«Зоҳирпараситиву исрофкорӣ ва риояи ноогоҳонаи анъана ва расму оинҳои ҳалқиву динӣ дар навбати худ сади роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

     Дар ҷомеаҳои муосир, маросимҳо ва расму оинҳои миллӣ ва динӣ қисми муҳими фарҳанг ва ҳувияти мардум мебошанд. Вале бисёре аз ин маросимҳо ва расмҳо бо гузашти марҳилаҳо  ба як манбаи хароҷоти ѓайриихтиёрӣ ва зиёдатӣ табдил ёфтаанд, ки метавонанд ба иқтисоди кишвар ва муҳити зист осеб расонанд. Барои ҳалли ин мушкилот, Парлумони кишвар чанд сол қабл Қонунеро таҳия ва рӯи кор овард, ки ин оину расмҳо ба як низоми муайян ва муташаккил ворид шуданд. Аммо, мутаассифона ҳастанд нафароне, ки нисбат ба қонун беэҳтиромӣ зоҳир карда, худнамоиро аз иқтисодиёти хонаводагӣ боло мегузоранд.

      Бояд тазаккур дод, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳрири нав ба вуқӯъ пайваст, воқеан дар таърихи қонунгузории миллии кишвар як падидаи наву бемисл ва хотирмон буда, аз иқдоми навбатии мамлакати тозаистиқлоли  мо дар бунёи ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқӣ  башорат медиҳад, ки заминаи  онро арзишҳои диннӣ ва миллӣ ташкил медиҳанд. 

      Сокинони мамлакат хуб дарк кардаанд, ки  маҳз риояи қонуни мазкур барои таъмини пурраи рӯзгори ар як хонавода ва тадриҷан расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар ёрӣ медиҳад.

     Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханрониҳояшон ба мардум ҳамеша  дар бораи риояи қонун ва аҳамияти он ҳушдор медиҳад.

    Чунончӣ: «То расму оин ва маросимҳои  милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву  зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба кабули татбиқи Барномаҳои давлатӣ  ва сарфи маблаѓҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии ахолӣ  ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем»…

     «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро бо дарназардошти  имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем».

       Ҷои таассуф аст, ки ҳанӯз бархе одамон ба зиёдаравиҳое даст мезананд, ки амалашон на танҳо ба онҳо, балки ба тамоми мардум  таъсири бад мегузорад. Агар  шахси ба исрофкорӣ даст зада, аз ҷиҳати молиявӣ зарар бинад, мардуми деҳа ва маҳал  зарбаи маънавӣ мебинанд. Ҳатто дар ҳолати сари вақт  огоҳ нагаридани мақомоти масъул  мардуми мо албатта байни  ҳамдигар мегӯянд: «Фалонӣ обрӯ, вазифа ва одам дошт, маъракаашро бо тамоми ҳастиаш гузаронд, аммо касе эродаш нагирифт, ҷаримааш накарданд. Агар ҳозир як камбаѓал ҳамин корро мекард, феълан масъулину мутасадиёни бисёр рӯ мезаданд….».

      Вале, ин ҷо мехоҳам, ба маълумоти сокинон бирасонам, «Он касе озод аст, ки  ғуломи қонун аст…»

     Зиёдаравӣ ва  хароҷоти номувофиқ, ки на ба манфиати оила, балки ба таъриф ё эътибори шахсӣ  равона мешавад, кори чандон хубе нест. На дар пеши мардумон ва на дар назди қонун. Чаро, иддае аз қонун огоҳанд, аммо дидаву дониста марзи қонунро убур мекунанд? Ин саволест матраҳ!

      Дидаву мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки яке барои  харидани ашёҳои гаронбаҳо, ки эҳтиёҷ  ба онҳо нест, мақсад аз аридорӣ танҳо  намоиш  асту халос, маблаѓ пайдо мекунанд. Барои сарфи беҳуда дар тӯйю маъракаҳо сарфцу харҷи месозанд, ки аз доираи қонун берунанд. Аммо, боиси таассуф аст, ки барои фарзандаш шароити хубе муҳайё намесозад, ки дониши хуб омӯзад. Ё ҳастанд оилаҳое, ки дар як хона чан доила зиндагӣ мекунад, автомашинаи рангу ба ранг мехаранду барои хонаҳояшонро устақил кардан андешае дар сар надоранд.

      Қайд намудан ба маврид аст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои ба мардум фаҳмонидани муҳтавои ин қонун дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҳисоби фаъолон гурӯҳҳои таблиѓотӣ  таъсис додаанд ва дар доираи имкониятҳо  бо сокинони ноҳия суҳбату  вохӯриҳо доир карда шуданд, ки меъёрҳои қонун тавзеҳ ёфтанд.  Дар баробари ин, пайваста ба муқобили вайронкунандагони қонун чораву тадбирҳои лозима андешида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми 2 мои соли 2025 кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати қонуни мазкур дар ҳудуди ноҳияи Сангвор  як адад қонунвайронкуниро, ки аз тарафи сокинони ноҳияи Сангвор, ҷамоати деҳоти Чилдара содир шуда буд, ошкор ва протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноия ирсол намуданд.

Агар афроде  ба рафторҳое даст занад, ки аз меъёрҳои қонунӣ ва ахлоқӣ берун мебошад, чазоҳои ҳуқуқӣ ва нигоҳ доштани тартибот дар ҷомеа муайян мешаванд.

Чунончӣ, ҳуқуқвайронкунанда В. Р. Ю. санаи 30 декабри соли 2024 тахминан соати 11-00 дақиқа бар хилофи талаботи моддаи 16, кисми 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мутобиқи он давомнокии тӯйю маъракаҳо   то се соат муқаррар карда шудааст, амал намуда, дар манзили истиқомотиии худ тӯйи домодии фарзандашро аз соати 11 то 14 бо иштироки 110 нафар меҳмон ва баъдан худи ҳамон  рӯз аз соати 17 то 20 бо иштироки меҳмонон бо оростани дастархони тӯёна,  додани таъом ва тӯҳфаҳо гузаронидааст.

Ҳуқуқвайронкунанда ҳангоми баргузор гардидани мурофиаи сайёри судӣ пурра гуноҳашро ба зима гирфта,  изҳори пӯшаймонӣ намуд ва аз он афсус хӯрд, ки  итоат накардан ба қонун барояш чунин вазъиятро пеш овард.

Агар ҳар як нафар  пеш аз амал дар бораи оқибатҳои қонунвайронкунӣ андешида бошад, эҳтимолан камтар ба роҳи зиёнрасон қада мемонад.  Аз ин рӯ, пеш аз амал кардани ҳар як қадаме, одамон бояд масъулияти амиқи худро дарк кунанд ва маълумотнокии хешро зиёд созанд.

Бубинед, «қаҳрамон»-и мо баъди харҷи зиёд ва вайрон кардани қонун зуд пӯшаймон гашт, ки пӯшаймониҳо суду фоидае надорад.

Зимни санҷишҳо суди ноҳия масъаларо  ҳаматарафа омӯхт ва ҳолатҳои сабуккунандаро  ба инобат гирифта, нисбати ҳуқуквайронкунанда дар доираи санксияи моддаи 481, қисми 3 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷаримаро ба андозаи  220 (дусаду бист) нишондиҳанда барои ҳисобҳо , баробар ба 15 ҳазору 840 сомонӣ ба фоидаи  давлат таъин намуд.

Ин чо, бояд гӯшзад намуд, ки сокинони муҳтарам, хараҷу мараҷи зиёдатӣ ин як рӯз худнамоисту чанд соли дигар пушти маблаѓи сарфшуда, гаштанҳост…. Биёед оқилона андеша кунем, ки туйю сур ва расму оинро дар доираи қонун гузаронем. Зеро, ин сарфу харҷҳо миёни хонаводаро мешиканад. Дар муҳоҷират будани мардҳо сахтиҳо зиёд дорад, ки мо тариқи расона ва дигар пойгоҳҳиттилоотӣ мешунавему ушоҳида мекунем. Пас, худ ва нонбиёрҳои хонаводаро бояд эҳтиром карду  аз доираи қонун набояд бурун ҷаст….

Масъулини ноҳияи Сангвор ҳуқуқвайронкунии мазкурро  барои он манзури хонандагони рузнома гардониданд, ки  дониши ҳуқуқии онҳо  дар ин самт баланд гардад. Зеро, онҳо аз рӯи надонистани қонунҳо  даст ба қонуншиканӣ назананд, ки он боиси зарар дидани иқтисоди оилавиашон гардад.

М.Д. Салимзода, раиси суди ноҳияи Сангвор