Ба истиқболи ҷашни зебои Наврӯз ва бо мақсади гиромидошти суннату ойинҳои аҷдодӣ, имрӯз дар ноҳияи Сангвор чорабинии варзишӣ - гӯштини миллӣ бо иштироки паҳлавонони маҳаллӣ баргузор гардид. Ин мусобиқа дар фазои идона доир шуда, сокинон ва дӯстдорони варзишро ба ҳам овард.
Гӯштини миллӣ ҳамчун яке аз навъҳои қадимаи варзишии мардуми тоҷик аз дер боз дар ҷашнҳои Наврӯзӣ баргузор мегардад ва рамзи қуввату матонат, мардонагӣ ва ваҳдати ҷавонон ба шумор меравад. Дар шароити имрӯза низ эҳё ва рушди ин навъи варзиш на танҳо барои нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ, балки барои тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни насли наврас ва ҷавонон аҳамияти хоса дорад. Маҳз ҳамин суннати неки ниёгон аст, ки Наврӯзро боз ҳам рангоранг ва пурмазмун мегардонад.
Дар мусобиқа паҳлавонони ноҳия бо омодагии баланд ширкат варзида, маҳорати худро дар майдони рақобат нишон доданд. Гирдиҳамоии дӯстдорони гӯштин ва мухлисон фазои гарму самимӣ ба вуҷуд овард. Ҳар як рақобат бо шавқмандӣ ва рӯҳияи баланд сурат гирифта, ҳозирин бо кафкӯбиҳо паҳлавононро дастгирӣ менамуданд. Ин гуна чорабиниҳо ба таҳкими дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо минбаъд низ идома ёфта, барои рушди варзиш ва ҷалби ҷавонон ба машғулиятҳои солим мусоидат хоҳад кард. Ҳамзамон, ин иқдом яке аз роҳҳои муҳими эҳё ва нигоҳдории суннатҳои миллӣ маҳсуб меёбад, ки ба таҳкими худшиносӣ ва ифтихори миллӣ замина мегузорад.
Гузориши Туйчӣ Нурзода



