Ифротгароии динӣ ҳамчун тарзи инҳирофи фикрӣ дар дин, дар таърихи тамоми динҳои ҷаҳон ҳамеша ҷой доштаааст. Гоҳо афроди алоҳида ва ҳатто уламои алоҳидаи исломӣ дар фаҳмиши дин ба чунин дидгоҳ ва хулосаҳои тангу ифротӣ гирифтор шуда, тарзи фаҳмиши дигаронро шадидан танқид ва ё тамоман инкор мекарданд.
Аммомасъалаи “гурӯҳҳои ифротгарои динӣ” ё ба истилоҳи маъмулшуда, “гурӯҳҳои ифротгарои идинӣ”, ки имрӯз дар Ховари Миёна ва бахшҳои дигари ҷаҳони ислом паҳншудаанд, бисёр ҷиддитар аз худи падидаи “ифротгароии динӣ” аст.
«Гурӯҳи ифротгароии динӣ» ташкилотест, ки бо иштироки шахсони дорои фаҳмиши тангусахтгиронаи динӣ, барои ҳамоҳанг намудани фаъолиятҳо ва расидан ба мақсадҳои ифротгароёнаашон ташкил карда мешавад. Он шакли фаъолияти муташаккилона ва ҳамоҳангшудаи ифротгароёни динӣ буда, аз тарафи марказ ё роҳбарияти гурӯҳ барномарезӣ ва идора мешавад.
Хусусияти асосии мавҷи муосири ифротгароии динӣ дар он аст, ки тарҳрезони ин гурӯҳҳо бо моҳияти ифротгароии динӣ хубош нобуда, акнун онро ҳамчун силоҳи муборизаи манфиатӣ вориди муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ намудаанд. Ин ҳолат моҳияти масъаларо комилан дигар карда, ифротгароии диниро аз як “маводихом” ба як неруи муташаккили сиёсию ҳарбӣ (1), ба як тӯфони харобиовари иҷтимоӣ (2) ва ба як таҳдиди ҷиддии сиёсию амниятӣ (3) мубаддал сохтааст. Вақте ҳазорон нафар инсонҳои ифротӣ ба таври муташаккил (1) ва зери шиорҳои сиёсишудаи динӣ(2) ба раванди муборизаи сиёсӣ ва қудратӣ (3) кашонида мешаванд, онҳо ба як қувваи калони ваҳшӣ, бераҳм, сӯзанда ва вайронкор табдил мегарданд.
Дар ин раванди муҳандисишуда, барои аз як “маводихом” ба чунин қувваи муташаккили қудратманд табдилёфтани ифротгароён се унсуримуҳим, яъне идея (1), ташкилот (2) ва силоҳу имконот (3) нақши ҳалкунанда мебозанд:
-маъно ва моҳияти “идея” дар он аст, ки бо таблиғу мағзшӯӣ дар зеҳни ифротгароёни динӣ талқин ва барномарезӣ карда мешавад, ки фалоншахс, гурӯҳ, мазҳаб, миллат ё давлат «душман», “фосиқ” ё «кофир» аст ва монеъи иҷрошудани шариат аст ва шумо бояд онро аз байн баред; дар натиҷа барои пайравони қатории гурӯҳҳои ифротгароии динӣ ин фаъолияти ҷангӣ мазмуни динию эътиқодӣ ва маънои муборизаи муқаддас ё “ҷиҳод”-ромегирад;
– маъно ва моҳияти “ташкилот” дар он аст, ки бо иштироки мушовирон ва инструкторҳои марказҳои касбии низомию амниятӣ ифротгароёни динӣ ба таври дақиқ гурӯҳбандӣ ва созмондиҳӣ мешаванд, то ба як ташкилоти муназзами низомию партизанӣ табдилшуда, ин фаъолиятро анҷом дода тавонанд;
– маъно ва моҳияти “силоҳ ва имконот” дар он аст, ки аз тарафи ин марказҳо бо роҳҳои гуногун дар ихтиёри ифротгароёни динӣ имкониятҳои калони молию иттилоотӣ ва силоҳи муосиртарини ҷангӣ гузошта мешаванд, то боистифода аз он муборизаи беамони худро ба роҳ гузоранд.
Ҳамин тавр, бодастёбӣ ба ин се унсур, яъне, идея, ташкилот ва силоҳу имконот, ифротгароёни динӣ аз як тафаккури бумбастӣ ба як артиши воқеӣ табдилшуда, ба фаъолияти сиёсию низомӣ оғоз карда, барои амалӣ шудани мақсадҳои тарроҳони худ истифода мешаванд. Таъсир ё эффекти фаъолияти чунин гурӯҳҳо ба рои татбиқи ҳадафҳои хоҷагони онҳо аз таъсири бомбаҳои атомӣ низ бузургтараст.
Чун моҳияти гурӯҳи ифротгароии динии муосир мушаххас гашт, ҳоло бояд гуфт, ки унсури хушунат ё он рӯҳияи бераҳмонаи ваҳшӣ дар ин гурӯҳҳо аз куҷо сарчашма мегирад?
Тавре ҳангоми тасвири портрети ифротгароён зикршуд, хусусияти дигари ифротгароии динии муосир дар он аст, ки аксарикулли пайравонаш саводи мукаммали динӣ надоранд. Онҳо фақат бо як фаҳмиши маҳдуду зоҳирӣ аз ислом мусаллаҳ буда, аз асли таълимоти исломӣ, аз ҷанбаҳои маънавию рӯҳонӣ ва аз фалсафаю паёмҳои инсонгароёнаи он умуман, баҳраманд нестанд. Ин аст, ки онҳо аз арзишҳои баланде чун тааммулу таҳаммул, некиву накӯкорӣ, тақвою парҳез, раҳму шафқат, озодиву озодагӣ, илму маърифат, фарҳангу маънавият, созандагию ободонӣ ва ғайра, ки ҷавҳари таълимоти исломиро ташкил мекунанд, дурр мебошанд ва рӯҳия ва амали онҳо бештар ба ҳолати хушунату барбарияту ваҳшоният наздикаст. Маҳз ҳамин хусусияти ифротгароёни дини имуосир, яъне аз фарҳангу маърифату маънавиятхолӣ будани онҳо, имконият медиҳад, ки онҳо дар чунин муборизаҳо нақши неруи ваҳшии даҳшат афканро иҷро намоянд. Зеро, табиист, ки инсони дорои савод ва маърифати дурусти динӣ барои анҷоми чунин амалҳо ҳаргиз ҳозир ва қодир нест. Ин ҳолати ҷаҳолати хушунат бори ҷунуномез, дарвоқеъ, унсури чорум ё рӯҳи гурӯҳҳои ифротгарои динии муосирро ташкил мекунад.
Мавҷудияти рӯҳияи ҷунуни ваҳшиёна аз ҳарҷиҳат ба манфиати тарроҳон ва роҳбарони ин гурӯҳҳобуда, он боистифода аз равишҳои навтарини таблиғотӣ ва технологияҳои муосиртарини иттилоотӣ дар байни пайравон тақвият дода мешавад. Зеро, ин ҳолатҳам барои ҳалли манфиатҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ ва ҳамбарои ҳалли масъалаҳои калони глобалие, чун коҳиши эътибори ҷаҳонии мусулмонон, бадномсозии ислом ва ғайраҳо латибисёр муносиб мебошад.
Ҳамин тавр, метавон хулоса гирифт, ки унсурҳои ташаккул диҳандаи гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир пеш аз ҳама чунинанд: набудани саводу маърифати дурусти динӣ (1) + фаҳмиши радикалию хушунатомези меъёрҳои дин (2) + таълимоти сирфан сиёсишудаи исломӣ (3) + таҷриба ва технологияи сиёсии доираҳои манфиатӣ дар созмондеҳӣ ва ҳидояти чунин гурӯҳҳо (4) + манфиатҳои мушаххаси қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ (5) + имкониятҳои бузурги моддӣ, ҳарбӣ ва иттилоотӣ, ки доираҳои манфиатӣ дар ихтиёри ин гурӯҳҳо мегузоранд (6) + истифода аз мушкилоти иҷтимоӣ ва ихтилофҳои фикрии ҷомеаҳои мусулмон нишин (7). Агар таваҷҷуҳ намоем, дар ин таркиб худи дин, маърифату маънавияти динӣ ва фарҳангу арзишҳои воқеии исломӣ, ки дар сарчашмаҳои ислом таълим шудаанд, умуман ҷой надоранд.
Бочунин хусусияту таркиб қароргирифтан дар раванди муборизаи қудративу сиёсӣ гурӯҳҳои ифротгароии диниро аз моҳияти динӣ хориҷ намуда, амалан ба гурӯҳҳои сиёсию идеологию шибҳа низомӣ табдил мекунад. Аз ин рӯ, онҳо дар амал на ҳамчун иттиҳодияҳои динӣ ё ташкилотҳои динӣ, балки ҳамчун гурӯҳҳои сиёсию идеологии нима низомӣ фаъолият менамоянд. Хусусан, дар раванди муборизаи сиёсию қудратӣ хусусиятҳои динии онҳо ба ҳадди минималӣ расида, хусусиятҳои ҳарбию сиёсии онҳо ҳолати таъйин кунанда мегирад: усулҳои фаъолият, сохтори ташкилотӣ ва қонун мандиҳои дохилии идоракунии ин гурӯҳҳо аломатҳои ташкилоти сиёсию ҷиноии шибҳа низомиро касб мекунад.
Ин аст, ки дар дастабандии ҳуқуқӣ гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир бояд на ҳамчун иттиҳодияҳо ё ташкилотҳои динӣ, балки бояд ҳамчун ташкилотҳои сиёсию идеологии нима ҳарбӣ шинохта шаванд, зеро онҳо маҳз чунин хусусият ва моҳият доранд. Аз ин рӯ, ҳангоми муайян кардани сиёсати давлатӣ, муносибати ҳуқуқӣ ва арзёбии ҷамъиятӣ нисбат ба онҳо, маҳз аз ҳамин меъёр истифода намудан зарур мебошад. Пас, гурӯҳҳои ифротгароии динии муосир ташкилотҳое ҳастанд, ки бо барномарезии доираҳои махсуси манфиатдор аз ҳисоби шахсони дорои ҷаҳонбинии ифротии динӣ ташкил шуда, сохтори низомӣ, моҳияти идеологӣ ва ҳадафҳои сиёсию қудратӣ дорад. Онҳо ҳаргиз ташкилотҳои динӣ набуда, барои паҳнкардани арзишҳои динӣ ташкил намешаванд, балки тарроҳони чунин ташкилот шахсони ифротгаро ва тарзи фаҳмиши ифротии онҳоро фақат ҳамчун «маводихом» ва василаи муносиб барои расидан ба мақсадҳои асосии сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятии худ истифода менамояд. Дар навбати худ, пайравони ин гурӯҳҳо зеритаъсири фаҳмиши радикалии худ омодаанд, ки дар роҳи расидан ба мақсади худ аз тамоми воситаҳои истифода намуда, дар ин роҳ ҳамачизро инкор ва маҳв созад. Ин аст, ки чунин гурӯҳҳо ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун неруи тахрибгари сиёсӣ-низомӣ барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд. Пас, мубориза бо онҳо фақат мубориза бо як тарзи ҷаҳонбинӣ нест, балки имрӯз мубориза бо ин «вабои аср» барои давлатҳо, миллатҳо, фарҳангҳо, тамаддунҳо, арзишҳо ва инсонҳо мубориза барои ҳаёт ва мубориза барои бақо мебошад.