Имрӯз, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, ба ифтихори Рӯзи забон тоҷикӣ, ҳамоиши маърифатӣ таҳти унвони «Забони модарӣ - мероси ҷовидонаи миллат» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони тамоми муассисаю ташкилотҳо, омӯзгорону хонандагон ва донишҷӯёни Коллеҷи тиббии ноҳия иштирок карданд.

Конференсияро муовини аввали раиси ноҳия Муҳаммадзода Муҳамадсолеҳ ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки забони тоҷикӣ на танҳо воситаи муошират, балки рукни муҳимми ҳувияти миллӣ ва асоси давлатдорист. Ӯ иброз дошт, ки арҷгузорӣ ба забон, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва асолати миллист.

Сипас, Темур Қурбонзода,  раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор,  идома дод, ки  забон нишонаи ҳастии миллат аст ва ҳар қавме, ки забони худро аз даст диҳад, худ низ зери хатар қарор мегирад.

Нахтути Алиева — сармуҳаррири нашрияи “Мавҷи Ҳингоб”, баромад намуда, таърихи пурпечутоби забони тоҷикиро ёдовар шуд ва гуфт: “Забони мо дар аллаи модар, дар суруди шоирон, дар фарёди фалаксароён, дар ҳар байти рӯҳнавози Рӯдакиву Фирдавсӣ зинда монда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин забон замина ва шукӯҳи тоза  бахшида,  ба  он маќоми давлатї доданд. ”

Ҳамчунин Мӯҳаё Раҳимова — котиби ҷамоати деҳоти Тавилдара, суханронӣ намуда, аз “Шоҳнома”-и безавол чун пояи забони тоҷикӣ ёдовар шуд ва забонро мероси азиме номид, ки бояд ба наслҳои оянда дар шакли асили он расонида шавад.

Дар ҷараёни конференсия порчаҳое аз суханони илҳомбахши адибону мутафаккирон, шахсиятҳои таърихӣ ва шеърњои шоирон аз љониби хонандагони мактаби раќами 1-и ноњия ќироат гардид.

Ҳамзамон, таъкид шуд, ки эҳтироми забон баробар бо эҳтироми ватан, миллат ва модар аст. Он касе, ки ба забони худ арҷ мегузорад, худшинос аст, бедор аст ва ба фарҳанги ниёгон эҳтиром мегузорад.

Дар оҳоз ва анҷоми конференсия Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод, ки бозгӯйи муҳаббат ва ифтихори миллӣ буд.

Рӯзи забон муборак бод!

Наҳтутӣ Алиева