Ватан, меҳан, зодгоҳ, албатта, калимаҳои муқаддасанд, ки барои тамоми мардуми ҷаҳон азиз аст. Ин калимаҳоро ҷомеаи инсонӣ зимни иҷтимоишавии хеш аз калонсолон меомӯзад. Мазмун ва моҳияти ин калимаҳо тавассути шеърҳо, сурудҳо, асарҳо ва дигар унсурҳои эҷодӣ дар ҳиссиёти ахлоқии насли нав маншаъ мегирад.
     Қайд, кардан бамаврид аст, ки саргузашти инсониятро зиддиятҳо, муноқишаҳо ва ҷангҳо ҳамроҳӣ намудаанд. Бахсус дар заминаи ин падидаи манфӣ чандин давлатҳо, халқҳо ва тамаддунҳо аз байн рафта, аксари ҷангҳо боиси харобиҳои зиёд ва монеи рушд гардидаанд. Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем, мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулх аст, амонию баракат низ он ҷост.
     Дар замони муосир бо дарназардошти омили ғоявӣ, хатари аслиҳаи қатли ом ва шиддати бархурдҳои тамаддунӣ, миллӣ ва мазҳабӣ хатари ҷангҳо ба маротиб боло рафта метавонад заминаи аз байн рафтани тамоми дастовардҳои касбнамудаи инсоният гардад. Маҳз дар ҳамин лаҳзаи ҳассос ва мураккаб барои таърихи инсоният нақши шахсиятҳои пешво, муттаҳидкунандаи халқ ва рисолати сулҳхоҳӣ боло меравад.

       Дар таърихи халқи тоҷик баъди садсолаҳои надоштани давлати миллӣ бо касби истиқлолият зимни таҳрики қувваҳои хориҷӣ, манфиатҷӯйии баъзе гурӯҳҳои дохилӣ ва дар заминаи падидаи манфури маҳалгароӣ ҷанги шаҳрвандӣ сар зад, ки метавонист на танҳо боиси харобӣ ва талафоти зиёд, балки омили нобудии миллат ва нест шудани давлати миллии тоҷикон аз харитаи сиёсии олам гардад. Ба бахти мардуми тоҷик дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ба сари қудрат омад, ки кори худро аз сулҳ оғоз карда, ба мардуми азияткашидаи кишвар суботу оромӣ овард.
Албатта, бояд қайд намуд, ки аввалин қадамҳои Пешвои муаззами миллат дар он давра ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ ин даъвати вакилони мардумӣ ба муттаҳидӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи манфиатҳои миллату давлат ва боло гузоштани ин арзишҳо аз ҳама гуна манфиатҳои гурӯҳиву маҳаллӣ буд. Дар нахустин савганде, ки ба ҳайси роҳбари давлат ёд карда буданд, гуфтанд, ки «... кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо ҳама ёру бардодар бошем, то ки вазъиятро ором намоем...». Бо ҳамин ниятҳои сулҳхоҳона ва инсондӯстона Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти кории худ шурӯъ намуданд. Маҳз дар ҳамин ҷаласа шакли идораи президентӣ мувақатан боз дошта шуда, аз ҷониби вакилон шакли идораи ҷумҳурии парламентӣ дастгирӣ гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи аввали ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан самти минбаъдаи фаъолияти парлумонро ҳамчун мақомоти созандаву ваҳдатофар ва манбаи қабули қонунҳои дар ҳақиқат ифодакунандаи иродаи халқ мушаххас намуданд.
     Тавре ки дар мавзуи хеш атрофи ҳиссиёти ватандӯстӣ ва хештаншиносии ҷавонон баён гардида буд, табиист, ки ин унсур яке аз арзишмандтарин эҳсосоти инсонанд, ки дар ташаккули шахсияти ҳар як фард ва якпорчагии миллат нақши муҳиму асолатбахш доранд.
      Ватандӯстӣ эҳсоси гарму самимист нисбат ба Ватан, ба замине, ки инсон дар он таваллуд ёфтааст, ба мардумаш, таъриху фарҳангаш. Ватандӯстӣ на танҳо дар сухан, балки дар амалу рафтор зоҳир мешавад яъне:
* арҷгузорӣ ба қонун ва тартиботи давлатӣ;
* ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ;
* шуҷоат ва масъулият дар хизмати Ватан;
* мусоидат ба рушду пешрафти ҷомеа.
      Хештаншиносӣ маънои онро дорад, ки инсон худ решаҳои таърихию фарҳангӣ, забон, урфу одат ва арзишҳои миллиро мешиносад ва онҳоро гиромӣ медорад. Ин эҳсосоти зеринро фаро мегирад:
* ифтихор аз гузашта ва таърихи миллат;
* ҳифз ва рушд додани забони модарӣ;
* шинохтани нақши шахс дар ҷомеа ва таъмини масъулиятшиносӣ;
* талош барои рушди маънавӣ ва фикрӣ.
       Албатта, бояд қайд намуд, ки чунин хусусият ва хислатҳои неки инсониро дар ҷабҳаи ҳиссиёти ватандӯстию хештаншиносӣ дар симои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем. Чунки ӯ бо ҷоннисориҳои хеш собит сохт, ки ҳамчун як идеали ҳамешагии насли миллати тоҷик ҳамеша боқи бимонад. Бояд қайд намуд, ки ин идеали ҳамешагии ҷавонон ва ин роҳнамои сулҳофар аз рӯзҳои аввал ду арзиши бунёдии бақои миллат– сулҳ ва ҳифзи истиқлол асоси фаъолияти Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, заминаи оғози равнади музокироти сулҳи тоҷикон, паси сар намудани марҳилаҳои мураккаби истиқрори сулҳ, ваҳдати миллӣ ва инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон гардид.
        Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи бунёди ҳиссиёти ватандӯстии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ба як мақоми муайяне расид. Роҳбари сатҳи баланди миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Созмони Милали Муттаҳид чандин ташаббуси байналмилалиро доир намуд, ки ин дар тарғиби ҷаҳонишавии арзишҳои миллӣ нақши хосса дошт. Ҳамин буд, ки Мудири кулли СММ Кофи Аннан дастовардҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дида, ҳайрон шуд ва гуфт: "Тоҷикистон дар ҳалли ихтилофоти дохилӣ ба бисёр кишварҳо намунаи хубе нишон додааст: мо инро саҳми Тоҷикистон дар ҳалли масоили мусолиматомез мешуморем." Албатта, баёни чунин нуқтаи назар аз диди роҳбари як созмони ягонаи байналмилалӣ ин эътироф намудани арзишҳои миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳон мебошад, ки чунин ҷаҳонишавии арзишҳои миллӣ доманадор буда, ҳамаи онҳо меҳвари ташаккулдиҳандаи тарбияи ватандӯстию хештаншиносии ҷавонон буда, заминаи асосии он бунёдгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат мебошад.
          Хулоса, ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу вахдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу вахдат пойдор аст, ҳеҷ гоҳ осебе намерасад. Имрӯз бо ифтихор кайд мекунам, ки ваҳдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулхофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷаҳон омӯхта истодаанд.