Дар замони муосир шабакаҳои ичтимоӣ-интернетӣ ба яке аз сарчашмаҳои асосии иттилоот барои мардум табдил ёфтаанд. Бо вуҷуди он, ки ин шабакаҳо имконияти паҳн кардани маълумотро бо суръати баланд фароҳам меоранд, ҳамзамон боиси паҳн шудани иттилоот ва хабарҳои бардурӯғ низ гаштаанд.
Хабарҳои бардурӯғ-ин маълумоте аст, ки асоси воқеӣ надошта, бо мақсади фиреб додан, таҳрик додани эҳсосот ё таъсир расонидан ба афкори умум мебошад. Ин гуна хабарҳо метавонанд ба оромии ҷомеа, эътибори шахсони алоҳида ва ҳатто ба амнияти миллӣ хатар эҷод кунанд.
Ҷавонон, ки аксарияти корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мешаванд, аксари вақти худро дар ин фазои рақамӣ мегузаронанд. Бо вуҷуди он, ки онҳо бо технология ошно ҳастанд, на ҳамеша тавоноии таҳлили амиқи иттилоот ва ҷудо кардани ҳақиқат аз дурӯғро доранд.
Дидаву мушоҳидаҳо нишон доданд, баъзе ҷавонони гумроҳ аз ноогоҳиву бесаводӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ-интернетӣ ба доми фиреби ифрогароён афтиданд. Онҳо на танҳо риштаи ҷони ҷавони хешро канда карданд, балки наздиконашонро низ ба гирдоби андӯҳ кашиданду ба мотам нишонданд.
Бояд зикр кард, ки яке аз мушкилоти асосӣ набудани саводи расонаӣ дар байни қисми зиёди ҷавонон аст. Онҳо ба хабарҳои бардурӯғ зуд бовар мекунанд.
Бисёре аз хабарҳои ғаразнок, овозаҳо ва маълумоти таҳрифшуда маҳз тавассути ҷавонон дар байни ҷомеа паҳн карда мешавад, ки ин таъсири манфӣ ба афкори омма дорад.
Таҳлилгарону ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки таҷрибаи нокифояи ҷавонон, зеҳни кунду надонистани таъриху нашинохтани тамаддун, зудбоварӣ ва эҳсосотӣ будан онҳо, ба мафкураи осебпазирашон зуд таъсир мерасонад ва онҳо дарҳол фирефта мегарданду пойбанди хабарҳои бардурӯғ. Бояд ҷавонон донанд, ки имрӯз набардҳои иттилоотӣ, муборизаҳои шадиди манфиатхоҳону абарқудратон ба хотири ба нестиву ба шикаст расонидани кишварҳои хурд басуръат идома доранд. Дар ин майдон танҳо онҳое баранда мешаванд, ки худшиносанд, ватандӯстанд, бо силоҳи маърифат мусаллаҳанд. Аз фарҳангу тамаддун ва ватану миллат бо ана ҳамон маърифати баланд дар ин майдони набард меҷанганд. Зеро имрӯз дигар бо силоҳ ҷангидан чандон таъсир надорад. Олимони машҳури ҷаҳон бар ин назаранд, «касе, ки иттилоот дар даст дорад, ҷаҳонро идора мекунад». Аммо, набояд хабарҳо бардурӯг бошанду асоси воқеӣ надошта бошанд.
Зеро имрӯз хабарҳои бардурӯғ ба воситаи «фейк»-ҳо, яъне шахсони номаълум пушти номҳои гуногун дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаву пойгоҳҳои иттилоотӣ босуръат паҳн мешаванд. барои он, ки ҷавонон фиреб нахӯранд, бояд бодиққат бошанд ва чанд шартро дар пеши худ гузоранд. Аввал хабарҳоро аз манбаъҳои муътамад ба даст биёранд. Агар манбаъ машҳур несту пушти номҳои ба қавле номаълум хабарҳо нашр шудаанд, шояд хабар дурӯг бошад. Барои хабарро санҷидан дар чанд сомона ё саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ он хабарро ҷустуҷӯ кунанд . Маврид ба тазаккур аст, ки хабарҳои сарлавҳаҳои тарсонанда ё пур аз эҳсосот доранд, бештар дурӯѓанд.
Дар ҷаҳони пур аз иттилооти дурӯғину беасос, танҳо маърифат метавонад ҷавононро аз гумроҳӣ эмин нигоҳ дорад. Чунки маърифат, ин дониш, фаҳмиш ва қудрати тафаккур аст, ки ба инсон имкон медиҳад ҳақиқатро аз дурӯғ, некро аз бад ва ростро аз каҷ ҷудо намояд.
Ҷавононе, ки маърифат доранд, ба ҳар гуна хабар зуд бовар намекунанд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки маълумотро таҳлил намоянд, манбаи онро бисанҷанд ва дар бораи дурустии он фикр кунанд. Чунин зиракӣ танҳо тавассути омӯзиш, хондан ва рушди тафаккур ба даст меояд.
Ва ин ҷо як нуктаи дигарро бояд гуфт, ки маърифат на танҳо дар муқобили хабарҳои дурӯғу носаҳеҳ, балки дар ҳар ҷабҳаи зиндагӣ ба ҷавонон кӯмак мекунад.
Аз ин хотир бояд ҷавонон дар ин майдони гирудору набарди иттилоотӣ бояд ба таври муассир баҳра баранд, на ин ки дин фурушанду дин харанд ва ё ба гуруҳҳои ифротиву тундрав ҳамроҳ шуда, ба сари миллати хеш хатар эҷод кунанд. Ва ба ин андеша бошанд, ки масъулияти иттилоотӣ низ ҷузъи маърифати шаҳрвандӣ мебошад...
Наҳтутӣ Алиева