Ё ифротгароён марзҳои фаъолияти худро васеъ ва усули корашонро тағйир медиҳанд...

Имрӯзҳо агар ба пойгоҳҳои иттилоотиву майдони шабакаҳои иҷтимоӣ зеҳн монем, гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ талош доранд марзҳои фаъолияти худро васеътар созанд. Вале на мисли пешин ошкортар. Балки ҳар лаҳза идеологияву усули кори хешро тағйир медиҳанд. Онҳо дигар мисли пешина амал намекунанд, роҳи муборизаи худро иваз карда, бештар ба воситаи омӯзиши забонҳо, истифодаи технология, таблиғи фикрҳои пинҳонӣ ва идеологияи қудратдор мехоҳанд ҷавононро ба худ ҷалб намоянд.

Ҳадафи чунин гурӯҳҳо аз аввал равшан аст, онҳо мехоҳанд ҷавононро аз ҷомеаи худ ҷудо карда, бар зидди кишварҳои хурд ва миллатҳои осоишта истифода баранд. Барои ноил шудан ба ин нияти хатарнок, онҳо мунтазам усулҳои кор, роҳҳои иртибот ва шаклҳои таъсиргузории худро тағйир медиҳанд, то дар ҳар давра бо роҳи нав ба ақлу андешаи ҷавонон роҳ ёбанд.

Ҷавононе, ки дар ҷустуҷӯи ҷойгоҳи худ дар ҷомеа ҳастанд, бештар ба чунин домҳо гирифтор мешаванд, агар худшиносии миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва дониши дуруст надошта бошанд. Барои ҳамин, ҷомеа, оила ва мактаб бояд ҳамеша омода бошанд, ки ҷавононро огоҳ созанд, ба онҳо роҳнамоӣ диҳанд ва таълим диҳанд, ки душмани воқеӣ ҳамон касест, ки аз оянда ва оромии миллатамон моро  метарсонад.

Бояд таъкид кард, ки пешгирӣ аз ифротгароӣ танҳо бо огоҳӣ, худшиносӣ, таҳсил ва ваҳдати ҷомеа имконпазир аст. Ҷавоне, ки ватани худро дӯст медорад ва арзиши осоиштагиро мефаҳмад, ҳеҷ гоҳ ба дасти ақидаҳои бегона ва хатарнок намеафтад.

Ба ёд биоред, дар солҳои 90-ум Тоҷикистон бо марҳалаи пуртазоди таърихӣ рӯ ба рӯ шуд. Душманони миллат кӯшиш карданд, ки ваҳдати мардум ва субботи кишварро халалдор созанд. Дар ин давра баъзе ҷавонон, аз рӯи зудбоварӣ ё надонистани таърих ва ҳадафҳои воқеӣ, ба амалҳои хато ва ношоиста роҳ ёфтанд.

Ҳамчунин, баъзе калонсолон аз соддагӣ ё беандешагӣ имконият доданд, ки гурӯҳҳои манфиатдор дар ҷомеа таъсир расонанд.  Таҷрибаи солҳои 90-ум ба мо нишон дод, ки ҷавонон бояд таърих ва арзишҳои миллиро хуб омӯзанд. Таърих моро огоҳ мекунад, ки ҳар нафар бояд огоҳ ва масъул бошад, то аз таъсири гурӯҳҳои манфиатдор эмин монад.

Имрӯз низ дида мешавад, ки баъзе ҷавонон ба идеологияи ифротгароёну террористон бовар карда, худро ба роҳи хато медароранд. Онҳо ба даст тиру камон мегиранд ва худро дар рӯбарӯи миллати хеш қарор медиҳанд. Аз ҳар гӯшаи ҷаҳон паём мефиристанд ва тавассути ҳаммиллатон ё манфиатхоҳон кӯшиш мекунанд ба ин миллат зарар расонанд.

Ин ҳолат нишон медиҳад, ки ҳар фарди ҷомеа,  хусусан ҷавонон бояд огоҳ ва худшинос бошанд.

Бояд бо таъкид ёдовар шуд, ки Ватан як дунёест, ки моро танҳо ва танҳо  замини ҳамин Ватан дар худ меғунҷонад.  Ватан  таърих, фарҳанг, забон, арзиш ва ормонҳои ниёгон аст. Ҳар нафар, ки онҳоро эҳтиром намекунад ва ба қавму миллат бетафовут аст, худбохта асту роҳгумзада.

Ҳайфи он ҷавоне, ки миллати хешро аз дур санг мезанад,  Ватану сарзамин ва таърихаш барои ӯ ягон арзиш надоранд.

Имрӯз дар ҷаҳони муосир расонаҳои гуногун,  телевизион, интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма нақши муҳим дар тарбияи маънавӣ ва фарҳангии ҷомеа мебозанд. Аммо, на барои ҳама, барои онҳое, ки зеҳн ва мафкураи онҳо аз шинохти миллату ватани хеш холӣ аст, ин воситаҳо қобилияти таъсири манфӣ расонидан доранд.  

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки баъзан ҷавонон ва ҳатто насли наврас аз рӯи таъсири нодуруст ё нобоварии ахбор рафторҳои ношоиста намуда, аз ҳадди хеш мегузаранд. Ин метавонад дар шакли омодагӣ ба амалҳои ифротӣ, даъват ба зӯроварӣ, қабул кардани одатҳои бад ё нодида гирифтани арзишҳои миллӣ ва оилавӣ зоҳир шавад.

Ҷавонон бояд тавонанд байни маълумоти дуруст ва таъсирҳои манфӣ фарқ гузоранд, баҳогузорӣ кунанд ва худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро нигоҳ доранд. Зеро, расонаҳо метавонад ҳам василаи омӯзиш ва ташаккули фикри солим ва ҳам сабаби рафтори нодуруст шаванд.

Ҳар фарди ҷомеа, падару модарон ва омӯзгорон вазифадоранд, ки маърифати миллӣ, огоҳӣ аз хатарҳои идеологӣ ва муҳаббати ҳақиқӣ ба Ватанро дар қалби наврасон ҷой кунанд.

Ҳар як ҷавон бояд бидонад, ки худшиносӣ, эҳтироми миллат ва ваҳдати миллӣ қувват ва ҳимояи воқеии ҳар кишвар аст. Ба ҷойи даъват ба амалҳои хатарнок ё пайравӣ аз идеологияҳои ифротӣ, онҳо бояд роҳи созандагӣ ва ободкориро интихоб кунанд ва барои пешрафт ва шукуфоии Ватан заҳмат кашанд.

Маҳмадулло Исмонов,

раиси дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор