣ ба калонсолон , ё носу сигоркашӣ ва ҳатто ба ҷинояткорӣ рӯ оваранд.
Нақши мактаб ва ҷомеа низ дар ин раванд муҳим аст, аммо агар волидон масъулияти худро эҳсос накунанд, муассисаҳои дигар наметавонанд ҳамаи камбудиро ҷуброн кунанд.
Чанд рӯз қабл, бо қарори суди ноҳияи Сангвор аз 06.10.2025 сол шаҳрванд А.С.Ш. барои он бо моддаи 90 қисми 2 банди 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 15(понздаҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 1125(як ҳазору яксаду бисту панҷ) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд. Ӯ ҳамчун падар талаботи моддаи 16 сархати 17-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро, ки мутобиқи он падару модар уҳдадоранд ба кӯдак, ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамокуро манъ намоянд, инчунин ба гирифта гаштани онҳо роҳ надиҳанд, дағалона вайрон намуда, нисбати таълими фарзанди ноболиғаш С.С.Ш. санаи таваллудаш 07 феврали соли 2007 бемасъулиятӣ зоҳир намудааст. Дар натиҷа хонанда С.С.Ш. аз ин бемасъулиятӣ истифода бурда, ба истеъмоли маҳсулоти тамоку(нос) машғул шуда, онро бо худаш гирифта гаштааст. Падарону модарон ин шабу рӯз каме ҳам бошад, ҳангоми ба мактаб сафарбар намудани фарзандонашон ба сару либос, ҷузвдонҳо, ҷайбҳо, рафти таҳсил, рафтору кирдорҳои онҳо аҳамият намедиҳанд. Хонандагон бошанд, аз ин беназоратӣ истифода бурда, ба ҳар гуна корҳои ношоям даст мезананд, ба дарс бе тайёрӣ ҳозир мешаванд ва бо худашон ҳаргуна маводҳои зарарасонро ба муассисаи таълимӣ меоранд, ки ин таассуфовар мебошад.
Санксияи моддаи 90, қисми 2, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 1125 то 1500 сомониро пешбинӣ намудааст.
Аз як тараф сабаби содир шудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур аз тарафи ҳуқуқвайронкунанда А.С.Ш. ҳамчун падар ин беаҳамиятӣ, бепарвогӣ ва дуруст ҳис накардани масъулият оид ба уҳдадориҳояш мебошад. Аз тарафи дигар, ин аз ҷониби масъулини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таври бояду шояд ба роҳ намондани вохӯриҳою суҳбатҳо, ташвиқу таблиғоти қонунҳои ҷорӣ, аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо хонандагон ва волидайни онҳо ба шумор меравад.
Дар натиҷаи сари вақт наандешидани чораҳои зарурӣ мумкин аст, дар оянда дигар волидайн ин рафторро такрор намоянд ва шояд ноболиғон аз ин бемасъулиятӣ ва беназоратӣ истифода бурда, рафтори ин ноболиғро такрор созанд.
Бинобар ин, падару модарон, нозирони минтақавӣ ва кор бо ноболиғон, инчунин масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро зарур аст, ки дар ин самт фаъол бошанд ва назорату корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.
Бояд таъкид кард, ки тибқи меъёрҳои ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода ва паҳн кардани маводҳои тамоку, аз ҷумла нос, аз ҷониби шахсони ноболиғ манъ карда шудааст. Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ истифодаи чунин маҳсулотро аз тарафи шахсони то синни 18-сола манъ мекунад.
Ноболиғе, ки ба носкашӣ даст мезанад, на танҳо ба саломатии худ зарар мерасонад, балки бо рафтори худ намунаи номатлубе барои ҳамсолонаш мегардад. Инчунин, дар сурати боздошт шудан, мумкин аст волидайни ӯ тибқи моддаҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима шуда, ҳатто дар ҳолатҳои вазнинтар ба муассисаҳои махсуси ислоҳӣ ирсол гарданд.
Аз ин рӯ, воқиф будан аз паёмадҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқии чунин рафтор барои худи наврасон ва махсусан барои волидон муҳим мебошад. Пешгирии чунин кирдорҳо бояд дар муҳити оила оғоз ёбад, ки дар он масъулиятшиносӣ, тарбияи дуруст ва иртиботи самимӣ бо кӯдакон дар ҷои аввал қарор дорад.
Салимзода М.Д.,
Раиси суди ноҳияи Сангвор



