Дар ҷаҳони имрӯза ифротгароӣ ва терроризм ба яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин падидаҳо на танҳо ба амнияту суботи давлатҳо таҳдид мекунанд, балки ҳаёти осоиштаи миллионҳо одамонро зери хатар мегузоранд. Террористон  бо истифода аз зӯроварӣ, тарсу ҳарос ва фишори равонӣ кӯшиш мекунанд ба ҳадафҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ё идеологӣ бирасанд.

Ифротгароӣ аксаран аз нофаҳмӣ, камбудии маърифат, ва таъсири таблиғоти ғалат сар мезанад. Гурӯҳҳои ифротӣ ҷавононро бо ваъдаҳои бардурӯғ фиреб дода, онҳоро ба роҳи зӯроварӣ мекашанд. Дар бисёр ҳолатҳо дин ё ақидаҳои дигари нодуруст шарҳ дода шуда, барои сафед кардани амалҳои террористӣ истифода мешаванд.

Бояд донист, ки терроризм ба рушду пешрафти давлатҳо зарари ҷиддӣ мерасонад. Иқтисод заиф мешавад, эътимоди байни мардум коста мегардад ва сулҳу субот халалдор мешавад. Ҳеҷ як дин ё фарҳанг терроризмро дастгирӣ намекунад, зеро он зидди арзишҳои инсондӯстӣ, адолат ва сулҳ аст.

Дар ҳоле, ки вазъияти ҷаҳон рӯз ба рӯз мураккаб ва муташанниҷ мегардад ва ҳатто бисёре аз таҳлилгарон ва сиёсатшиносон пешгӯии дақиқи ояндаи наздикро душвор меҳисобанд, зарур аст, ки мо, мардуми сарбаланди тоҷик, бахусус насли наврасу ҷавон, ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

Имрӯз бархе роҳгумзадаҳои аз Ватан  берун, ки  дар гузашта қадри ин Ватанро надониставу  ба умеди пуштибонии хоҷаҳои хориҷиашон  амал менамоянд, онҳо бо паҳн кардани андешаҳои носолим ва иттилооти ғалат кӯшиш мекунанд, афкори ҷомеаро ба ҷониби худ баранд ва онҳоро ноором созанд. Чунин рафтор на ба манфиати миллат асту на ба суди суботи давлат.

Аммо, ҳамагон медонанд, ки  имкониятҳои онҳо  дар доираи луқмаи онҳост. Ин ҳама гаппароканиву иғвоангезии онҳо бештар ба хотири манфиатҳои шахсӣ сурат мегиранд. Ин гурӯҳҳои террористу экстремист мекӯшанд ҷавонони тоҷикро ба сафи худ ҷалб намоянд, вале дар тӯли солҳои охир дар ин роҳ борҳо ноком шудаанд ва минбаъд низ ноком хоҳанд монд.

Зеро имрӯз, гарчанде насли ҷавон дар баъзе ҳолатҳо осебпазир бошад ҳам, сатҳи огоҳии сиёсӣ ва худшиносии миллии онҳо ба маротиб боло рафтааст. Ҷавонон хуб дарк мекунанд, ки ин гурӯҳҳо бо ниятҳои носолим амал намуда, дар ҳолати саргардонӣ, вобастагӣ ва муҳтоҷӣ қарор доранд ва танҳо барои манфиати шахсӣ ва барои хоҷаҳои хориҷиашон  хизмат мекунанд.

Маҳз ҳамин дарки воқеият ва таҷрибаи солҳои охир боис гардидааст, ки ҷавонони тоҷик ба таблиғоти ифротӣ бовар накарда, роҳи сулҳ, созандагӣ ва хизмати содиқона ба Ватанро интихоб намоянд.

Насли ҷавон имрӯз дигар хуб медонад, ки таърих чист, чӣ гузаштааст ва чӣ бояд барои наслҳои оянда боқӣ монад. Саволе ба миён меояд: солҳои навадуми асри гузашта ҷанги таҳмилиро ба сари миллати мо кӣ овард? Оё маҳз ҳамин гурӯҳҳо набуданд, ки кишварро ба гирдоби низоъ кашида, модаронро доғдор ва бо дасти бародар хуни бародарро рехтанд?

Имрӯз низ даъвату таблиғоти онҳо ҳамон ҳадафи пешинаро дорад, яъне ноором сохтани ҷомеа ва барҳам задани сулҳу субот.

Ин гурӯҳҳои ватанфрӯш  чӣ мехоҳанд, барои аксарият равшан аст, мансаб, қудрат ва манфиатҳои шахсӣ. Аммо таҷрибаи талхи таърих нишон дод, ки чунин ҳадафҳо ҳамеша ба фоҷиаи миллӣ меоранд.

Агар ба 30-35 соли қабл назар афканем, ногузир саволи дигар ба миён меояд: Кӣ миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот дод? Ин савол дар зеҳни ҳар як шаҳрванди боору номуси кишвар чарх мезанад ва посухи он барои ҳамагон равшан аст...

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давраҳои ниҳоят ҳассоси таърихӣ барои наҷоти давлату миллат ҷони худро дареғ надоштанд. Ин фарзанди фарзонаи тоҷик  ба миллати тоҷик ваъда доданд, ки то бозгардонидани охирин гуреза ба Ватан ором нахоҳанд нишаст, ва таърих собит намуд, ки ин ваъда бо амали воқеӣ татбиқ гардид.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон дар ғаму мотами фарзандони худ қарор дошт, иқтисод ва ҷомеа аз ҷанги таҳмилӣ осеб дида буданд, Пешвои миллат бо иродаи қавӣ ва масъулияти бузурги сиёсӣ ҳатто ба минтақаҳои ҷангзада, аз ҷумла Афғонистон, сафар намуданд, то роҳи сулҳ, оштӣ ва наҷоти миллатро пайдо созанд. Он сафарҳо ва талошҳо натиҷа доданд ва кишвар аз вартаи нобудӣ раҳо ёфт.

Имрӯз бошад, бархе аз афроде, ки дар он рӯзҳои сангин барои миллат ҳеҷ хидмате анҷом надодаанд ва танҳо бо ҳангомасозӣ, иғвогарӣ ва паҳн намудани суханони беасос машғуланд, боз даъвои қудрат мекунанд. Аммо таърих фаромӯш намекунад, ки кӣ дар лаҳзаҳои ҳалкунанда масъулият ба дӯш гирифт ва кӣ танҳо тамошобин ё манфиатҷӯ буд.

Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди огоҳ ин аст, ки ҳақиқатро аз дурӯғ ҷудо карда, ба қадри сулҳ, ваҳдат ва роҳбарии хирадмандонаи Президенти маҳбуби халқ  бирасад ва нагузорад, ки таҷрибаи талхи гузашта такрор гардад.

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки касе несту як ватанфурӯш аст,  имрӯз худро ҳамчун журналист, таҳлилгар ва сиёсатшинос муаррифӣ менамояд. Ӯ дар атрофи худ бедонишу роҳгумзадаҳоро ҷамъ намуда,  тавассути барномаҳо ва шабакаҳои иттилоотӣ ба паҳн намудани андешаҳои якҷонибаи дурӯғ машғул аст.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар баромадҳои ӯ саволҳо танҳо дар доираи назари худи ӯ иҷозат дода мешаванд. Ҳар гоҳе ки суол ё андеша бо мавқеи пешниҳодкардаи ӯ мувофиқат накунад, баҳс қатъ мегардад. Ин рафтор нишон медиҳад, ки ҳадаф на мубоҳисаи озод ва ҷустуҷӯи ҳақиқат, балки бор кардани як мавқеи муайян ба шунавандагон мебошад.

Ҳамзамон, фаъолияти чунин афрод аксаран дар доираи супоришҳо ва манфиатҳои хоҷаҳои хориҷӣ сурат мегирад. Маҳз ҳамин вобастагӣ боис мешавад, ки онҳо на ба манфиати воқеии миллат, балки ба иҷрои ҳадафҳои муайяншуда машғул мебошанд. Ҳадафи аслии ин гуна фаъолиятҳо ноором сохтани афкори ҷомеа ва заиф гардондани эътимод ба суботу ваҳдати миллӣ мебошад.

Онҳо чун сагони кӯчаҳои ношинос аккос мезананду мераванд, мо бояд, танҳо шукронаи ободиву озодӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромии ин Ватани азизро ба ҷо оварем ва бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар атрофи Пешвои муаззами миллат пояҳои ваҳдату ҳамдилиро боз ҳам мустаҳкам нигоҳ дорем...

Абдулло Олимзода,

муовини раиси ноҳияи Сангвор