Рӯзи 16 октябр, дар саҳни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор,  Ҷашни  Меҳргон,  ки яке аз ҷашнҳои бостонӣ ва миллии мардуми тоҷик аст, бо шукуҳи тоза таҷлил гардид.

Ба ин муносибат дар саҳн ва майдони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҳфили бошукӯҳи фарҳангӣ ва намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ташкил шуда, ҳосилоту дастранҷи деҳқонон ҳамчун рамзи баракату фаровонии сол ба маърази тамошо гузошта шуданд. Инчунин ярмаркаи идона, ки бо иштироки васеи хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорон ва ниҳодҳои марбута баргузор гардид, фазои идонаро боз ҳам зеботар сохт.

Дар ин ҷашни миллии анъанавӣ, кормандони корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва тандурустӣ, ҳамчунин намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Муовини аввали раиси ноҳия, Муҳаммадизода Муҳамадсолеҳ, зимни расонидани паёми табрикии раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат, таъкид дошт, ки Меҳргон яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми тоҷик буда, имрӯз ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дубора ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кардааст.

Меҳргон на танҳо ҷашни деҳқон, балки таҷассумгари арҷгузорӣ ба меҳнат, покизагии ният ва шукргузорӣ аз неъматҳои табиат мебошад. Дар суханрониаш қайд гардид, ки мардуми заҳматкаш ва меҳнатқарини ноҳия имсол низ, новобаста аз мушкилоти обу ҳаво, бо дастовардҳои назаррасу ҳосили фаровон ба ин ҷашни суннатӣ ворид гаштанд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки таҷлили Меҳргон бояд на танҳо ба сифати як суннати фарҳангӣ, балки ҳамчун василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва гиромидошти заҳмати мардум истифода гардад.

Баъд аз суханронӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангии бахшида ба Меҳргон ва ҷашни меҳнати деҳқон доир гардиданд...