Аз ҷониби кормандони суди ноҳияи Сангвор, мақомоти прокуратура ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ  дар ҳамдастӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ як қатор чорабиниҳои судманд дар ҳудуди панҷ ҷамоати деҳоти Сангвор доир кард  шуданд.  Аз ҷумла, кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия дар ҳайати гурӯҳҳои корӣ дар корхонаҳо, идораву муассисаҳои маркази ноҳия,ҷамоатҳои деҳоти Тавилдара,  Чилдара ,Вахиё,  Заршӯён ва Ваҳдат бо  сокинон мунтазам вохӯрию суҳбатҳо анҷом медиҳанд. Онҳо дар суҳбатҳо бо сокинон шарҳу тафсири меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар тарҳи нав бо тағйироту иловаҳо қабул карда шуданд, инчунин тағйироту иловаҳои ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардидаро расонида, оқибатҳои риоя нашудани меъёрҳои ин қонунҳоро шарҳу эзоҳ медиҳанд.

       Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои аввали истиқлоли  давлатӣ бо роҳи  раъйпурсии  умумихалқӣ  қабул гардидааст.   Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо меъёрҳои инсондӯстонааш  дар қатори беҳтарин конститутсияҳои  ҷаҳон  қарор  дошта,   Тоҷикистонро  дар арсаи байналмилалӣ  ҳамчун  давлати демократӣ,  озоду  мустақил  ва ҳуқуқбунёд  муаррифӣ намудааст.

        Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  санаи 8 июни соли 2007  қабул  гардида,  дар давоми 17 сол ба ин Қонун шаш  маротиба (16-уми  июни соли 2008, 21-уми  июли соли 2010, 30-юми майи соли 2017,  28-уми августи соли 2017, 25-уми июни соли 2021  ва 20-уми июни соли 2024)  тағйиру  иловаҳо ворид  карда  шудааст.

      Ба маврид аст қайд намоям, ки 20-уми июни соли 2024  Қонун дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон  таҳия  ва қабул  гардид.

     Дар таҳрири нав қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар  бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  аз  талаботи сархати сеюми моддаи 14 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  сарчашма  мегирад, ки дар он омадааст:  «Маҳдуд  кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд  танҳо  бо  мақсади  таъмини   ҳуқуқ  ва  озодии  дигарон,  тартиботи ҷамъиятӣ,   ҳимояи сохти конститутсионӣ  ва  тамомияти  арзии ҷумҳурӣ  раво дониста  мешавад».   Инчунин,  ҳангоми таҳияи  Қонун  таклифи  вазорату  идораҳо,   мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатӣ  ва  пешниҳоди  шаҳрвандон  ба  инобат гирифта  шудааст.

      Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи масъулият  барои таълиму  тарбияи кӯдак»  санаи 2  августи  соли 2011  қабул   гардида, муносибатҳоро   оид   ба  масъулият  дар  таълиму  тарбияи  кӯдак  бо мақсади  таълиму  тарбияи кӯдак  дар  руҳияи  инсондӯстӣ,  ифтихори  ватандорӣ,   эҳтиром   ба  арзишҳои  миллӣ,  умумибашарӣ  ва  фарҳангӣ  танзим  намуда,  ба  ҳифзи  ҳуқуқу   манфиатҳои  кӯдак  равона  гардидааст.

     Падару  модаре,  ки  якҷоя  ё  ҷудо  зиндагӣ  мекунанд,  дар  таълиму  тарбияи   кӯдак  ҳуқуқ  ва  ӯҳдадориҳои   баробар   доранд,  ба  истиснои  ҳолатҳое, ки  қонунгузории  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   пешбинӣ  намудааст.

       Тибқи  ин Қонун  барои саҳлангорӣ  дар  тарбияи  насли  наврас   ҷазои маъмурӣ  на  танҳо  барои  падару  модарон  пешбинӣ  мешавад,  балки  нисбати  шахсони  дигар  (масалан,  омӯзгорон)  низ  татбиқ   карда  мешавад.  Нақши  омӯзгорон,  муассисаҳои  таълимӣ  комиссияҳои ҷамъиятӣ,  мақомоти  давлатӣ   ва  худидоракунӣ,  инчунин,  дигар  мақомот  ва  намояндагони   ҷомеаро  дар  тарбияи  фарзанд  пурзӯр  мекунад.

    Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  партави   дастуру   ҳидоятҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати  баланд  бардоштани  сатҳи  маърифатнокии  наврасону  ҷавонон  ва бо  самти  созанда   ба  роҳ  мондани таълиму   тарбия   ва  ҳифзи   ҳуқуқу  озодиҳои  онҳо  як қатор  санадҳои  меъёрию  ҳуқуқиро  ба   тасвиб  расондааст,  ки  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар  бораи  масъулият   дар   таълиму  тарбияи  кӯдак»  яке  аз  онҳо  мебошад.  Қонуни  мазкур  тули  ин  солҳо  дар  самти  кам  кардани  оворагардиву  ҷинояткории  наврасон,  баланд  бардоштани масъулияти  волидон  дар  таълиму  тарбияи фарзандон  нақши  боризе  дорад.  Имрӯз,  бинобар  тағйир  ёфтани  муносибатҳои  ҷамъиятӣ ва эҳтиёҷот  дар  таълиму  тарбияи  кӯдакон,  зарурати  дар  таҳрири нав  қабул  намудани  Қонуни  мазкур  пеш омадааст.

       Ташаббуси  навбатии Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ҷиҳати дар  таҳрири   нав  қабул  намудани  Қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи масъулият  барои таълиму тарбияи  кӯдак» иқдоми бамаврид  ва  саривақтӣ  буда,  дар  ҳалли  як  қатор  мушкилоти  мавҷуда   дар  ин  самт мусоидат  менамояд,  зеро  дар  шароити  феълӣ таълиму  тарбияи  кӯдак  беҳбудиро   тақозо   менамояд.   Бинобар   ин,  тағйироти  болозикр  ва  фароҳам  овардани   заминаи   ҳуқуқӣ  барои  низом  дар  ин  самт  ба  манфиати  ояндаи  миллат  аст.

        Вазифаи  мо - кормандони  мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ,  таъмини амнияти  шаҳрвандон, волоияти  қонун,  ҳифзи ҳуқуқу   озодиҳо ва  ба васила, саҳм гузоштан  дар  пешрафти ҷомеа  аст.  Бинобар  ин,   намояндагони  мақомотҳои  ҳифзи ҳуқуқ  зимни  дидору  мулоқот  бо  сокинон  ҳамин   масъалаҳоро  дар  миён  гузошта, оид  ба  баланд бардоштани  маърифати  ҳуқуқии   аҳолӣ суҳбатҳои  корсозу  зарурӣ  анҷом  медиҳанд.   Маълум  аст,  ки  ба гуруҳҳои  даҳшатафкан,   террористӣ  ва  ифротгароӣ ҳамроҳ  шудани  баъзе  ҷавонон  аз камсаводӣ, надонистани  қонун  ва дигар  омилҳо ба амал меояд.  Бинобар  ин , роҳи муассири  пешгирӣ  аз  чунин  раванди  номатлуб  метавонад   дар   таълиму  тарбияи  дурусти фарзандон бошад.  Табиист,  ки  барои  расидан   ба  ин  ҳадаф  омӯзгорон  ва  падару  модарон  бояд  донишҳои зарурии  ҳуқуқӣ  дошта  бошанд, ки мутассифона,  дар бисёр  ҳолат  чунин  нест.  Баъзе  волидайн,   алалхусус, дар  деҳот  маърифати  ҳуқуқии  кофӣ  надоранд ва  ба  тақдири  фарзандон  беэътиноӣ зоҳир  карда,  таълиму  тарбияро  танҳо  вазифаи омӯзгорон  медонанд.  Бинобар  ин,  донистани  мазмуну  муҳтавои  меъёрҳои  Конститутсия   ва дигар меъёрҳои қонунгузорӣ  заминаи  асосии  таҳкими маърифати ҳуқуқӣ ва тавсеаи  донишҳои ҳуқуқӣ  аст.  Қонунсолор   будан,  кафолати  зиндагии  шоиста  ва  орому  осуда  мебошад,  ки  пеш  аз  ҳама,  риояи  дақиқи  қонунҳои миллӣ - Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи  масъулият  барои таълиму тарбияи  кӯдак»  ва Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи танзими ҷашну  маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тақозо  мешаванд,  ки  мо  дар  ин самт  корҳои  фаҳмондадиҳиро  анҷом дода  истодаем.   Надонистани  Қонун  ва хилофи  он амал  кардан  касро аз ҷавобгарӣ озод  намекунад.  Магар  беҳтар  он  нест,  ки  талаботи   Қонун  пурра  риоя  гардад  ва   аз  ҷавобгариву   ҷаримасупорӣ  озод  бошанд.