Сангвор, 25-уми сентябри соли равон, дар доираи татбиҷи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, дар самти таҳкими корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарбияи ватандӯстӣ миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, хониши сиёсӣ бо иштироки омӯзгорон, хонандагон ва волидони онҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Лангари Боло баргузор гардид.
Ин чорабинӣ дар доираи усули “Мактаб ба мактаб” роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он ҳамоҳангсозии фаъолияти идеологӣ ва таҳкими ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ, ватандӯстӣ, зиракии сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию давлатӣ байни ҷавонон мебошад.
Масъулини бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи кор бо занон ва оила, шуъбаи маориф ва дигар ниҳодҳои дахлдор дар ҳамоҳангӣ бо мақомоти маҳаллӣ дастҷамъона дар ташкил ва баргузории ин хониши сиёсӣ саҳм гузошта, дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тарбияи ахлоқии насли наврас саҳми назаррас гузоштанд.
Дар ҷараёни хониши сиёсӣ масъулони сохторҳои зикршуда оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили:
* пешгирии падидаҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм;
* ҷилавгирӣ аз тақлиди фарҳанги бегона ва ҳодисаҳои худкушӣ;
* пешгирии хариду фурӯши одамон ва муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ;
* баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ;
* ташвиқи хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ;
* пешгирии нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ;
* тарғиби тарзи ҳаёти солим ва таҳкими оилаҳои ҷавон;
* ташвиқи китобхонӣ ва эҳёи фарҳанги мутолиа;
* татбиҷқи амалии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ»
суҳбатҳо анҷом дода, бо мисолҳои равшан муҳтавои масъалаҳоро ба иштирокчиён шарҳ доданд.
Ҳамзамон, таъкид гардид, ки барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як шаҳрванд бояд ҳисси масъулиятшиносиро дар худ боло бурда, дар рушду шукуфоии Ватан саҳми худро гузорад.
Чунин чорабиниҳо бо мақсади таҳкими суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати сиёсию фарҳангии ҷавонон ва ҷалби бештари онҳо ба корҳои ободонию созандагӣ минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.
Нурзода Туйчӣ